Аввалин Форуми байнулмилалии заргарӣ дар Душанбе: мероси фарҳангӣ ва уфуқҳои нав

Аввалин Форуми байнулмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон таҳти унвони “Дар саргаҳи хазинаи Амударё” рӯзҳои 24-26 март баргузор шуд. Чорабинӣ дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ва маркази намоишгоҳи Dushanbe EXPO Centre баргузор шуда, ҳунармандону тарроҳон, устоҳо ва сармоягузорону коршиносони зиёда аз 15 кишварро дар Душанбе гирдиҳам овард. Форум як майдони хубе шуд барои тарғиби анъанаҳои заргарии […]

Садаф Мирзоева, Asia-Plus

Аввалин Форуми байнулмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон таҳти унвони “Дар саргаҳи хазинаи Амударё” рӯзҳои 24-26 март баргузор шуд.

Чорабинӣ дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ва маркази намоишгоҳи Dushanbe EXPO Centre баргузор шуда, ҳунармандону тарроҳон, устоҳо ва сармоягузорону коршиносони зиёда аз 15 кишварро дар Душанбе гирдиҳам овард.

Форум як майдони хубе шуд барои тарғиби анъанаҳои заргарии тоҷикӣ, табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ. Дар доираи он ҷаласаҳои соҳавӣ (пленарӣ), машғулиятҳои таълимӣ, намоиш-фурӯши маснуоти заргарӣ, намоиши мӯд ва ҳамчунин сафарҳои шиносоӣ ба ёдгориҳои фарҳангии Душанбе баргузор гардиданд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш муовини якуми сарвазир Ҳоким Холиқзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода суханронӣ карданд.

Гардонандаи форум меҳмони хос аз Қазоқистон Лилия Рах, муассис ва роҳбари ширкати Sauvage Group, ровии телевизион, услубсоз ва тарроҳ буд. Ӯ фазои муколамаи созанда ва мубодилаи андешаҳоро байни иштирокчиён фароҳам сохт.

Ҷаласаи пленарӣ ва баҳси минбаъда, ки дар он роҳбарони соҳа масоили муосир ва дурнамои бахши заргариро баррасӣ намуданд, рӯйдоди муҳими ҳамоиш буд.

Дар баррасии ин масоил вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, муовини раиси ассотсиатсияи "Ӯзбекзаргарсаноатӣ" Сироҷ Шарипов ва намояндагони ҷомеаи байналмилалии заргарон иштирок карданд.

Дар форум ба мероси фарҳангии минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Ба меҳмонони форум наворҳои видеоӣ дар бораи Бохтари қадим намоиш дода шуданд, ки ин ба онҳо ҷиҳати эҳсоси бештар амиқи решаҳои таърихии ҳунари заргарии тоҷик, ки бо анъанаҳо ва ҳунарҳои қадимӣ пайванд доранд, имкон дод.

Дар доираи форум мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба аҳамияти чорабинӣ ва нақши ҳунар дар ҳифзи мерос назари худро баён намуданд.

Лариса Додхудоева, олим, таърихшинос, доктори илмҳои таърих, мудири бахши мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносиии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ҶТ чунин изҳори назар кард:

“Таърихи ҳунар нақши бузурге мебозад, зеро он аҳаммият ба мероси қадимии моро муҳим месозад. Муҳим аст, ки таҳқиқот дар ин самт ба ғанисозии фарҳанги мардумшиносии тоҷикон мусоидат кунад. Хазинаи Амударё як ёдгории нодир аст, ки таърихи ғании минтақаамонро нишон медиҳад. Қисме аз ин ганҷина дар Осорхонаи Британия маҳфуз аст, ки онро яке аз маҷмӯаҳо (коллексияҳо)-и гаронбаҳо мешуморанд. Ҳатто имрӯз бостоншиносони мо осори дорои аҳамияти ҷаҳониро меёбанд ва ман итминон дорам, ки ин форум дар таблиғи мероси мо нақши муҳим мебозад.

Дар Тоҷикистон анъанаҳои ғании заргарӣ ташаккул ёфтаанд. Бисёр муҳим аст, ки заргарон аз кишварҳои дигар бештар ба кишвари мо биёянд ва усулҳои қадимиро омӯзанд, ки беназир ва нодир мебошанд”.

Заррина Умарова, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи фарҳангшиносии ДСРТ дар навбати худ зикр кард, ки барномаи форум бо анъанаҳои ҳунари заргарӣ ҳамоҳанг аст ва номи он “Дар саргаҳи хазинаи Амударё” ғановати мероси таърихиро инъикос мекунад, зеро таблиғи ҳунари қадимӣ дар ҳифзи он нақши калидӣ дорад.

Форум бо маросими танатанавии хӯроки шом хотима ёфт. Дар доираи он намоиши маҷмӯаи либосҳои тарроҳи маъруфи тоҷик Нафиса Имронова ва муаррифии ҷавоҳироти ҳунарманди ҷавони тоҷик Фараҳ Орифӣ, ки аз ганҷинаҳои хазинаи Амударё гирифтааст, баргузор шуд.

“Мо захираҳои бойи табиӣ дорем, ки метавонанд заминае барои рушди устувори соҳаи заргарӣ гарданд», — илова намуд ӯ.

Аввалин форуми байналмилалии заргарӣ дар шаҳри Душанбе на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа як рӯйдоди муҳим гардид. Ба туфайли иштироки мутахассисон аз 15 кишвар, чорабинӣ ба майдони муҳими баррасии дурнамои соҳа, мубодилаи таҷриба ва таблиғи мероси фарҳангӣ, ки ҳунармандони муосирро илҳом мебахшад, табдил ёфт.

Форум бо маросими танатанавии хӯроки шом хотима ёфт. Дар доираи он намоиши маҷмӯаи либосҳои тарроҳи маъруфи тоҷик Нафиса Имронова ва муаррифии ҷавоҳироти ҳунарманди ҷавони тоҷик Фараҳ Орифӣ, ки аз ганҷинаҳои хазинаи Амударё гирифтааст, баргузор шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.