Роҳҳо ва хиёбонҳои Душанбе се рӯз баста мешаванд

Роҳҳои мошингарди бархе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе рӯзҳои 29, 30 ва 31-уми май баста мешаванд. Сабабаи басташавии роҳҳои пойтахт баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе гуфта мешавад. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, аз 29 то 31-уми май ҳаракати нақлиёт тавассути кӯчаҳои ба номи Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, […]

Роҳҳои мошингарди бархе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе рӯзҳои 29, 30 ва 31-уми май баста мешаванд. Сабабаи басташавии роҳҳои пойтахт баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе гуфта мешавад.

Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, аз 29 то 31-уми май ҳаракати нақлиёт тавассути кӯчаҳои ба номи Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, инчунин, хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва Ҳофизи Шерозӣ муваққатан маҳдуд мешаванд.

Дар робита ба ин, пулиси Душанбе аз шаҳрвандон хостааст, ки аз таваққуфи нодуруст дар кӯчаву хиёбонҳои мазкур худдорӣ карда, аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода кунанд.

Гуфта мешавад, ки роҳҳои мазкур дар пайи баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар пойтахт баста мешавад.

Ёдрас мешавем, ки аз 29 то 31-уми май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ин чорабинӣ иштироки беш аз 2 ҳазору 200 намоянда аз 65 кишвар ва 70 созмони байналмилалӣ дар назар аст.

Созмондиҳандагони конфронс умедворанд, ки натиҷаҳои он оғози ташаббусҳои нави байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо таҳдидҳои иқлимӣ хоҳад гардид.

Бояд гуфт, конфронси ҳифзи пиряхҳо дар чаҳорчӯби Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки Созмони Миллали Муттаҳид онро бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон эълон кард ва аз ҷониби беш аз 150 кишвари узви ин созмон дастгирӣ ёфт, баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.