Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмон ба вилояти Хатлон сафар кард. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмон дар чанде аз иншооти вилоят, аз ҷумла меҳмонхона, мактаб ва муассисаҳои фарҳангӣ шинос шуд. Ӯ муҳиммияти рушди босуръати минтақаҳо ва амалисозии лоиҳаҳоеро, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмон ба вилояти Хатлон сафар кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмон дар чанде аз иншооти вилоят, аз ҷумла меҳмонхона, мактаб ва муассисаҳои фарҳангӣ шинос шуд. Ӯ муҳиммияти рушди босуръати минтақаҳо ва амалисозии лоиҳаҳоеро, ки ба беҳбуди иншооти зерсохтори минтақа нигаронида шудаанд, зикр кард.

Дар ноҳияи Данғара сарвазир аз ду маҷмааи меҳмонхонаҳо, ки яктоаш барои 264 нафар пешбинӣ гардида, соли 2026 сохтмонаш ба анҷом меравад ва дигар меҳмонхона бо 250 ҷой, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад, боздид кард.

Ҳамчунин дар деҳаи Туту муассисаи таълимӣ – мактаб бо 240 ҷойи нишаст ифтитоҳ шуд, ки бо дастгирии Бонки исломии рушд сохта шудааст. Арзиши сохтмони мактаб қариб 7 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар деҳаи Рахшонзамин сохтмони мактаб бо 2160 ҷойи нишаст идома дорад.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз майдони сохтмони Театри миллӣ бо 1700 ҷойи нишаст, иншооти соҳаи тандурустӣ ва таълимоти томактабӣ боздид намуд.

Зимни муроҷиат ба сокинон сарвазир таъкид дошт, ки барои рушди босуръати иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда иштироки фаъолонаи ҳамаи сохторҳо ва соҳибкорон муҳим аст.

Сафари кории сарвазир ба вилояти Хатлон идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.