Дар Душанбе Маркази омӯзиши забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ барои кор дар Корея кушода шуд

Тоҷикистон ҳамчун 17-умин давлат эътироф шуд, ки шаҳрвандонаш метавонанд расман ҳамчун муҳоҷири корӣ ба Кореяи Ҷанубӣ раванд. Ҳадафи кушодашавии “SC Маркази омӯзиши забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ” саҳм гузоштан дар ин раванд мебошад. “Дар як вақт Марказ метавонад то 200 донишомӯзро фаро гирад. Мо муаллимони ҳирфаӣ аз Корея, таҷҳизоти муосир ва барномаҳои натиҷабахш пешниҳод мекунем”, – мегӯяд […]

Asia-Plus

Тоҷикистон ҳамчун 17-умин давлат эътироф шуд, ки шаҳрвандонаш метавонанд расман ҳамчун муҳоҷири корӣ ба Кореяи Ҷанубӣ раванд. Ҳадафи кушодашавии “SC Маркази омӯзиши забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ” саҳм гузоштан дар ин раванд мебошад.

“Дар як вақт Марказ метавонад то 200 донишомӯзро фаро гирад. Мо муаллимони ҳирфаӣ аз Корея, таҷҳизоти муосир ва барномаҳои натиҷабахш пешниҳод мекунем”, – мегӯяд Со Ҷон Ҳён, директори ин Марказ.

Ифтитоҳи марказ натиҷаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ буда, он дар асоси ёддошти тафоҳуми сеҷониба миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Федератсияи кориягии корхонаҳои хурду миёна таъсис ёфт. Ин маркази омӯзишӣ бо дастгирии ширкати “Шодиёна Консалтинг” роҳандозӣ шудааст.

“Мо таълими босифат, дастгирӣ дар ҳар марҳила ва шароити муносиб барои рушди касбӣ ва мутобиқшавии муваффақона ба муҳити навро пешниҳод менамоем. Барномаи мо барои мардони аз синни 18 то 39 сола пешбинӣ шудааст. Барои донишҷӯёне, каз минтақҳао меоянд, ҳамаи шароити лозима аз ҷумла, хобгоҳ, се вақт хӯроки гарм ва муҳити босифати таълимӣ фароҳам оварда шудааст”, – мегӯяд Хуршед Ниёзов, намояндаи ин марказ.

Дар марказ ҷавононро бо забони кореягӣ, муҳити нави корӣ ва фарҳанги ин кишвар ошно мекунанд. Бартариятҳои он, воситаҳои муосири таълимӣ, муаллимони касбии кореягӣ мебошад.

Муҳити илҳомбахш водор мекунад, ки донишомӯзон то нимаи шаб таълим гиранд. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, коргарон ва донишомӯзони марказ ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд.

Маркази таълимӣ якчанд самтро фаро мегирад. Пас аз супоридани имтиҳонро марказ кӯмак мекунад, то хатмакардаҳо раводиди Кореяро ба даст оранд. Пас аз сафар ба ин кишвар онҳоро гурӯҳи махсус дастгирӣ мекунад, ба онҳо суғуртаи тиббӣ дода мешавад, кӯмакӣ ҳуқуқӣ мерасонанд ва ҳамчунин, дар марказ шабонарӯзӣ маркази тамос фаъол мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.