Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ …” барои тоҷикони муқими Ӯзбекистон. Киҳо метавонанд ширкат варзанд ва чӣ гуна?

Тоҷикистон барои тоҷикони муқими Ӯзбекистон озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро таъсис додааст. Дар ин бора Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон имрӯз дар як маҳфиле дар ин кишвар эълон кард. Ба гуфтаи сафир, "дар озмун ҳамаи тоҷикони муқими Ӯзбекистон, новобаста аз синну сол, ширкат карда метавонанд". Раҳмонзода афзуд, дар озмуни мазкур ӯзбекистониҳои дигар, ки […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон барои тоҷикони муқими Ӯзбекистон озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро таъсис додааст. Дар ин бора Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон имрӯз дар як маҳфиле дар ин кишвар эълон кард.

Ба гуфтаи сафир, "дар озмун ҳамаи тоҷикони муқими Ӯзбекистон, новобаста аз синну сол, ширкат карда метавонанд".

Раҳмонзода афзуд, дар озмуни мазкур ӯзбекистониҳои дигар, ки забони тоҷикиро медонанд ва ба адабиёти тоҷик таваҷҷӯҳ доранд, ҳаққи ширкат кардан доранд.

“Ин иқдоми наҷибу шоёни таҳсин мебошад ва дар баробари таҳкими робитаҳои фарҳангии Ӯзбекистону Тоҷикистон, барои дастгириву ҳавасманд кардани аҳли адаб, ҷавонони китобдӯст, сухнаварону сухандонҳо мусоидат мекунад”, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Шахсони хоҳишманд метавонанд то 1 июли соли равон маълумоти зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, рақами телефон, ҷузвдони номгӯи асарҳои хондашуда ва ғазалу дигар навъҳои шеърии азхудкардаи худро бо забонҳои тоҷикӣ – форсӣ – дарӣ, англисӣ ва русӣ ба суроғаи электронии сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон – [email protected] ирсол намоянд.

Инчунин, тавассути тамос бо шумораи +998 93-256-42-12; +998 88-411-44-50 дар ин бора метавонанд маъумоти бештар ба даст оранд.

Ёдрас мешавем, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тайи шаш соли охир – аз соли 2019 мунтазам дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он тамоми шаҳрвандони кишвар, новобаста аз синну сол ва касбу кор метавонанд дар бахшҳои гуногун ширкат варзанд.

Имсол ба низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баъзе тағйиротҳо ворид шуданд. Аз ҷумла мукофотпулӣ як баробар зиёд шуда, баъзе маҳдудиятҳо ба иштирокчиёни озмуни мазкур бардошта шудааст. Тибқи дастури президенти кишвар, яке аз тағйиротҳо ин аст, ки минбаъд дар озмун шаҳрвандони хориҷӣ низ метавонанд иштирок кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.