Рӯзи Иди Қурбон дар мактабу донишгоҳҳо ҳам истироҳатӣ эълон шуд

Рӯзи Иди Қубон, ки имсол 6-уми июн муқаррар шудааст, дар мактабу донишгоҳҳо ва дигар сохторҳои низоми маориф истироҳатӣ эълон шуд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, бар асоси моддаи 3-и қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи Иди Қурбон ғайрикорӣ эълон гардидааст.   “Бо фармони вазири […]

Рӯзи Иди Қубон, ки имсол 6-уми июн муқаррар шудааст, дар мактабу донишгоҳҳо ва дигар сохторҳои низоми маориф истироҳатӣ эълон шуд.

Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, бар асоси моддаи 3-и қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи Иди Қурбон ғайрикорӣ эълон гардидааст.  

“Бо фармони вазири маориф ва илми кишвар имтиҳонҳои рӯзи 6-уми июн дар мактабу донишгоҳҳои кишвар ба рӯзи 5 ё 7-уми июн гузаронида мешаванд”,-гуфтанд дар вазорат.

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 29-уми май зимни як ҷаласаи худ таҷлили Иди Қурбонро дар кишвар 6-уми июн муқарар кард. Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози ид соати 5:45 дақиқа хонда мешавад.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд. 

Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Тоҷикистон таҷлили Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.