Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили ҷашни Ғалаба дар ҶБВ ба Маскав рафт

Баъд аз зуҳри имрӯз, 8-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади ширкат чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ бо як сафари корӣ ба шаҳри Маскав рафт. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар дода, навиштааст, ки раисҷумҳур бо даъвати Владимир Путин, президенти Русия ба ин кишвар сафар кард. Манбаъ навиштааст, […]

Asia-Plus

Баъд аз зуҳри имрӯз, 8-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади ширкат чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ бо як сафари корӣ ба шаҳри Маскав рафт.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар дода, навиштааст, ки раисҷумҳур бо даъвати Владимир Путин, президенти Русия ба ин кишвар сафар кард.

Манбаъ навиштааст, ки дар ин сафар Эмомалӣ Рамҳмонро ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

“Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок хоҳанд кард”, – навиштааст Хадамоти матбуотии президент.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, сарвазири Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳудуди 100 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар гузашти (парад)-и ҳарбии 80-солагии Ҷашни Ғалаба, ки 9-уми майи соли 2025 дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Ба сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба, гуфта мешавад, ки 19 кишвар, аз ҷумла сарони 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шудаанд.

Соли гузашта раҳбари Тоҷикистон бо даъвати Путин дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат карда буд.

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки дар рӯйхати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон 290 собиқадорони ақибгоҳ қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.