Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд

Date:

“Тоҷиксуғурта ба қариб 200 оила дар ноҳияи Рашт, ки дар заминларзаи харобиовари охир зарар диданд, 483,5 ҳазор сомонӣ кӯмак кардааст. Аз ин, ба ҳар як 34 оилаи пурра зарардида 5 ҳазор сомонӣ, ба 72 оилаи қисман зарардида 2500 сомонӣ ва ба 89 оилаи зарари сабукрасида 1500 сомонӣ додаанд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) хабар дода, гуфтаст, ки “бартараф намудани паёмадҳои зилзила дар минтақа идома дорад”.

Дар бораи пардохти маблағ ба оилаҳои зарардида Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи изтирории ҳукумат дар робита ба баратарафкунии оқибатҳои заминҷунбӣ “Тоҷиксуғурта”-ро муваззаф карда буд.

Манбаъ гуфтааст, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зарангаки ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки Рашт  2,8 га замин ҷудо гардида, ба 19 оила  тақсим карда шудааст.

Ҳамчунин, Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон ба ҳар як 70 оилаи зарардида 50 кг орд, 20 кг шакар, 5 литр равған, 20 кг макарон, 500 сомонӣ, дар умум 35 ҳазор сомонӣ кӯмак расонидааст.

Ба 30 оила аз дар деҳаҳои Уштурпаст, Махсумо, Ярхаби Чуқурак, Хулаки ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт маводи безараргардонӣ (хлор) тақсим карда шудаст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

КҲФ мегӯяд, Комиссияи муштарак оид ба бартараф кардани оқибатҳои заминҷунбӣ бо роҳбарии Ҳотамшо Латифзода, муовини якуми раиси ин ниҳод, зарари расида ба хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Аскалон, Саришухон, Шархо, Кул, Зиҳибеди ҷамоати деҳоти Аскалон ва деҳаҳои Ҳазорчашма, Моҳихоса ва Яхакпасти ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, Лангараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхро такроран санҷидааст.

Дар ҳамин ҳол, КҲФ субҳи имрӯз, 24-уми апрел хабар дод, ки намояндагии чанд созмони байналмилалӣ ба 156 оилаи ноҳияи Тоҷикобод ва 260 хонавода дар ноҳияи Рашт орд, равғани растанӣ, нахӯд ва дигар маҳсулоти хурокворӣ кӯмак кардаанд. Ҳаҷми ёриҳо гуфта намешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамчунин, дар натиҷаи заминҷунбӣ, дар умум ба 65 хонаи истиқоматӣ пурра, ба 193 хона қисман, ба 150 хона осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон, аз ҷумла, 1 беморхонаи, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 мактаб зарар расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбтӣ дар робита ба бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар минтақаи Рашт супориш дода буд, ки ба зарардидаҳо замин ҷудо карда шуда, хонаҳои онҳо то 1-уми ноябр пурра сохта ба истифода дода шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...