Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?

Date:

Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam-2025” ё “Тоскулоҳи бузург-2025” муайян шуданд. Онҳо тариқи қуваозмоии интихобӣ рӯзи 7-уми апрел интихоб шуданд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, ҷудокорони тоҷик дар 7 вазн байни ҳам барои ба даст овардани роҳхат ба ин мусобиқот вориди рақобат гардидаанд.

Дар натиҷа, 36 ҷудокори тоҷик, аз ҷумла 28 мард ва 8 зан ба мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam-2025” роҳхат гирифтаанд:

Дар вазни то 60 кг:

Ҳақдод Гулов, Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов.

Дар вазни то 66 кг:

– Эмомалии Нуралӣ, Обид Ҷебов, Ёсин Бобокалонов, Шаҳбоз Саидабуроров.

Дар вазни то 73 кг:

– Абубакр Шеров, Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳиддин Ассадулоев, Маҳмадшариф Наҷмиддинов.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар вазни  то 81 кг:

– Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфидинзода.

Дар вазни то 90 кг:

– Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музамммир Каримзод.

Дар вазни то 100 кг:

– Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев, Кароматулло Ҳакимов;

Дар вазни аз 100 кг боло:

– Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Занон:

Аҳлия Муминова, Райҳона Розиқзода дар вазни то 48 кг;

Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумаева, Насиба Карликова дар вазни то 52 кг;

Александра Кан, Раҳмия Ҳанҷарбекова дар вазни то 57 кг;

Виктория Киселёва дар вазни то 67 кг.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2025” рӯзҳои 2-4 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" дар Душанбе дар соли 2024 ҳайати Тоҷикистон аз 37 ҷудокор – 28 мард ва 9 зан иборат буд. Дар мусобиқа ҳамагӣ 390 ҷудокор аз 65 кишвар ширкат варзиданд.

Дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон бо касби 7 медал – 1 тилло, 3 – нуқра ва 3 – биринҷӣ зинаи 4-умро касб кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...