Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!

То аввали моҳи март ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар тамоми манотиқи кишвар 60 майдони  нави пойгоҳҳои  базавӣ (ПБ)-ро ба кор даровард. Соли ҷорӣ шумораи умумии пойгоҳҳои нави базавии 4G/LTE, ки дар ин майдонҳо  насб шудаанд ва дар диапазонҳои басомади гуногун кор мекунанд, аз 100 адад гузашт. Сохтмони фаъолонаи шабакаи насли чорум ҷиҳати  дастгирии ташаббусҳои ҳукумат дар […]

Варақаи иттилоотӣ

То аввали моҳи март ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар тамоми манотиқи кишвар 60 майдони  нави пойгоҳҳои  базавӣ (ПБ)-ро ба кор даровард. Соли ҷорӣ шумораи умумии пойгоҳҳои нави базавии 4G/LTE, ки дар ин майдонҳо  насб шудаанд ва дар диапазонҳои басомади гуногун кор мекунанд, аз 100 адад гузашт. Сохтмони фаъолонаи шабакаи насли чорум ҷиҳати  дастгирии ташаббусҳои ҳукумат дар самти  рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсияҳо  идома дорад.  

Дар оғози соли 2025 ширкат шумораи бештари пойгоҳҳои  нави базавии  4G-ро дар вилояти Хатлон  роҳандозӣ намудааст.   Дар ин ҷо шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо зиёда аз 20 ПБ  дар шаҳрҳои   Бохтар, Кӯлоб, Левакант, Норак,  Данғара ва ноҳияҳои  Ч.Балхӣ, Восеъ, Ҷайхун, А.Ҷомӣ, Қубодиён, Кушониён, Фархор, Хуросон ва Ёвон васеъ карда шуд.    

Дар ҷои дуюм вилояти Суғд қарор дорад, ки дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ  ва Спитамен 14 майдони пойгоҳи базавӣ фаъол гардид.       

Илова бар ин, дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои  Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб, Турсунзода, Файзобод, Шаҳринав ва дар як қатор  ноҳияҳои ВМКБ, аз ҷумла  Ванҷ,   Дарвоз, Мурғоб ва Рӯшон  шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» тақвият дода шудааст. Ҳамгироии  пойгоҳҳои нави базавӣ суръати интернети мобилиро  баланд бардошта,    ҷиҳати  дастрасии хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои сокинони минтақаҳои Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.   

«Солҳои 2025-2030 дар кишварамон    «Солҳои рушди  иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд.  Бо мақсади вусъат  бахшидан  ва пайваста васеъ намудани  digital-сервисҳо,  мо аз рӯзҳои аввали моҳи январ  фаъолона  пойгоҳҳои базавиро  дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кор медарорем.  Ҳамаи ин  тасмимҳо барои қонеъгардонии талаботи замон  ва интизориҳои  муштариёни  мо  равона  гардидааст», – мегӯяд Директори генералии  ширкати   «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио