Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад

Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷи имсола тартиботи нав ҷорӣ кард. Акнун аз охири моҳи апрел ҳеҷ кас ҳаққи ба шаҳри Макка ворид шудан надорад, агар раводиди ҳаҷ надошта бошад. Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим тағйироти нави ҳаҷро ба “Азия-Плюс” шарҳ дода, гуфтанд, ки солҳои қабл зоирони тоҷик бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои дигар, моҳе […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷи имсола тартиботи нав ҷорӣ кард. Акнун аз охири моҳи апрел ҳеҷ кас ҳаққи ба шаҳри Макка ворид шудан надорад, агар раводиди ҳаҷ надошта бошад.

Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим тағйироти нави ҳаҷро ба “Азия-Плюс” шарҳ дода, гуфтанд, ки солҳои қабл зоирони тоҷик бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои дигар, моҳе пеш аз оғози маросими ҳаҷ, ба Арабистони Саудӣ рафта, он ҷо меистоданд ва бо роҳи ғайриқонунӣ ҳаҷ мекарданд.

Бар асоси тағйироти наве, ки Вазорати корҳои дохилаи Арабистони Саудӣ онро нашр кард, аз 29-уми апрели 2025 барои ворид шудан ба шаҳри Макка ва адои ҳаҷ фақат онҳое, ки раводиди махсуси ҳаҷро доранд, иҷозат хоҳанд дошт.

Яъне, тақрибан ду моҳ пеш аз маросими ҳаҷ маҳдудият ҷорӣ шуд, ки ҷилави ғайриқонунӣ ба шаҳри Макка даромада, иқомат гирифта, ҳаҷ карданро мегирад.

Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим гуфтанд, ки дар асоси ин тағйирот минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи ширкатҳои кишварҳои дигар ба сафари ҳаҷ мераванд, имкони ба шаҳри Макка даромадан надоранд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан аз кишвари  ҳамсояи Ӯзбекистон ва Русия ба умра мераванд ва бо будубоши ғайриқонунӣ барои чанд муддат, талош мекунанд маносики ҳаҷро адо намоянд.

“Дигар бо раводиди сайёҳӣ, умра ё тиҷоратӣ аслан вориди Макка шудан ғайриимкон шуд. Акнун набояд шаҳрвандони кишвари мо бо ширкатҳои кишварҳои дигар ба ҳаҷ раванд, зеро ҳаҷро адо карда наметавонанд ва бо вуҷуди ин ҷазои сангин ҳам мегиранд”, – гуфтанд аз ин Кумита.

Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим таъкид карданд, ки “сарфи назар аз баёнияҳои Кумита, бинобар арзон пешниҳод намудани сафар шаҳрвандони мо бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои ҳамсоя ба ҳаҷ мерафтанд, вале баъди анҷоми мавсими ҳаҷ баъзе аз шаҳрвандони кишвар ба мо муроҷиат мекарданд, ки мавриди фиреби ширкатҳои хориҷӣ қарор гирифтаанд”.

 

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, зоҳиран бо дарназардошти нашри густурдаи тарғиботи ширкатҳои хориҷӣ дар фазои маҷозӣ имсол низ ба эҳтимоли зиёд бисёре аз шаҳрвандони кишвари мо барои адои ҳаҷ ба чунин ширкатҳо муроҷиат кардаанд.

“Дар солҳои гузашта чунин ширкатҳо зоиронро то шаҳри Макка бурда, бо ҳамин дигар хидмат намерасониданд. Махсусан, барои ба Минову Арафот баровардани зоироне, ки  ба таври ғайриқонунӣ сафар кардаанд, мушкилоти қонунӣ ба вуҷуд меомад. Имсол бошад, кишвари мизбони ҳаҷ тасмим гирифтааст, ки аслан чунин зоирони ғайрирасмиро ба ҳудуди шаҳри Макка ҳам роҳ надиҳад”, – шарҳ доданд аз Кумитаи дин.

Мавриди зикр аст, ки тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, ки имсол дар ҳеҷ сурат бо ширкатҳои кишварҳои хориҷӣ ба ҳаҷ нараванд, ки дучори мушкил гардида, имкони адои ҳаҷро пайдо намекунанд.

Зикр кардан ба марид аст, ки тартиби нави Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дар пайи он, даъвати Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон танҳо ба адои ҳаҷ рабт дорад. Сафари умра мисли пешин озод аст.

Бояд гуфт, ки замони сафари ҳаҷ – 2025 нимаи дуюми моҳи май  муқаррар шуда, он то нимаҳои моҳи июн давом мекунад. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.

Имсол ҳам Арабистони Саудӣ барои мавсими Ҳаҷи имсола ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.

Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адои рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Соли 2023 теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Дар пайи як задухӯрд дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ду қочоқбар, ки “аз Афғонистон марзи Тоҷикистон ғайриқонунӣ убур карданд” кушта шуда, як тани онҳо...

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.