Украина тарҳи оташбаси 30-рӯза бо Русияро пазируфтааст. Ҷузъиёти музокироти ИМА ва Украина дар Ҷидда

Пас аз музокирот дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, Амрико ва Украина дар изҳороти муштараке гуфтаанд, ки Киев омода аст оташбаси муваққатии 30-рӯза бо Русияро бипазирад ва Амрико ҳам гуфт, кӯмакҳои низомӣ ба Украинаро барқарор мекунад. Украина ба шарте ин тарҳи оташбасе, ки аз сӯи ИМА омода шуда буд, қабул кардааст, ки Русия ҳам ин талабро бипазирад […]

Пас аз музокирот дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, Амрико ва Украина дар изҳороти муштараке гуфтаанд, ки Киев омода аст оташбаси муваққатии 30-рӯза бо Русияро бипазирад ва Амрико ҳам гуфт, кӯмакҳои низомӣ ба Украинаро барқарор мекунад.

Украина ба шарте ин тарҳи оташбасе, ки аз сӯи ИМА омода шуда буд, қабул кардааст, ки Русия ҳам ин талабро бипазирад ва ҳамзамон онро иҷро кунад.

Ин музокирот 9 соат давоим карда, Украинаро дар раҳбари Дастгоҳи раиси ҷумҳур Андрей Ермак, вазири корҳои хориҷӣ Андрей Сибига, вазири дифоъ Рустем Умеров ва муовини раҳбари Дастгоҳи раиси ҷумҳур Павел Палиса намояндагӣ карданд. Ҳайати Амрико шомили вазири корҳои хориҷии ин кишвар Марко Рубио ва мушовири амнияти миллии Амрико Майк Уолтс буд.

Ин аввалин мулоқоти намояндагони Украина ва ИМА пас аз муноқишаи лафзӣ байни Владимир Зеленский ва Доналд Трамп, ки бо таваққуфи кӯмаки низомии ИМА ба Киев хотима ёфт, менависад "Медуза".

 

ИМА оташбаси 30-рӯза пешниҳод кард, Украина розӣ шуд

Дар изҳороти муштарак зикр мешавад, ки тарафи Украина омода аст «пешниҳоди оташбаси 30-рӯзаи муваққатиро қабул кунад, ки метавонад дар сурати ризоияти тарафҳо ва иҷрои ҳамзамони Русия дароз карда шавад».

Владимир  Зеленский, президенти Украина чанд дақиқа пас музокирот тасдиқ кард, ки Киев омода аст оташбасро бар ивази барқарор кардани кӯмаки ИМА  қабул кунад.

Ӯ таъкид кард, ки Киев ба пешниҳоди ИМА барои 30 рӯз оташбас розӣ шудааст ва акнун Вашингтон бояд Русияро розӣ кунад.

“Украина омода аст ба оташбас расад. Акнун Русия омодагии худро дар бораи қатъи ҷанг ва ё оташбас нишон бояд диҳад”,-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар музокирот дар Арабистони Саудӣ Киев се пешниҳод пешниҳод кард: «қатъи ҷанг дар осомон», «қатъи ҷанг дар баҳр» ва «озод кардани асирон».

 

ИМА кӯмакҳои низомии худро ба Украина барқарор мекунанд

«ИМА фавран мубодилаи маълумоти истихборотӣ бекор мекунанд ва кӯмакҳои низомии худро ба Украина дар бахши амният барқарор мекунанд», — гуфта мешавад дар изҳороти муштараки онҳо.

Кӯмакҳо пас аз баҳси тунд байни Трамп ва Зеленский муваққатан боздошт шуда буданд. Дар натиҷа, артиши Украина дар чанд рӯз тақрибан се як ҳиссаи арзи контроли худро дар вилояти Курскро аз даст дод.

Пештар ВАО навиштанд, ки боздошти кӯмакҳои низомии ИМА метавонад як роҳе барои фишор овардан ба Украина бошад, то ки Киевро барои музокира бо Маскав равона кунад.

 

ИМА натиҷаҳои музокиротро ба Русия хоҳанд расонд

Марко Рубио, котиби давлатии Амрико, ки дар музокироти Саудӣ раҳбарии ҳайати Амрикоро ба душ дошт, натиҷаи гуфтушунидро мусбат арзёбӣ карда, гуфтааст: “Рӯзи хубе буд. Мо ҳоло ба боз гардонидани сулҳ ба Украина як қадам наздиктар шудем. Мо натиҷаи музокиротро ба ҷониби Русия пешниҳод мекунем ва умедворем, ки онҳо ба сулҳ "бале" мегӯянд. Тӯб акнун дар замини Русия аст”.  Вай изҳор умедворӣ кардааст, ки «русҳо ҷавоби мусбат хоҳанд дод».

Пештар Доналд Трамп изҳор дошт, ки президенти Русия Владимир Путин «хоҳиши сулҳ дорад», аммо дар айни замон ӯ ба Русия таҳдид кард, ки агар онҳо ба тарафи сулҳ нараванд, «санксияҳои калон» таҳдид мекунад.

 

Трамп гуфт, ки Русия ва ИМА "имрӯз ё фардо" мулоқот хоҳанд кард

ИМА ва Русия барои баррасии оташбаси Украина 11 ё 12 март мулоқот хоҳанд кард, гуфтааст Доналд Трамп, президенти ИМА. Дар ин бора хабаргузории “Reuters” хабар медиҳад.

Трамп афзуд, ки ӯ президент Зеленскийро ба Кохи сафед дубора даъват хоҳад кард, зеро «мо мехоҳем ҷангро дар Украина хотима диҳем».

Дар ҳаимн ҳол, як манбаи “Би-Би-Си” ва телевизиони “CBS” хабар доданд, ки намояндаи вижаи президенти Трамп барои Ховари Миёна Стив Уиткофф воқеан мехоҳад ин ҳафта ба Русия сафар кунад ва ӯ масъалаи қатъи ҷанг дар Украинаро муҳокима хоҳад кард.

Пештар оҷонсии хабарии “Bloomberg” низ хабар дода буд, ки Уиткофф ба Русия сафар хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Амрико ва Украина дар ин музокирот масъалаи созишнома дар бораи истихроҷи маъданҳои Украинаро баррасӣ накардаанд. Ин қарордод ҳафтаҳо мавриди баррасӣ буд, вале баъди баҳси лафзии Трамп ва Зеленский имзои он ба таъхир афтод

Марко Рубио, гуфтааст, ки ки ҳайатҳои амрикоӣ ва украинӣ дар Ҷидда «дар пайи сулҳ» буданд, аммо ин маънои онро надорад, ки ин шартнома муҳим нест.

“Бешубҳа муҳим аст ва мо инро дар изҳороти муштараки худ зикр мекунем»,- гуфтааст Рубио.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.