Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 майи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 25 МАЙ

Дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузории барномаҳои мухталифи фарҳангиву фароғатӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳо, дарсҳои маҳорат ва вохӯрӣ бо футболбозон дар назар аст.

Имрӯз соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии Суперҷоми Тоҷикистон байни дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода баргузор мегардад.

Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши театрии “Тӯҳфаи паланг” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш, дар толори ошёнаи аввал “шоу-консерт бо лӯхтакҳо” низ дар назар аст. Чиптаҳоро аз кассаи театр ва сомонаи ticketon.tj дастрас кардан мумкин аст. 

Имрӯз соатҳои 17:00 ва 19:00 тавассути автобусҳои болокушоди сурх метавонед ба тамошои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт равед. Ин иқдом 10-уми май роҳандозӣ гардид ва то моҳи октябр идома меёбад. Мавзеи ҷамъшавӣ назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар шаҳри Тошканд Чемпионати "CAFA U-17–2025" идома дорад, ки он то 31-уми май давом мекунад. Дар мусобиқа 6 дастаи миллии наврасон аз Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. 

Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.

Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 25 МАЙ

Ҳамасола рӯзи 25-уми май дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология ҷашн гирифта мешавад..

Соли 1993 – Байни Тоҷикистон ва Русия созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила ба имзо расид.

Соли 1995 –  Оқохони IV, пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон, аввалин бор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад ва аз ҳамон дам мардуми ВМКБ ҳамасола ин рӯзро ба унвони Рӯзи Нур ҷашн мегиранд.

Соли 2004 – Дар марзи Тоҷикистону Чин гузаргоҳи назоратии Кулма–Қарасу ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2007 – Протоколи ҷамъ кардани мошинҳои эронии “Саманд” дар Тоҷикистон имзо гардид.  Ин протокол бо мақсади таъсиси истеҳсоли мошинҳои мазкур дар Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба байни ду кишвар ба имзо расида буд.

Бар асоси ин созишнома, нақшаи таъсиси корхонае барои истеҳсоли мошинҳои “Саманд” дар Тоҷикистон таҳия шуд.  Аммо то имрӯз иттилоъ дар бораи амалӣ шудани ин лоиҳа ё оғози истеҳсолот дар Тоҷикистон мавҷуд нест.

Соли 2020 – Беш аз 230 шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷасади 13 нафар, ки дар пайи пандемияи коронавирус дар Русия банда монда буданд, ба Ватан интиқол дода шуданд. Бо ҳамин хатсайр омӯзгорони рус, ки дар Тоҷикистон кор мекарданд, ба Маскав баргардонида шуданд.

Соли 2023 – Рустам Холиқов, роҳбари собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва директори пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шуд.

Нисбати ӯ бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316 қисми 3 банди “в”) ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 245 қисми 4 банди “а”) парвандаи ҷиноятӣ боз гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1926 – Мавлуди Абдуҳамид Ҷалилов, муаррих, доктори илмҳои таърих, профессор.

Соли 1929 – Зодрӯзи Суннатулло Бобохоҷаев, геологи тоҷик, доктори илмҳои геологияю минерология, профессор.

Соли 1934 – Мавлуди Олуболу Боқиев, таърихдон, доктори илмҳои таърих, профессор.

Соли 1956 – Зодрӯзи Хусрав Шамбезода, доктори илмҳои филология, профессор.

Соли 1972 – Зодрӯзи Самариддин Асозода, рӯзноманигор ва собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи Маҷлиси олии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Самариддин Асозода

Соли 2010 – Абдуҷалил Ҳомидов, собиқ раиси вилояти Суғд дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Абдуҷалил Ҳомидов соли 1992 раиси вилояти Ленинободи пешин вилояти имрӯзаи Суғд раис таъин шуд. Дар охири соли 1993 аз мақом барканор гардид. Вале дар остонаи интихоботи расёати ҷумҳурӣ дар соли 1994 бори дигар вайро дар ин мақом таин карданд.

Соли 1996 Ҳомидов дубора аз мақомаш барканор шуд ва ин бор барои зиндагӣ ба Тошканд рафт. Мақомоти расмии Тоҷикистон вайро барои ҳимоят аз Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги шӯришӣ ва барои ташкили сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон муттаҳам медонанд. Вай соли 2001 дар Хуҷанд ҳангоми ширкат дар ҷанозаи хоҳараш боздошт ва зиндонӣ шуд.

Абдуҷалил Ҳомидов, дар моҳи июни соли 2002 бо як силсила иттиҳомот, аз ҷумла, тероризм, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва сӯиқасд ба ҷони шахсиятҳои давлатӣ ба 18 соли ҳабс маҳкум гашта буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад. Ин ҷашн дар пайи пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2024 пазируфта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рустами Эмомалӣ ба СММ пешниҳод кард, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман 25‑уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад. Рӯзи 7-уми май Ассамблеяи генералии СММ бо қабули қатънома, ин пешниҳодро пазируфт.

25 май Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумшуда таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ҳадафи ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ба мушкилоти кӯдакони гумшуда ва таҳкими чораҳои ҷустуҷӯ ва ҳифзи онҳо ташкил шудааст. Таъсиси ин рӯз бо ҳодисаи гум шудани кӯдаки шашсола, Эвиан Пейтс дар ИМА дар соли 1979 рабт мегирад. Кӯшишу ҷустуҷӯҳо барои дарёфти ӯ натиҷа надоданд, аммо ин ҳодиса ба ташкили чораҳои мушаххас дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ сабаб шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз соли 2010 ин рӯз расман ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумшуда эътироф шудааст. Тибқи омори расмӣ, шумораи кӯдакони гумшуда дар саросари ҷаҳон ба миллионҳо мерасад.

Рӯзи 25 май ҳамасола ҳамчун Рӯзи Африқо (ё Рӯзи озодии Африқо) таҷлил мегардад. Таърихи ҷашн ба 25 майи соли 1963 бармегардад, ки дар ин рӯз дар шаҳри Аддис-Абеба, пойтахти Эфиопия 30 кишвари Африқо ҷамъ омада, Созмони ваҳдати Африқо (СВА)-ро таъсис доданд.

Соли 2002 ин созмон ба Иттиҳоди Африқо (African Union) табдил дода шуд, ки то ба имрӯз фаъолият дорад ва мақсадҳои ҳамсонро дар самти ваҳдат, сулҳ, амният ва рушди устувори кишварҳои африқоӣ пайгирӣ мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамасола аз 25 то 31 май Ҳафтаи ҳамбастагӣ бо миллатҳо ва халқҳое, ки то ҳол истиқлолияти пурра ва ҳаққи худидоракуниро ба даст наовардаанд, баргузор карда мешавад. Ин ҳафта бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст ва ҳадафаш дастгирӣ ва ёдоварӣ аз ҳуқуқи ҳамаи халқҳо барои озодӣ, истиқлол ва худмуайянкунии сиёсӣ мебошад.

Ҳамасола рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ғадуди сипаршакл таҷлил мегардад. Ин сана бо ташаббуси созмонҳои байналмилалии тандурустӣ ва эндокринологҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба аҳамияти ин узви муҳими бадани инсон ва мушкилоти марбут ба он роҳандозӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз се як аҳолии ҷаҳон аз мушкилоти гуногуни ғадуди сипаршакл ранҷ мебаранд.

25 май ҳамчун Рӯзи дастмол ё сачоқ (Towel Day) ҷашн гирифта мешавад. Ин як ҷашни ғайрирасмии байналмилалӣ аст, ки ба хотираи Дуглас Адамс, нависандаи машҳури англис бахшида шудааст. Ӯ бо силсилаи романи фантастикиву ҳаҷвии худ шӯҳрат ёфтааст.

Ин рӯз соли 2001, ду ҳафта пас аз даргузашти Дуглас Адамс аз ҷониби мухлисонаш таъсис дода шуд. Онҳо дар ин рӯз бо худ сачоқ мегиранд ва онро ё ба китфашон мепечонанд ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба намоиш мегузоранд. Сабаби интихоби сачоқ ҳамчун рамз зикри он дар асари нависанда аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

25 май инчунин Рӯзи байналмилалии картаҳои таро ҷашн гирифта мешавад. Ин сана бори аввал соли 2003 бо ташаббуси коршиноси маъруфи амрикоӣ оид ба таро – Дэн Элдер (Dan Pelletier) таъсис дода шудааст.

Картаҳои таро маҷмӯи 78 корт мебошанд ва аввалин намунаҳои он дар Италияи Шимолӣ пайдо шудаанд. Он дар аввал ҳамчун кортҳои бозӣ истифода мешуд, аммо бо гузашти вақт ба унсури муҳими рамзшиносӣ ва табдил ёфт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи 25 май яке аз маъруфтарин бошгоҳҳои футболи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия "Зенит" зодрӯзи худро ҷашн мегирад. 

25 май соли 1957 дар Москва маросими ботантана кушода шудани меҳмонхонаи "Украина" барпо гардид. Он замон он на танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар Аврупо низ калонтарин меҳмонхона эътироф мешуд. Меҳмонхонаи "Украина" яке аз ҳафт биноест, ки дар Маскав бо номи "баландошёнаҳои сталинӣ" маъруф аст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 25 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 13+18º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...