Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон

Date:

Лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба “Пешбурди воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” (LITACA III) ташаббуси чорсола буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон тавассути Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) маблағгузорӣ карда шудааст ва аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Афғонистон амалӣ мегардад. LITACA III ба дастгирии корхонаҳои нав тавассути пешниҳоди таҷҳизот ва дастгирии маркетинг, тамғагузорӣ, тарроҳӣ ва содирот нигаронида шудааст. Кӯмакгирандагони лоиҳа деҳқонони хурду миёна, коркардкунандагони кишоварзӣ ва устоҳои ҳунарманд, ҳам шахсони воқеӣ, ҳам кооперативҳо ва ҳам тоҷирон (яклухтфурӯшон, чаканафурӯшон, корхонаҳои хурду миёна) дар Афғонистон ва Тоҷикистон мебошанд. Лоиҳа ба занони осебпазир, ҷавонони бекор ва маъюбон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаст ва ташаббуси “Ҳеҷ касро дар канор нагузоред”-ро амалӣ менамояд.

Усули "Як деҳа – як маҳсулот" талаботи асосии лоиҳа буда, барои таҳкими иқтидори истеҳсолкунандагони маҳаллӣ истифода бурда мешавад. Усули "Як деҳа – як маҳсулот" яке аз равиши беназир дар рушди маҳал мебошад, ки бори аввал соли 1979 дар ноҳияи Оитаи Ҷопон ҷорӣ ва қабул гардидаст. Минбаъд ин усул дар доираи лоиҳаи “Пешбурди воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” ба мақсади татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шуд. Усули "Як деҳа – як маҳсулот" истеҳсол, коркард ва фурӯши ягон маҳсулоти беназирро  дар бар гирифта,  деҳаро бо маҳсулоти худ ва беназир боз ҳам беҳтар муаррифӣ менамояд. Дар натиҷа ин васила ба деҳот даромад меорад ва иқтисодиёти маҳаллиро беҳтар менамояд. Усули "Як деҳа – як маҳсулот “ дар сафарбар кардани захираҳои инсонӣ, моддӣ ва фарҳангии маҳаллӣ барои эҷоди маҳсулоти арзиши иловашуда дар бозорҳои дохилӣ ва содиротӣ, мусоидат менамояд. Ҳадафи ин ташаббус сафарбар кардани ҷамоатҳои деҳот барои беҳбуди зиндагии онҳо тавассути тавонмандсозии онҳо дар таъсис ва пешбурди тиҷорати кооперативӣ, истифодаи захираҳои табиии дар ҷамоатҳои худ мавҷудбуда ва пешниҳоди маҳсулоти баландсифат мебошад.

Лоиҳаи мазкур аз 10- ноҳияҳои вилояти Хатлон ба зиёда аз 400- нафар кӯмакгирандагон дар асоси натиҷаҳои арзёбии эҳтиёҷот барои деҳқонони маҳаллӣ, истеҳсолкунандагони хурд ва тиҷоратчиён,  омузишҳо оид ба рушди таълими касбӣ, имкониятҳои соҳибкорӣ, ба даст овардани даромад дар деҳот, идоракунии тиҷорат ва банақшагирии истеҳсолот/хизматрасонӣ дар деҳот, андозбандӣ, маркетинг, шабакасозӣ, бастабандӣ, логистика, тамғагузорӣ ва фурӯш гузаронидаст. Дар натиҷаи омузишҳои 5-рӯза  иштирокчиён тавонистанд, ки  ғояҳои тиҷоратии худро ба воқеият табдил диҳанд.

Аз 400 – нафар кумакгирандагон танҳо 25- нафар кумакгиранда нақшаҳои тиҷоратии худро бо ғояҳои тиҷоратии хеш пешкаш намуданд ва аз ҷониби лоиҳаи дастгирӣ ёфтанд. Дар натиҷаи ин иқдом, 25- оила бо кори доимӣ ва зиёда аз 40- нафар бошандагони вилоят бо корӣ мавсимӣ таъмин гаштанд. Онҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ, хизматрасонӣ, таъмини хӯрока ва озуқаворӣ ва фаъолият дар дигар соҳаҳо машғуланд.

 

Усули"Як деҳа – як маҳсулот" яке аз равиши беназир барои рушди маҳаллӣ мебошад

Орзу Набиев, сокини ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлон мебошад. Оиладор, соҳиби 3-фарзанд. Дар оила бо волидонаш зиндагӣ мекунад. Шуғли асосии ӯ ва аҳли оилааш, парвариши дарахтони мевадиҳанда (асосан себ) ва зироаткорӣ, инчунин қисман чорводорӣ мебошад. Дар гузашта ӯ барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар мекард. Айни замон вурудаш ба он кишвар маҳдуд шудааст. То оғози лоиҳаи БРСММ кори аниқ надошт. Даромади оила фақат барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти авалиндараҷа, кифоягӣ мекард. Онҳо дар шароити камбизоатӣ зиндагӣ доштанд.

Вақте, ки БРСММ дар доираи лоиҳаи “Пешбурди воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” (LITACA III), фаъолиятро дар маҳаллаи онҳо оғоз намуд, Орзу Набиев дар омӯзишҳои ташкилнамудаи ин лоиҳа иштирок намуда, дониш ва малакаҳои соҳибкории худро баланд бардошт ва аз лоиҳа барои баланд бардоштани самаранокии заминҳои боғаш, тариқи нақшаи тиҷоратӣ барои дастрас кардани таҷҳизоти кишоварзӣ, дархост намуд. Нақшаи тиҷоратии ӯ аз тарафи комиссияи арзёбии маводҳои грантӣ дастгирӣ ёфт ва ӯ соҳиби таҷҳизоти дархостнамудааш гашт.

“Акнун зиндагиям беҳтар гашта истодааст. Сари вақт заминҳои боғамро аз алафҳои бегона тоза намуда, корҳои агротехникии дарахтонро гузаронида истодаам. Дар ин мавсим умед дорам, ки ҳосилнокии дарахтонам зиёд мегардад. Инчунин, аз ҳисоби ҷамъоварии саривақтии алафҳои боғ, парвариши чорвоҳоямро хуб ба роҳ монда, фоидаи хуб гирифта истодаам. Аз ҳамкорӣ бо лоиҳаи БРСММ розиям ва миннатдории худро ба кормандони онҳо баён месозам”, – мегӯяд Набиев.

 

Хӯроки хушсифат – омили рушди чорводорӣ ва маҳсулнокии он

Абдураҳим Бобоев, сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мебошад. Оиладор, соҳиби 4-фарзанд. Дар оила бо волидон ва бародараш зиндагӣ мекунад. Шумораи умумии аъзоёни оилаи онҳо 9-нафарро ташкил медиҳад. Шуғли асосии оилаи онҳо парвариши чорво ва зироаткорӣ ба шумор меравад. Аз оилаи он касе дар муҳоҷирати меҳнатӣ нест. Даромаде, ки оила ба даст меорад, барои зиндагияшон қариб,ки кифоягӣ намекунад. Чунки, солҳои охир аз сабаби норасоии хӯроки серғизо маҳсулнокии чорво кам гашта, заминҳои корам бошад бинобар сари вақт коркард нашудан, камҳосил гаштаанд. То оғози фаъолияти лоиҳаи БРСММ, Абдураҳим кори аниқ надошт. Онҳо дар шароити камбизоатӣ зиндагӣ мекарданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдураҳим Бобоев

Абдураҳим Бобоев низ дар машғулиятҳои лоиҳаи “Пешбурди воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” (LITACA III) иштирок намуда, дониш ва малакаҳои лозимаи соҳибкориро соҳиб шуд ва аз лоиҳа барои зиёд намудани хӯроки хушсифати чорво, тариқи нақшаи тиҷоратӣ, таҷҳизоти кишоварзӣ дархост намуд. Баъди барасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба, нақшаи тиҷоратии ӯ аз тарафи комиссияи арзёбии маводҳои грантӣ дастгирӣ ёфт ва ӯ соҳиби таҷҳиҳоти дархостнамудааш гашт. Ҳоло сари вақт заминҳояшро нарм ва кишту кор намуда истодааст. Дар вақтҳои холӣ бошад, заминҳои ҳамсоягонашро нарм намуда, даромад низ гирифта истодааст.

“Ман соҳиби кори аниқ гаштам. Лоиҳа маро дастгирӣ намуд. Сари вақт заминҳоямро кишт намуда, барои таёр намудани хӯроки чорвоям, зироати лозимаро, аз қабили ҷуворимакка ва юнучқа, кишт намудам. Инчунин, айни замон ки мависми кишту кор аст, заминҳои ҳамсояҳоямро низ, нарм менамоям ва фоидаи хуб мегирам. Аз ҳисоби ин фоида барои фарзандонам хӯрок мехарам. Аҳли оилаам хело хурсанданд”, – мегӯяд Абдураҳим.

 

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва пешкаши он ба мардуми шаҳри Бохтар

Ҷурабек Носиров, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар мебошад. Дар оила бо волидонаш зиндагӣ мекунад. Падараш ба кишоварзӣ машғул буда, модараш хонашинанд. Шумораи умумии аъзоёни оилаи онҳо 6-нафарро ташкил медиҳад. Шуғли асосии оилаи онҳо, зироаткорӣ ба шумор меравад. Асосан онҳо ба бошандагон ва меҳмонони ноҳия сабзавотҳои тару тоза, пешниҳод менамоянд Аз оилаи онҳо касе дар муҳоҷирати меҳнатӣ нест. Айни замон даромаде, ки оила ба даст меорад, барои зиндагияшон қариб, ки кифоят намекунад. Чунки, солҳои охир аз сабаби сари вақт коркард нашудан, заминҳои корами онҳо камҳосил гаштаанд, ки даромади гирифтаашон, хароҷоташро қариб, ки намепӯшонад. То шуруъи фаъолияти лоиҳаи БРСММ, Ҷурабек кори аниқ надошт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷурабек Носиров

Ҷурабек Носиров низ дар доираи лоиҳаи “Пешбурди воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” (LITACA III) донишу малакаҳои лозимаи соҳибкориро соҳиб гашта, аз лоиҳа барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ, таҷҳизоти кишоварзӣ дархост намуд. Баъди таҳлили ҳамаҷониба, нақшаи тиҷоратии ӯ аз тарафи комиссияи арзёбии маводҳои грантӣ дастгирӣ ёфт ва у соҳиби таҷҳизоти кишоварзӣ шуд. Акнун ӯ сари вақт заминҳояшро нарм ва зироат кишту кор намуда истодааст. Ӯ низ заминҳои ҳамсоягонашро низ нарм намуда, даромади хуб гирифта истодааст.

Ӯ низ аз дастандаркорони Лоиҳа изҳори миннатдорӣ мекунад ва таъкид менамояд, ки ин Лоиҳа зиндагии ӯро беҳтар кард.

 

Касби дӯстдоштаи ман

Фируза Алиева, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Дар хона бо волидонаш зиндагӣ мекунад. Модараш хонашин ва падараш ба мардикорию кишоварзии мавсими машғул аст. Азбаски даромади кишоварзӣ мавсимӣ аст, ӯ ба дӯзандагӣ машғул гашта, аз ин фаъолият даромади ночиз ба даст меорад, ки он барои таъмини зиндагӣ кофӣ нест. Фируза аз айёми наврасӣ ба дӯзандагӣ беҳад завқу шавқ дошт ва бинобар ин дар хоҷагияшон, ба дӯхтани либосҳо машғул буд. Дастгоҳи дӯзандагии ӯ модели кӯҳна буд ва бинобар ин на ҳамаи талаботи мизоҷонро қонеъ мегардонид. Аз ин хотир наметавонист, ки доираи фаъолияташро васеъ ва даромадашро зиёд намояд. Аз ҳамин лиҳоз мизоҷонаш вобаста ба талаботҳои замон, барои дӯхтани либосҳои замонавӣ, ба дигар нуқтаҳои дузандагӣ муроҷиат мекарданд. Ин ҳолат, зиндагии Фирузаро мушкил ва барои фаъолияташро дуруст ба роҳ мондан, монеъа эъҷод мекард. Аз ҷониби дигар, надоштани дониш ва малакаи кофи дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ва кор дар асоси талаботи бозор, фаъолияти ӯро то рафт маҳдуд мегардонид.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фируза Алиева

Дар ҳамин лаҳзаҳои мушкилӣ, лоиҳаи БРСММ ба як ташаббуси нав дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ шурӯъ кард. Фируза дар ин чорабиниҳо ва омӯзишҳои лоиҳа фаъолона иштирок намуда, аз мутахассисони ТҶ “Субҳ” тарзи дуруст ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ, ташкили тиҷорати хурд  ва таҳия  намудани нақшаи тиҷоратиро барои гирифтани грант ба пуррагӣ омӯхт ва аз лоиҳа  таҷҳизотҳои нави дузандагӣ дархост намуд. Нақшаи тиҷоратии у аз тарафи комиссияи арзёбии маводҳои грантӣ  дастгирӣ ёфт ва ба ӯ  таҷҳизоти дӯзандагии замонавӣ пешниҳод гардид.

“Мақсади ман аз дастрас гаштани таҷҳизотҳои нави дузандагӣ аз он иборат буд, ки фаъолиятамро васеъ созам ва аз ҳисоби ин хизматрасонӣ даромади хуб ба даст оварда, эҳтиёҷоти аҳли оилаамро  қонеъ созам. Акнун ман дар як рӯз аз рӯи дархости муштариён аз  1 то 5 куртаи мизоҷонро духта истодаам. Даромади рзонаам аз 50 то 150- сомониро ташкил медиҳад ва фоидаи соф бошад дар як моҳ, ба 1500 то 2000- сомонӣ баробар гаштаст. Дар оянда нақша дорам, ки, дар назди хонаам як корхонаи хурди дузандагӣ бо фарогирии 2-3- нафар духтарони деҳаамон, бо пешниҳоди маоши хуб, таъсис диҳам.Шароити иқтисодии оилаам хуб гаштаст. Аз дастгирии лоиҳаи БРСММ миннатдорам”, – мегӯяд Фируза.

 

Рушди чорводорӣ барои истеҳсоли зиёди гушт ва шир, таъсири мусби мерасонад

Фаридун Юсупов, сокини шаҳри Бохтар ва соҳиби 3 фарзанд аст. Дар оила бо волидон ва бародараш зиндагӣ мекунад. Шумораи умумии аъзоёни оилаи онҳо 6-нафарро ташкил медиҳад. Шуғли асосии оилаи онҳо, парвариши чорво ва зироаткорӣ ба шумор меравад. Даромаде, ки оила ба даст меорад, барои зиндагияшон намерасад. Чунки солҳои охир  аз сабаби норасоии хӯроки хушсифати чорво, ӯ ба мушкилиҳо дучор гаштааст. Дар ин маврид норасоии таҷҳизоти муосир барои дарав намудан ва коркарди хӯроки чорво, фаъолияти ӯро барои истеҳсоли барзиёд ва хушсифати шир ва гӯшт, суст гардонидааст. Оилаи онҳо дар сатҳи камбизоатӣ қарор дорад. Худи Фаридун ҷойи кори доимӣ надорад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фаридун Юсупо

Фаридун ҳам дар доираи лоиҳаи “Пешбурди воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” (LITACA III) донишу малакаҳои лозимаи соҳибкориро соҳиб гашта, аз лоиҳа барои зиёд намудани хӯроки хушсифати чорво, тариқи нақшаи тиҷоратӣ, таҷҳизот дархост намуд. Баъди барасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба, нақшаи тиҷоратии ӯ аз тарафи комиссияи арзёбии грантҳо дастгирӣ ёфт ва ӯ соҳиби таҷҳизот гашт. Ҳоло сари вақт заминҳояшро нарм ва барои хӯроки чорво зироатҳои лозимаро кишту кор намуда истодааст. Дар вақтҳои холигӣ бошад, заминҳои дигар ҳамсоягонашро нарм намуда, фоидаи хуб гирифта истодааст.

“Ман акнун бо умеди ояндаи дурахшон зиндагӣ намуда истодаам. Лоиҳа маро дастгирӣ намуд. Ман сари вақт заминҳоямро кишт намуда, барои таёр намудани хӯроки чорвоям, зироатҳои лозимаро кишт намудам. Дар оянда истеҳсоли гӯшт ва ширро баланд мебардорам. Инчунин, ҳоло, ки мавсими кишту кор аст, заминҳои ҳамсояҳоямро низ, нарм менамоям ва фоидаи хуб гирифта истодаам. Ташакур ба лоиҳаи БРСММ”, – зикр мекунад Фаридун.

 

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва пешкаши он ба мардуми шаҳри Бохтар

Маҷидов Мирзозуҳай, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун мебошад. Оиладор ва соҳиби 1-фарзанд аст. Дар оила бо волидонаш зиндагӣ мекунад. Падараш ба кишоварзӣ машғул буда, модару ҳамсараш дар ин кор ба ӯ ёрӣ мерасонанд.. Шуғли асосии оилаи онҳо, зироаткорӣ ба шумор меравад. Аз оилаи онҳо касе дар муҳоҷирати меҳнатӣ нест. Айни замон даромаде, ки оила ба даст меорад, барои зиндагияшон қариб ки намерасад. Чунки, солҳои охир аз сабаби сари вақт коркард нашудан заминҳои корами онҳо камҳосил гаштаанд, ки даромади гирифтаашон, хароҷоташро қариб ки намепӯшонад. То шуруъи фаъолияти лоиҳаи БРСММ, Мирзозуҳай кори аниқ надошт. Шароити  иқтисодиашон вазнин буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҷидов Мирзозуҳай

Дар баробари шуруъ шудани фаъолияти БРСММ дар маҳаллаҳои фарогири лоиҳа, Мирзозуҳай дар омузишҳое, ки аз тарафи шарики лоиҳа ТҶ Субҳ гузаронида шуд, иштирок намуда, дониш ва малакаҳои лозимаи худро баланд бардошт ва аз лоиҳа барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ, таҷҳизоти кишоварзӣ, дархост намуд. Баъди таҳлил, нақшаи тиҷоратии ӯ аз тарафи комиссияи арзёбии маводҳои грантӣ дастгирӣ ёфт ва ӯ соҳиби таҷҳизот шуд. Акнун ӯ сари вақт заминҳояшро нарм ва зироатҳои лозимаро кишту кор намуда истодааст. Инчунин, заминҳои дигар деҳқононро низ нарм намуда, даромади хуб гирифта истодааст.

Ҳоло ӯ соҳиби кори доимӣ гаштааст. Сари вақт заминҳояшро кишт намуда, зироатҳои лозимаро, асосан сабзавотҳои гуногунро, кишт намуда истодааст. Дар вақтҳои холигӣ бошад, заминҳои ҳамсояҳоягонашро низ, нарм менамояд ва фоидаи хуб мегирад. Дар як моҳ то 1-га заминро нарм менамояд ва то 2500-сомони фоида гирифта истодааст. Рӯз аз рӯз шароити аҳли оилааш хуб гашта истодааст.

“Ман аз дастгирии лоиҳаи БРСММ миннатдорам”, – мегӯяд Мирзозуҳай.

 

Чорводори-Яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба шумор меравад.

Зоирҷон Муҳиддинов, сокини ноҳияи Панҷ ва соҳиби 1 фарзанд аст. Шуғли асосии  ва аҳли оилааш, зироаткорӣ (асосан помидору бодиринг), инчунин қисман чорводорӣ мебошад. Дар гузашта ӯ барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар мекард. Айни замон вурудаш ба он кишвар маън карда шудааст. То оғози лоиҳаи БРСММ кори аниқ надошт. Даромади оила фақат барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти авалиндараҷа кифоягӣ мекард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зоирҷон Муҳиддинов

Зоирҷон дар доираи лоиҳаи «Пешбурди воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» (LITACA III) дониш ва малакаҳои соҳибкории худро баланд бардошт ва аз лоиҳа барои баланд бардоштани самаранокии заминҳои боғаш, тариқи нақшаи тиҷоратӣ барои дастрас кардани таҷҳизоти кишоварзӣ дархост намуд. Дар натиҷа нақшаи тиҷоратии ӯ аз тарафи комиссияи арзёбии маводҳои грантӣ дастгирӣ ёфт ва ӯ соҳиби таҷҳизоти дархостнамудааш гашт.

“Рӯз то рӯз зиндагиям беҳтар гашта истодааст. Сари вақт заминҳои худамро аз алафҳои бегона тоза намуда, корҳои агротехникии зироатҳоро гузаронида истодаам. Дар ин мавсим умед дорам, ки ҳосилнокии заминҳоям зиёд мегардад. Инчунин, аз ҳисоби ҷамъоварии саривақтии алафҳои боғ, парвариши чорвоҳоямро хуб ба роҳ монда, фоидаи хуб гирифта истодаам. Дар вақтҳои холигӣ барои даравидани алафҳои заминҳои ҳамсоягонам фармоиш гирифта, кори онҳоро низ иҷро мекунам ва фоида ба даст меорам. Аз ҳамкорӣ бо лоиҳаи БРСММ розиям ва миннатдории худро ба онҳо баён месозам”, – мегуяд Зоирҷон.

 

Саҳми занони тоҷик таъмини амнияти озуқавории хонаводаҳоро қавитар месозад

Соҳаи хизматрасонӣ ва таъмини маводҳои пухтупаз манбаи асосии озуқаворӣ буда, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст оварда мумкин мебошад. Бинобар ҳамин Зарнигор Пулатзода баъди иштирок дар омузишҳо ва дар асоси пешниҳоди нақшаи тиҷоратӣ ба лоиҳаи БРСММ, соҳиби таҷҳизот барои пухтупаз  гардидаст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пулатзода Зарнигор

"Ман 30-солаам ва ман соҳибкори муваффақ, модари се фарзанд ва ҳамсари шавҳари хеле хуб ҳастам. Ман барвақт, дар синни 18-солагӣ оиладор шудам, қариб ки кӯдак будам, маълумоти маҳдуд доштам, оид ба хонадорӣ, пухту паз  ё нигоҳубини кӯдакон чизе намедонистам. Дар як вақт, бе ҳунару таҷрибаҳои асоси барои ҳаёт зарур, худро гум карда будам. Ва маҳз дар ҳамин марҳила хушдоманам маро сахт дастгирӣ намуданд ва малакаҳои пеш бурдани хоҷагӣ ва оиларо ба ман омӯзонданд. Ва дар пухту паз ман бояд қайд намоям, ки хушдомани ман ин ҳунарро ба ман омузониданд ва барои рушд додани ин ҳунар сабабгор буданд. Ман ин таҷрибаро то имрӯз қадрдонӣ мекунам, ин таҷриба ба ман дар тиҷорате, ки айни замон машғул ҳастам, кӯмак намуд”,- мегӯяд Пулатзода Зарнигор, зани тоҷир аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон.

Дар айни замон фаъолияти пухту паз ва қаннодӣ дар оилаи Зарнигор барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва даромади оилаҳо онҳо муҳим мебошад. Аз сехи қаннодӣ, оилаи ӯ аз тиҷоратӣ оилавӣ тақрибан 2,000 сомонӣ  дар як моҳ даромад мегирад ва ин барои рушд ва таъмини амнияти озуқаворӣ, хело муҳим ба шумор меравад. Аз ҳамкори бо лоиҳаи БРСММ рози мебошад.

 

Ташкили нуқтаи тезтаёр- яке аз фаъолиятҳоест, ки самаранокияш баланд мебошад.

Ҷумахон Шарифов бо ҳамроҳии фарзандонаш дар хонаи падару модараш зиндагӣ мекунад. Оиладор аст. Шумораи аъзоёни оилаи ӯ ба 7-нафар баробар мебошад. Ӯ дар хонаашон ба пухтупази шириниҳо ва маҳсулотҳои дигари хурока машғул буда, ин маҳсулотҳоро дар кӯча ва ё бозор, ба фурӯш мегузошт. Инчунин аз ҳисоби муштариёни маҳалла ва аҳолии ҷамоат, ҳангоми барпо намудан тӯю маъракаҳо фармоиш гирифта, маҳсулотҳоро таёр карда пешниҳод менамуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷумахон Шарифов

Волидон ва бародаронаш ба фаъолияти кишоварзӣ машғуланд ва даромади онҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти аввалиндараҷаи хоҷагиашон, сарф мегардад. Оилаи онҳо дар сатҳи камбизоати умр ба сар мебаранд. Баъзан вақт даромади оилаи онҳо, ҳатто барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти аввалияи оила намерасад. Ҳамагӣ дар 1-моҳ то 1,000-сомонӣ фоида ба даст меоварданд, ки барои 1-оилаи калон маблағи ночиз ба шумор мерафт. Чунин ҳолат ӯро парешон карда буд, чунки васеъ намудани ин фаъолият-орзуи асосияш ба шумор мерафт ва мехост, ки дар маркази ҷамоат, як нуқтаи пухтупаз ва тезтаёро ташкил дода, ба муштариён намудҳои гуногуни шириниҳо ва маводҳои хӯрока ва хизматрасониҳои  беҳтарро пешниҳод намояд ва ба ин васила сатҳи зиндагиашонро баландтар бардорад. Ҳамеша дар ҷустуҷуи сарчашмаҳои маблағ барои рушди тиҷораташ буд.

Вақте, ки лоиҳаи БРСММ дар ноҳияи онҳо фаъолиятро оғоз кард, Шарифов Ҷумахон дар омӯзишҳои онҳо иштирок намуда, барои гирифтани таҷҳизот барои пухтупаз нақшаи тиҷоратӣ таҳия намуда, ба лоиҳа пешниҳод намуд. Лоиҳаи БРСММ нақшаи тиҷоратии ӯро қобили қабул дониста, таҷҳизоти дархостнамудаашро дастрасаш намуд. Ҳоло Ҷумахон бемалол намудҳои гуногуни таъомҳо ва маҳсулоти қаннодиро бо сифати хубу аъло ба аҳолии маҳала ва ҷамоаташон пешниҳод намуда, фоидаи хуб гирифта истодааст. Хулоса, ба воситаи ин фаъолияти интихобнамуда, зиндагияш рӯз аз рӯз, беҳтар гашта истодааст. Даромадаш низ зиёд гаштааст. Ҳар моҳ то 2500-3000-сомони фоидаи соф ба даст меорад. Барои ин дастгирии муҳим, ба лоиҳаи БРСММ, миннатори баён менамояд.

 

Аҳамияти грантҳои лоиҳаи БРСММ ба бошандагони минтақаҳои  наздисарҳадӣ

Беҳруз Шайхзода чанд сола аст, ки ба муҳоҷирати меҳнати намеравад ва  дар бозорҳои ноҳия Фархор ба мардикорӣ ва аробакаши машғул буда, танҳо як орзу дошт: соҳиби як адад мотороллер гардад ва дар бозорҳои ноҳия ба кашонидани борҳои аҳолии  ҷамоаташон ва соҳибкорони бозори наздисарҳадӣ машғул гардад. Лекин ба ин орзу расидан хеле мушкил буд, чунки барои харидани мотороллер маблағи муайян лозим буд. Даромади Беҳруз бошад, фақат барои таъмини хонаводааш мерасид ва барои ҷамъ намудани маблағ бо мақсади харидории мотороллер, умуман маблағ намемонд.  Ҳамеша дар фикри дарёфти маблағ буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Беҳруз Шайхзода

Дар ҳамин ҳолатҳо, як вақт аз мардикорӣ ба қишлоқ, ба хонааш баргашт ва аз намояндагони ҷамоат оид ба лоиҳаи нави БРСММ, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ фаъолиятро шурӯъ карда буд хабар ёфт. Ӯ дарҳол фаҳмид, ки грантҳое, ки аз тарафи ин лоиҳа пешниҳод мегардад,  бо шарт ва имкониятҳои хуб, барои нақшаи ӯ айни муддаост ва ӯро ба муроду мақсадаш метавонад расонад. Сипас дар омӯзишҳои лоиҳаи БРСММ иштирок намуд ва дар асоси дархост нақшаи тиҷоратӣ тартиб дод ва лоиҳа ба Беҳруз, як адад мотороллер  пешкаш намуд.  Айни замон Беҳруз имконияти дар як рӯз то ба 50-муштарӣ хизмат расониданро дорад. Ин тиҷорат ба оилаи ӯ даромади доимиро таъмин менамояд ва ба ӯ имкон медиҳад, ки дар ватани худ кору фаъолият намояд ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ наравад.Сатҳи зиндагияш рӯз аз рӯз беҳтар гашта истодааст.

«Ҳоло дастрасӣ ба грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок ниҳоят мушкил аст мегуяд Беҳруз. Ҳамсояҳои ман аз сабаби надоштани маблағ наметавонад ягон тиҷоратро ташкил намоянд ва  аксарияташон дар муҳоҷиратӣ меҳнатӣ ва корҳои мавсимӣ дар кишвар машғул мебошанд. Толеъи ман баланди кард ва ман соҳиби мотороллер шудам. Ба лоиҳаи БРСММ миннатдории худро баён менамоям”, – мегӯяд Безҳруз.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...