Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар ИМА бо гумони маблағгузорӣ ба ДОИШ

Дар Бруклин (Ню-Йорк) шаҳрванди Тоҷикистон Масури Манучеҳр ба иттиҳоми пуштибонӣ аз “ДОИШ-Хуросон”*, ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа дар ИМА ва қаллобии марбут ба муҳоҷират ба ҳабс гирифта шуд. Тавре ки Вазорати адлияи ИМА хабар медиҳад, Манучеҳри 33-сола, ки ба ИМА соли 2016 тариқи раводиди сайёҳӣ омада, баъди ба охир расидани муҳлати он дар ин кишвар мондааст, ҳамчунин […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Бруклин (Ню-Йорк) шаҳрванди Тоҷикистон Масури Манучеҳр ба иттиҳоми пуштибонӣ аз “ДОИШ-Хуросон”*, ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа дар ИМА ва қаллобии марбут ба муҳоҷират ба ҳабс гирифта шуд.

Тавре ки Вазорати адлияи ИМА хабар медиҳад, Манучеҳри 33-сола, ки ба ИМА соли 2016 тариқи раводиди сайёҳӣ омада, баъди ба охир расидани муҳлати он дар ин кишвар мондааст, ҳамчунин кӯшиш кардааст, ки ба воситаи ақди никоҳи қалбакӣ бо шаҳрванди ИМА ҳузурашро қонунӣ гардонад.

Дар ИМА ӯ ба ҳайси ронанда кор карда, ба гӯшаву канори гуногуни кишвар бисёр сафар мекард.

Мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки аз моҳи декабри соли 2021 то апрели соли 2023 Мансури Манучеҳр ба афроди марбут ба созмони “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Туркия ва Сурия ҳудуди 70 ҳазор доллар маблағ фиристодааст.

Миёни гирандагони пул як тоҷикистонӣ ҳам будааст, ки мақомоти Туркия ӯро моҳи январи соли 2024 барои даст доштан дар ҳамла ба калисои католикҳо дар Истанбул ба ҳабс гирифтанд. Масъулияти ҳамла ба калисоро гурӯҳи “Вилояти Хуросон” ба дӯш гирифт.

Дар ҷараёни тафтишот ҳамчунин маълум шудааст, ки Мансури Манучеҳр маводи ифротгароиро нигоҳ дошта, террористон, аз ҷумла Сайфулло Саиповро, ки соли 2017 дар Ню-Йорк амали террористӣ содир кард, ситоиш мекардааст.

Ҳамчунин ӯ мавъизаҳои собиқ пешвои ДОИШ Абӯбакр Ал-Бағдодӣ ва собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимовро, ки соли 2015 ба сафҳои ДОИШ пайваст, бо худ нигоҳ медоштааст.

Бисёре аз сабтҳо бо забони русӣ ва тоҷикӣ будаанд.

Сарфи назар аз манъи дар ихтиёр доштани силоҳ, Мансури Манучеҳр бо силоҳи оташфишон машқ карда, навори онро ба ҳаммаслакони худ ирсол ва ба дастгирии ДОИШ изҳори омодагӣ мекардааст.

Агар гуноҳи Манучеҳр исботи худро ёбад, ӯ метавонад ба муҳлати ниҳоии 45 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Қаблан Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА (ICE) дар Филаделфия, Ню-Йорк ва Лос-Анҷелес 8 мардро аз Тоҷикистон ба гумони робита бо ДОИШ ба ҳабс гирифт. Ҳабсҳо дар доираи тафтиши Гурӯҳи муттаҳидаи фаврии Бюрои федералии тафтишот (ФБР) оид ба мубориза бо терроризм сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъҳо, ин мардон бо сабаби эҳтимоли робита доштан бо ДОИШ зери назари Бюрои федералии тафтишот қарор доштанд. Ҳамаи 8 марди ҳабсшуда марзи ҷанубии ИМА-ро убур карда (ду тан аз онҳо дар соли 2032), дар ҳамин ҳол як нафар замимаи CBP One-ро истифода бурдаст, то ки барои дарёфти паноҳандагӣ ариза диҳад.

Ба ин мардон айбнома пешниҳод нашудааст, лекин онҳо барои қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират ба ҳабс гирифта шуда, зери назорати ICE дар интизории ихроҷ қарор доранд. Ҳамчунин амалҳои онҳо дар доираи тафтишоти минбаъда таҳти назорат қарор дошта, ба онҳо метавонанд айбномаҳо дар даст доштан ба терроризм пешниҳод шаванд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.