Роҳҳои мошингарди бархе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе рӯзҳои 29, 30 ва 31-уми май баста мешаванд. Сабабаи басташавии роҳҳои пойтахт баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе гуфта мешавад.
Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, аз 29 то 31-уми май ҳаракати нақлиёт тавассути кӯчаҳои ба номи Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, инчунин, хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва Ҳофизи Шерозӣ муваққатан маҳдуд мешаванд.
Дар робита ба ин, пулиси Душанбе аз шаҳрвандон хостааст, ки аз таваққуфи нодуруст дар кӯчаву хиёбонҳои мазкур худдорӣ карда, аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода кунанд.
Гуфта мешавад, ки роҳҳои мазкур дар пайи баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар пойтахт баста мешавад.
Ёдрас мешавем, ки аз 29 то 31-уми май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ин чорабинӣ иштироки беш аз 2 ҳазору 200 намоянда аз 65 кишвар ва 70 созмони байналмилалӣ дар назар аст.
Созмондиҳандагони конфронс умедворанд, ки натиҷаҳои он оғози ташаббусҳои нави байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо таҳдидҳои иқлимӣ хоҳад гардид.
Бояд гуфт, конфронси ҳифзи пиряхҳо дар чаҳорчӯби Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки Созмони Миллали Муттаҳид онро бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон эълон кард ва аз ҷониби беш аз 150 кишвари узви ин созмон дастгирӣ ёфт, баргузор мегардад.


