Музокироти Эрон ва Амрико. Даври навбатӣ 11-уми май баргузор мегардад

Даври чаҳоруми музокирот миёни Эрон ва Амрико пагоҳ, 11-уми май дар Умон баргузор мешавад. Умон миёнҷигари музокирот миёни ин ду кишвар аст. Қаблан расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар Эрон ва Уммон навишта буданд, ки бинобар сабаби “фаннӣ ва лоҷистикӣ” даври навбатии музокирот, ки дар назар буд рӯзи 3-юми май дар Рим, пойтахти Итолиё […]

Asia-Plus

Даври чаҳоруми музокирот миёни Эрон ва Амрико пагоҳ, 11-уми май дар Умон баргузор мешавад. Умон миёнҷигари музокирот миёни ин ду кишвар аст.

Қаблан расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар Эрон ва Уммон навишта буданд, ки бинобар сабаби “фаннӣ ва лоҷистикӣ” даври навбатии музокирот, ки дар назар буд рӯзи 3-юми май дар Рим, пойтахти Итолиё баргузор шавад, доир нагардид.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, ки даври чоруми музокироти ҳастаии Теҳрон ва Вашингтон қарор аст рӯзи 11-уми май дар Умон баргузор шавад. Ӯ таъкид кардааст, ки Умон ҳамчун мизбони музокирот, мувофиқати Амрикоро ҳам барои баргузории ин даври гуфтугӯҳо дарёфт кардааст.

Хабаргузории "Рейтерз" низ ба нақл аз манбаъҳои худ навиштааст, ки Стив Уиткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна, қарор аст дар ин рӯз ба Умон сафар кунад, то дар музокирот бо Эрон иштирок намояд.

Ёдовар мешавем, ки мақомҳои Эрон ва Амрико пас аз чанд ҳафта танишҳои лафзӣ билохира рӯзи 7-уми апрел эълом карданд, ки дар Уммон бар сари барномаи ҳастаии Эрон музокира баргузор мекунанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ва чандин мақомдорони дигари амрикоӣ таъкид мекарданд, ки музокирот “мустақим” баргузор мешавад. Вале намояндаҳои Эрон пофишорӣ мекарданд, ки гуфтугӯҳо бо Амрико “ғақримустақим” хоҳад буд.

То ин лаҳза ҷонибҳо се маротиба бо ҳам мулоқот ва музокирот карданд.

Бояд гуфт, соли 2015 Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд, аммо Трамп соли 2018 қарори хуруҷи Амрико аз ин созишро имзо кард.

Оид ба паёмадҳои мусбат ва манфии ин музокирот дар ин маводи “Азия-Плюс” “Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг? хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.