Маҳбусон аксаран дар зиндон огоҳ мешаванд, ки баъди ба озодӣ баромадан метавонанд, кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бигиранд, вале намедонанд, ки ин кумакпулӣ чӣ гуна ва дар кадом ҳаҷм ба дасти онҳо мерасад. Мақомот мегӯяд, ки ҳамин ноогоҳии маҳбусон боис ба шикояти онҳо мешавад. Зиндониёни собиқ аз “бюрократия” дар самти дастрас кардани маблағ шикоят мекунанд.
“Гирифтани пул осон набуд”
Таҳияи ҳуҷҷатҳо барои рӯёнидани кумакпулии иҷтимоӣ мушкили аслии маҳбусони собиқ аст, ки онҳоро сарсон кардааст.
Фариддун, номи шартии ҷавони 27-сола, аз ноҳияи Левакант, ки соли 2019, баъди чор соли маҳбас дар асоси Қонуни авф ба озодӣ баромад ва чанд моҳ бекор буд.
Ин маҳбуси собиқ гуфт, на ҳама аз кумапулие, ки баъди ба озодӣ баромадан бояд дода шавад, огоҳ ҳастанд.
“Ман намедонистам, ки барои мо пул медиҳанд. Хабардор шудам, вале гирифтани пул осон набуд. Ҳуҷҷатҳои зиёд пурсиданд, чанд маротиба муроҷиат кардам ва дар ниҳоят пулро доданд. Буданд нафароне, ки як ё ду бор муроҷиат карда, дигар пулро суроғ накарданд”,-гуфт Фаридун.
Бо вуҷуди ин, ҳастанд зиндониёне, ки мегӯянд, бидуни мушкил пулро аз идораҳои шуғли аҳолӣ пайдо кардаанд.
Аз ҷумла, Рустам Бобоев, собиқ маҳбуси 60-сола, ки ҳангоми адои ҷазо дар зиндон огоҳ шуд, ки метавонад дар шаҳру ноҳияе, ки зиндагӣ мекунад, кумакпулии иҷтимоӣ бигирад. Ин сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки барои гирифтани пул писараш корҳои ҳуҷҷатгузориро анҷом дод ва ӯ соли гузашта 1200 сомонӣ кумакпулӣ дарёфт кард.
Ҳаҷми кумакпулӣ барои зиндониён чанд аст?
Дар асоси барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон кумакпулии иҷтимоии яквақта ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки мақоми бекорӣ доранд, хусусан маҳбусони собиқ баъди адои ҷазо.
Тибқи иттилои расмӣ, кумакпулии иҷтимоӣ баробар ба як маоши ҳадди ақал дар кишвар, ки то 1-уми июли соли 2022 400 сомониро ташкил медод, дар се марҳила, яъне дар як навбат 400 сомонӣ ва дар се марҳила 1200 сомонӣ пардохт мешуд. Ҳамин тариқ, баъди 1-уми июли соли 2022 маоши ҳадди ақал дар кишвар 600 сомонӣ муқарар шуд ва акнун, дар як сол 600 сомонӣ дар се марҳала, дар маҷмуъ 1800 сомонӣ пардохт мешавад.
Маҳбуси собиқ барои гирифтани ин пул бояд нусхаи шиноснома, маълумотнома аз муассисаи ислоҳӣ дар бораи озод шудан, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунии ҳайати оила ва маҳаллӣ зистро дошта бошанд.
Акбаршо, марди 54-сола, дар яке аз зиндонҳои шаҳри Волгогради Русия 5 сол зиндонӣ буд. Як сол пеш аз зиндон озод ва ба Тоҷикистон омад.
Ӯ гуфт, дар бораи гирифтани кумакпулӣ ба зиндониёни собиқи бекор дар маҳбаси Русия касе нагуфт. Танҳо баъди он ки ба ватан омаду барои гирифтани шиноснома ба идораи шиносномадиҳӣ муроҷиат кард, ба ӯ гуфтанд, ба идораи шуғли аҳолӣ муроҷиат карда, кумакпулӣ гиред.
“Дар дуруст кардани ҳуҷҷатҳо мушкилӣ надоштам. Ҳар гоҳе, ки аз деҳа ба марказ меомадам, аз масъулини идораи шуғли аҳолӣ мепурсидам, ки пул шудаст ё не. Гоҳо онҳо ба ман занг мезаданд. Вале ҳангоми гирифтани пул аз “Амонатбонк” мушкилӣ мешуд, ки пул набуд ва ё одамон зиёд буданду бонкаматҳо пул надоштанд. Соли гузашта ду маротиба 400 сомонӣ гирифтам. Имсол ҳоло маблағ нагирифтам, вале гуфтанд, зиёд шудааст”,-нақл кард Акбаршо.
Ҳуҷҷатҳоро дуруст ва сари вақт пешниҳод кунанд
Аз Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон гуфтанд, ки агар маҳбусони собиқ тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимиро донанд, мушкиле пеш намеояд.
Файзализода Қобилҷон, сардори ин Раёсат дар суҳбат гуфт, агар ҳуҷҷатгузорӣ дуруст бошад, маҳбусони собиқ метавонанд дар муҳлати муайяншуда маблағро дастрас кунанд.
“Тибқи талаботи низомнома бар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бояд ба маҳалли зисташон муроҷиат кунанд, худро ҳамчун бекор сабт карда, мақоми бекорӣ мегиранд. Ин маблағ баъди мақоми бекорӣ гирифтан ба як нафар дар се марҳила дода мешавад. Шаҳрванд бояд ҳар моҳ омада худро ба қайд гирад, агар як моҳ ба қайд гираду моҳи дигар не, ба ӯ маблағ дода намешавад”,- афзуд ин масъули давлатӣ.
Ба гуфтаи Қобилҷон Файзализода бештари маҳбусони собиқ баъди ба озодӣ баромадан наметавонанд, ки ба осонӣ ҷойи кор пайдо кунанд. Аз ин рӯ, онҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд. Вақте барои кор муроҷиат мекунанд, аз онҳо ҳуҷҷати надоштани доғи судӣ талаб мекунанд.
“Шаҳвандоне, ки аз маҳбас озод мешаванд табақаҳои осебпазир ҳастанд, онҳоро ба касбомӯзӣ ва ба корҳои ҷаъмиятии музднок, инчунин корҳои сохтмонӣ даъват мекунем ва ба кор таъмин мекунем. Аз 600 то 800 сомонӣ маош мегиранд”,-гуфт номбурда.
Муроҷиат кам аст. Чаро?
Тибқи омори расмӣ аз шуъбаи назорати иҷрои қонунҳои прокуратураи вилояти Хатлон, дар авфи оммавии соли 2019 аз чаҳор муассисаи ислоҳӣ дар ҳудуди вилоят 1793 нафар ба озодӣ баромадааст.
Умриддин Ҳайтзода, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳои прокуратураи вилояти Хатлон аз додани иттилоъ дар бораи зиндониҳое, ки давоми чаҳор соли охир аз ин минтақа ба озодӣ баромаданд, худдорӣ кард.
Ӯ дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ гуфт, ки соли 2019 Қонуни авф татбиқ гардида буд, аз ин рӯ омораш дастрас аст.
“Мо омори ба озодӣ баромадаҳоро дар солҳои дигар дода наметавонем, ба мақомоти болоӣ муоҷиат кунед”,- илова кард Умриддин Ҳайтзода.
Дар инфографикаи зерин тавозуни кумакпулиҳои додашуда дар 5 соли охир инъикос ёфтааст.
Сабаби афзоиши якбораи теъдоди муроҷиаткунандагон ва ҳаҷми маблағҳо дар соли 2020 ба гуфтаи масъулин, ин қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” дар соли 2019 аст.
“Баъзе аз маҳбусони собиқ, ки моҳи ноябри соли 2019 дар асоси қонуни авф ба озодӣ баромаданд, соли 2020 барои гирифтани кумакпулӣ ба идора ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат карда, маблағ дастрас карданд, – гуфтанд аз Идораи меҳнат ва шуғли аҳолӣ.
Аз ин ниҳод афзуданд, ки на ҳамаи маҳбусони собиқ барои гирифтани кумакпулии иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд, аксарияти онҳо кор пайдо мекунанд ва ё ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Дар оморҳое, ки пешниҳод мешавад, танҳо онҳоеро сабт мекунанд, ки расман муроҷиат карда, ин кумакпулиро гирифтаанд.
Коршиносон мегӯянд, ки маҳбусони собиқ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ барои гирифтани кумакпулӣ ва пайдо кардани ҷойи кор мушкил доранд, аз як тараф бархӯрди ҷомеа ва аз тарафи дигар мутобиқ нашуданашон аст.
Суҳроби Сафариён, коршинос аз водии Вахш гуфт, вақте як маҳбуси собиқ бо ҷурми қалобӣ ё қатл зиндонӣ мешавад, баъди баромадан аз муассисаи ислоҳӣ муносибати мардум ислоҳ намешавад, ӯро ҳамеша ҳамчун қалоб ва “қотил” мешиносанд.
На ҳамаи онҳо ҳуҷҷати расмӣ доранд
Ба намояндагони “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2023, 40 нафар маҳбуси собиқ, ки дар миёнашон занон низ ҳастанд, муроҷиат кардаанд. Гирифтани кумакпулӣ ва пайдо кардани ҷойи кор аз мушкилоти муроҷиаткунандагон будаст.
Тибқи гузориши расмӣ дар соли 2019 дар Хатлон 1793 нафар аз муассисаҳои ислоҳӣ ба озодӣ баромадаанд, вале танҳо 20 нафар ба созмонҳои ҷаъмиятӣ дар мавриди мушкили бекорӣ муроҷиат кардаанд.
Ба иттилои масъулини “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар шаҳри Бохтар ба ин ниҳод соли 2020, 661 нафар маҳбуси собиқ муроҷиат кардааст, ки 510 нафар мард ва 151 нафарашон занон буда, аксарият дар гирифтани кумакпулиҳо мушкил доштаанд. Соли 2021 низ ҳудуди 90 нафар маҳбуси собиқ муроҷиат кардааст, ки 50 дарсади онҳо дар гирифтани кумакпулии иҷтимоӣ мушкил доштаанд. Соли 2022 бошад 75 нафар муроҷиат кардааст, ки 30 нафари онҳо мушкили гирифтани кумакпулӣ доштаанд.
Шикоят аз нагирифтани кумакпулӣ. Мақомот: мушкил нест!
Мақомот мегӯяд, дар тақсимоти кумакпулӣ, хусусан ба маҳбусони собиқ мушкиле нест, вале худи маҳбусони собиқ мегӯянд, ки барои гирифтани пул вақт ва талошҳои зиёд мекунад.
Аз Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Хатлон гуфтанд, ки ба онҳо шикояти маҳбусон мерасад, хусусан дар гирифтани пул. Вале мушаххас нагуфтанд, ки чанд маҳбуси собиқ бо мушкили нагирифтани кумакпулии иҷтимоӣ ба онҳо муроҷиат кард. Онҳо ноогоҳии маҳбусонро дар ин самт омили аслии шикояти онҳо медонанд.
Ҳарчанд мақомот даъво пеш меоранд, ки дар тақсимоти кумакпулӣ, хусусан ба маҳбусони собиқ мушкиле нест, вале худи маҳбусони собиқ мегӯянд, ки барои гирифтани пул вақт ва талошҳои зиёд мекунад.