Додгоҳи олӣ ҳувияти ҳамлагарон ба муфтии Тоҷикистонро ошкор кард

Дар робита ба ҳамла ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, як нафар бо ҷурми терроризму экстремизм ва ду нафари дигар барои шарикӣ ва хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин, равонаи зиндон шудаанд. Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ имрӯз, 13-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ ҳувияти муттаҳамон ва баъзе ҷузъиёти қазияро ошкор кард. Ӯ гуфт, дар […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар робита ба ҳамла ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, як нафар бо ҷурми терроризму экстремизм ва ду нафари дигар барои шарикӣ ва хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин, равонаи зиндон шудаанд.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ имрӯз, 13-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ ҳувияти муттаҳамон ва баъзе ҷузъиёти қазияро ошкор кард.

Ӯ гуфт, дар робита ба ин парванда Муҳаммадрофеъ Иззатуллозода ба 26 сол, шариконаш Муҳаммадҷон Шодихонов ба 13 сол ва Қиёмиддин Файзуллоев ба 2 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Тибқи иттилои ироакардаи Додгоҳи олӣ, Муҳаммарофеъ Иззатуллозода ҳамчун ҳамлагар ба муфтӣ бо моддаҳои 179 қисми 2, бандҳо “а” ва “в” (терроризм аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ аз ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ), 32 қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва 104 қисми 2 (одамкушӣ)ҷазо таъйин шудааст.

Ба Муҳаммадҷон Шодихонов бо моддаҳои 179 қ.2 (терроризм аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) ва 36 қ.5 (шарикони ҷиноят) ва Қиёмиддин Файзуллоев бо моддаи 347 қ.1 (хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин) ҷазо таъйин гардидааст.

Мирзозода шарҳ дод, ки ҳарчанд ҷиноят миёни Иззатуллозода ва Шодихонов пешакӣ маслиҳат шуда буд, вале ҳангоми сӯиқасд аввалӣ танҳо буд, аз ин рӯ ҷазои ӯ бештар аст. 

Ба саволи рӯзноманигорон, ки чӣ гуна ин парванда аз авбошӣ ба экстремизм гузашт, Мирзозода гуфт, ҳангоми тафтишоти пешакӣ маълумоти нав пайдо шуд.

“Аксар вақт парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи дахлдор оғоз мегардад, вале ҳангоми тафтишоти пешакӣ маълум мешавад, ки дар баробари ин ҷиноят, ӯ боз ҷиноятҳои дигар содир намудааст. Масалан, одатан, ҳангоми тафтишот ҳар гуна китобу наворҳо пайдо мешаванд”, – шарҳ дод раиси Додгоҳи олӣ.

Бояд гуфт, ба Саидмукаррам Абдулқодирзода шоми рӯзи 11-уми сентябр, баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо корд ҳамла кард.

Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд ба муфтӣ ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд. Аммо ному насаби он ҷавонро зикр накард.

Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода бо гузашти бештар аз як моҳ, дар ҳоле, ки дар пешониаш осори захм намудор буд, ҳодисаро шарҳ дода, зикр кард, ки “мо намешиносем ӯро, падараш муаллим ва модараш фарроши мактаб будааст”.

“Як гурӯҳ, як маҷмӯа, ҷавонони камсаводи каҷфаҳм. Гӯё, ки хидмати ислом кардаанд. Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳамон одамҳоеро, ки инҳоро даъват кардаанду роҳнамоӣ кардаанду инҳо анҷом додаанду ё ки маблағҳои муайяне ваъда кардаанд, аслан аз пеш надидаанд”,-илова кард раиси Шӯрои уламои кишвар.

Ёдовар мешавем, ки Саидмукаррам Абдулқодирзодаи 61-сола аз моҳи октябри соли 2010 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст ва дар мавъизаҳои худ ҳамеша аз пешгирии ифротгароӣ, фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро нашудани ҷавонон ва шукронаи сулҳу амнияти Тоҷикистон кардани сокинон сухан мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио