“Азия-Плюс” ба ҳуши маснӯӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад ва барои рушди рақамӣ мутахассисонро ҷалб менамояд

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар соли 2025 ба истифодаи васеи технологияҳои муосир ва ҳуши маснӯӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. “Азия-Плюс” ҳуши маснӯиро барои беҳтар кардани кор дар бахшҳои гуногун – аз ҷумла идораи таҳрир, шуъбаи SMM, маркетинг ва фурӯш – истифода хоҳад кард. Барои пиёда кардани ин нақша, “Азия-Плюс” Рустам Гуловро, ки яке аз мутахассисони пешбари […]

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар соли 2025 ба истифодаи васеи технологияҳои муосир ва ҳуши маснӯӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. “Азия-Плюс” ҳуши маснӯиро барои беҳтар кардани кор дар бахшҳои гуногун – аз ҷумла идораи таҳрир, шуъбаи SMM, маркетинг ва фурӯш – истифода хоҳад кард.

Барои пиёда кардани ин нақша, “Азия-Плюс” Рустам Гуловро, ки яке аз мутахассисони пешбари соҳаи расона ва технологияҳои нав дар Тоҷикистон аст, ба кор ҷалб кардааст.

Умед Бобохонов, директори генералии “Азия-Плюс” мегӯяд, ки ҳуши маснӯӣ барои рушди Гурӯҳи расонаҳо имкониятҳои нав медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин технология на танҳо барои пайравӣ аз мӯд, балки барои баланд бардоштани самаранокии кор низ истифода мешавад.

“Муҳаррирон ва рӯзноманигорон бо кӯмаки ҳуши маснӯӣ метавонанд мундариҷаи беҳтар таҳия кунанд. Шуъбаи реклама низ метавонад бозорро дақиқтар таҳлил карда, ба шарикон пешниҳодҳои беҳтари маркетингӣ диҳад”, – мегӯяд Бобохонов.

Дар “Азия-Плюс” аллакай корҳо оид ба истифодаи ҳуши маснӯӣ барои коркарди хабарҳо, таҳрир ва тарҷумаи матнҳо, эҷоди мундариҷаи мултимедиявӣ ва таҳлил идома доранд.

Рустам Гулов мегӯяд, ки ҳуши маснӯӣ ҷойгузини кормандон намешавад, вале метавонад воситаи муфиди корӣ бошад.

“Азия-Плюс” аллакай чанд лоиҳаи озмоиширо оғоз кардааст – масалан, ровии виртуалӣ дар маросими “Tarona Music Awards – 2024” сохта шудааст ва рубрикаи нави “Хабарҳои аудиоӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ санҷида мешавад”, – мисол меорад Рустам Гулов.

Дар оянда “Азия-Плюс” боз ҳам бештар аз имкониятҳои ҳуши маснӯӣ истифода мебарад, то самаранокии кори муҳаррирон, рӯзноманигорон, маркетингҳо ва ҳамкорӣ бо хонандагону шарикони тиҷоратӣ беҳтар шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.