Ҳошим Гадо 88-сола шуд

Ҳошим Гадо, номдортарини ҳунарпешаи тоҷик имрӯз 88-сола шуд. Зодрӯзи ӯ дар пойтахт бошукӯҳ таҷлил гардид. Рӯзи 8-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати зодрӯзи ӯ маросими рӯнамоии дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмӯаи мақолаҳо ва китобҳои шарҳиҳолӣ” баргузор гардид. Инчунин дар толори алоҳидаи Китобхонаи миллӣ маҷмуи осори ҳунарпеша, аз ҷумла, тасвирҳо, нимпайкара, китобҳо ва лаҳзаҳои […]

Asia-Plus

Ҳошим Гадо, номдортарини ҳунарпешаи тоҷик имрӯз 88-сола шуд. Зодрӯзи ӯ дар пойтахт бошукӯҳ таҷлил гардид.

Рӯзи 8-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати зодрӯзи ӯ маросими рӯнамоии дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмӯаи мақолаҳо ва китобҳои шарҳиҳолӣ” баргузор гардид. Инчунин дар толори алоҳидаи Китобхонаи миллӣ маҷмуи осори ҳунарпеша, аз ҷумла, тасвирҳо, нимпайкара, китобҳо ва лаҳзаҳои таърихии ҳаёти ӯ ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамчунин, имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба муносибати мавлуди Ҳошим Гадо маҳфили фарҳангӣ доир шуд.

 

Ҳаёту эҷодиёти ҳунарманд

Ҳошим Гадо — ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр ва нависанда, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973). Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017).

Ҳошим Гадо 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст. Дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) (1960) ва Курсҳои олии коргардонии ГИТИС (1965) аст.

Аз соли 1961 то кунун ҳунарпеша ва коргардони Театри академи- драмавии Лоҳутӣ аст. Ҳунарнамоӣ дар киноро аз соли 1963 оғоз карда ва то кунун чандин нақш, аз ҷумла нақши Сӯҳроб, Фердинан, Гамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигар нақшҳоро офаридааст.

 

Ҳошим Гадо ҳамчунин коргардони бисёре аз намоишҳост ки маъруфтаринашон намоиши «Эдип» аст, ки беш аз сад бор иҷро шудааст. Вай соли 2008 дар чорчӯби ҷашнҳои бузургдошти Абу Абдуллоҳ Рӯдакӣ намоишномае дар бораи зиндагии сардафтари адабиёти порсӣ офарида ва намоиш дод. Вай ҳамчунин дар беш аз 50 филми коргардонони тоҷик ва хориҷӣ нақш иҷро кардааст. Ҳафтаномаи «Чархи гардун» беш аз 10 сол аст, ки ҳикоёти фалсафии ӯро чоп мекунад.

Ҳошим Гадо муаллифи садҳо китоб, аз ҷумла «Розҳо», «Асо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Я!?», «Кунҷ», «Кометы», «Ҷонбуз», «Ку», «Думы», «Мой Сухроб», «О Сократе» мебошад.

Ҳошим Гадо барои офариниши нақши Сӯҳроб дар театр дар адабиёти порсӣ, меъморӣ, пайкарнигорӣ, ториху фарҳанги асри Фирдавсӣ, тангашиносӣ ва тарроҳии пӯшок пажӯҳиш бурд ва варзишу бадансозӣ карду тану дасту бозуяшро обутоб дод. Ин ҳама сахткӯшии вай натиҷаи бисёр хубе ба бор овард — мунаққидон ин намоиш ва бозии ӯро чунон хуш пазируфтанд ки аз он замон то кунун филми «Рустам ва Сӯҳроб» яке аз беҳтарин филмҳои сохтаи замони шуравии Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

Ҳошим Гадо дар саҳна беш аз 150 нақшро бозӣ карда, намоишҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст. Муҳимтарини онҳо "Шоҳи Эдип" -и Софокл мебошад, ки  беш аз сад маротиба дар саҳна гузошта шудааст. Барои солгарди Рӯдакӣ дар соли 2008, ӯ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин шоир ва мутафаккир намоише ба саҳна гузоштааст.

Номбурда  дар беш аз 50 филми коргардонҳои тоҷик ва хориҷӣ дар киностудияҳои "Тоҷикфилм", "Узбекфилм", "Озарбойҷонфилм", "Беларусфилм" нақш офаридааст. Дар бештар аз 100 нақш дар филмҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ овоз додааст.

Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» устоди ҳунар, соҳибҷашн Ҳошим Гадоро бо ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дароз ва комёбиҳои нави эҷодӣ орзу мекунад!

Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.