Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба Самарқанд меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 апрел барои ширкат дар нишасти сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба Ӯзбекистон меравад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Нишаст дар Самарқанд таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, намояндагони вломақоми Иттиҳоди Аврупо ва сарони кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон ва […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 апрел барои ширкат дар нишасти сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба Ӯзбекистон меравад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нишаст дар Самарқанд таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, намояндагони вломақоми Иттиҳоди Аврупо ва сарони кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Туркманистон доир мегардад.

Гуфта мешавад, дар ҳошияи ҳамоиш, ки таҳти шиори «Сармоягузорӣ ба оянда» баргузор мегардад, ҳамчунин як қатор мулоқотҳои дуҷонибаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Қаблан ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон муҳтавои аввалин нишаст дар таърихи “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”-ро муаррифӣ кард.

Дар он иштироки роҳбари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта  ва сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар назар аст.

Дар ин нишаст ҳамчунин  аз иштироки роҳбарони Бонки аврупоиии таҷдиду рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ низ интизорӣ меравад.

Дар назар аст, ки зимни нишаст намояндагони Иттиҳоди Аврупо манфиатдории худро ба густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тасдиқ менамоянд, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду амният ва энергетика.

Қаблан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нишасти мазкурро «воқеъан таърихӣ» номида, изҳор дошт, ки аввалин маротиба роҳбарони кишварҳои минтақа ва Иттиҳоди АВрупо дар як ҷо гирдиҳам меоянд.

Сарвари давлати Ӯзбекистон зикр кард, ки нишаст ба марҳилаи муҳими рушд дар муносибатҳои байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табдил хоҳад шуд ва илова намудааст, ки дар солҳои ахир ин ҳамкориҳо ба сатҳи сифатан нав расидааст.

«Умедворем, ки гуфтушуниди сиёсӣ амиқтар шуда, механизмҳои нави ҳамкориҳои мо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат ва доимӣ таҳия хоҳад шуд», — изҳор дошт президенти кишвар.

Ба гуфтаи президенти Ӯзбекистон, яке аз натиҷаҳои калидии нишаст бояд имзои Эъломияи Самарқанд бошад, ки хоҳиши умумии тарафҳоро барои муқаррар намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ инъикос мекунад.

Дар идома сиёсатмадор маълумоти оморӣ овард,, ки мувофиқи он тайи 7 соли ахир гардиши молу маҳсулот байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо 4 баробар афзуда, то нишондиҳандаи 54 млрд евро расидааст.

Тайи солҳои ахир муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар сатҳи олӣ густариш ёфтанд. Моҳи октябри соли 2022 дар Қазоқистон ва моҳи июни соли 2023 дар Қирғизистон ду вохӯрии роҳбарон баргузор шуд.

Ғайр аз ин, як қатор вохӯрии вазирон, аз ҷумла охиринаш соли 2023 дар Люксембург доир гардид, ки дар он харитаи роҳи муштарак оид ба густариши робитаҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мувофиқа шуд.

Рӯзи 4 марти соли 2025 дар Ашқобод (Туркманистон) вохӯрии 20-уми вазирони Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ оид ба омодагӣ ба нишаст доир гардид.

Соли 2019 Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ стратегияи нав қабул кард. Дар он аҳаммияти афзояндаи минтақа барои манфиатҳои Иттиҳод таъкид шуда, он ба тағйироти мусбат дар ҳамкории минтақавӣ тайи солҳои ахир асос ёфтааст.

Иттиҳоди Аврупо шарики бузургтарини савдо, инчунин сармоягузори бузурги минтақа маҳсуб меёбад, ки зиёда аз 40%-и тамоми сармоягузориҳо ба Осиёи Марказӣ ба ҳиссаи он рост меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.