Нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Ашқобод

Рӯзи 27 март дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад,  дар кори нишаст вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Гуфта мешавад, зимни нишаст иштирокчиён масоили мубрами рӯзномаи байниминтақавӣ, инчунин ҳолати кунунӣ […]

Рӯзи 27 март дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад,  дар кори нишаст вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Гуфта мешавад, зимни нишаст иштирокчиён масоили мубрами рӯзномаи байниминтақавӣ, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо батафсил баррасӣ карданд.

“Роҳбарони ҳайатҳо аз ҷумла пешниҳодоти худро дар хусуси густариши баъдии робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, иттисоли нақлиётӣ, рақамикунонӣ, маорифу фарҳанг, амният ва ҳифзи муҳити зист манзур намуданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ба масоли тадорукот ба нахустин ҳамоиши дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи ин чорабинӣ президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов вазиронро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҳошияи нишаст Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кайя Каллас барпо гардид, дидору гуфтушунид анҷом дода, аснои вохӯри мусоҳибон ба сатҳи феълии шарикии гуногунпаҳлӯ ва муассири Душанбе ва Брюссел баҳои баланд доданд.

Дар вохӯрӣ мавзӯоти зиёди мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла ҳамкорӣ дар амри тавлиди нерӯи сабз, вусъати долонҳои устувори нақлиётӣ, пешбурди иттисоли рақамӣ, такмили соҳаҳои кишоварзӣ ва маориф, ҳамчунин масоили амниятӣ ва мусоидат дар таҳкими марзҳо баррасӣ гардиданд.

Шарикӣ дар бобати муқовимат ба чолишу таҳдидҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи муштараки тарҳҳои мушаххас дар самти энергетика як бахши муҳимми муҳокимаҳои ин гуфтушунидро ташкил дод.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дидору гуфтушунид карда, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои кишварҳоо дар соҳаҳои мухталиф матраҳ шуд ва оид ба дидгоҳҳои тарафайн дар мавриди идомаи шарикии мутақобилан судманд табодули афкорсурат гирифт.

Вазирон рафти татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ дар солҳои охир бадастомада ва андешидани чораҳоро дар доираи шарикии стратегӣ матраҳ намуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.