Иди Қурбон дар Тоҷикистон 6-уми июн таҷлил мегардад

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи таҷлили Иди Қурбонро дар кишвар 6-уми июн муқарар кард. Қарори мазкурро Маркази исломшиносии кишвар дар саҳифаи фейсбукии худ нашр кард. Дар қарори Шуро омадааст, ки санаи дақиқи Иди Қурбон имрӯз, 29-уми май, дар ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъин гардидааст. “Мувофиқи ҳисоби илмӣ оид ба руъяти ҳилол Иди саиди […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи таҷлили Иди Қурбонро дар кишвар 6-уми июн муқарар кард. Қарори мазкурро Маркази исломшиносии кишвар дар саҳифаи фейсбукии худ нашр кард.

Дар қарори Шуро омадааст, ки санаи дақиқи Иди Қурбон имрӯз, 29-уми май, дар ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъин гардидааст.

“Мувофиқи ҳисоби илмӣ оид ба руъяти ҳилол Иди саиди Қурбон дар ҳудуди Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 6-уми июни соли 2025 фаро мерасад. Намози Иди Қурбон соати 05:45 дақиқа хонда мешавад”, – гуфта шудааст дар қарор.

Инчунин, тибқи қарори Шурои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд. 

Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Тоҷикистон таҷлили Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио