Мақомот ба муҳоҷирон ҳушдор доданд, ки бори нафарони ношиносро набаранд

Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як огоҳӣ аз муҳоҷирон хост, ҳангоми сафар ба Русия ва ё бозгашт ба ватан аз бурдани бор, ҳуҷҷат ва дигар ашёҳои шахсони ношинос, ки таркибашон муайян нест, худдорӣ кунанд. Ин ниҳод ҳамчунин аз муҳоҷирон талаб кардааст, ки ҳангоми сафар аз як вилоят ба вилояти дигари Русия бағоҷҳои […]

Asia-Plus

Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як огоҳӣ аз муҳоҷирон хост, ҳангоми сафар ба Русия ва ё бозгашт ба ватан аз бурдани бор, ҳуҷҷат ва дигар ашёҳои шахсони ношинос, ки таркибашон муайян нест, худдорӣ кунанд.

Ин ниҳод ҳамчунин аз муҳоҷирон талаб кардааст, ки ҳангоми сафар аз як вилоят ба вилояти дигари Русия бағоҷҳои шахсони ношиносро интиқол надиҳанд.

Дар огоҳии Намояндагӣ аз муҳоҷироне, ки ба таксиронӣ ва колорасонӣ машғуланд, хоста шудааст, ки вақти қабули фармоиш ҳатман аз фармоишгар таркиби ашё ё баҷоғи мебурдаашонро пурсон шаванд, то фаҳманд дохили он чӣ дорад.

Дар идома ин ниҳод аз муҳоҷирон хостааст, ашёҳоеро, ки истифодаашон манъ ва ғайриқонунӣ аст, ба дигар ҷо интиқол надиҳанд.

Ин ниҳод нагуфтааст, ки бо кадом сабабу ангезаҳо ба муҳоҷирон чунин ҳушдор додааст.

Намояндагӣ дар сомонааш гуфтааст, ки дар сурати пайдо шудани савол ва гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон муҳоҷирон метавонанд ба ин ниҳод бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва паёмрасони “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.