Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Исроил ва Эрон истиқбол кард

Date:

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз созиши оташбас миёни Исроил ва Эрон истиқбол кардааст.

Дар ин изҳорот Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки ин созиш “ба ҷанге, ки бо нақзи тамоми ҳуқуқи байналмилалӣ оғоз шуда буд, хотима мебахшад ва барои сулҳи пойдор дар Ховари Миёна заминаи мустаҳкам” мегузорад.

Бояд гуфт, созиши оташбас миёни Исроил ва Эрон субҳи дирӯз, 24-уми июн аз тарафи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон шуд. Исроил эълон кард, ки ба пешниҳоди Трамп барои эълони оташбас бо Эрон розӣ шудааст. Эрон ҳам гуфт, оташбаси пешниҳодии раиси ҷумҳури Амрикоро рияот хоҳад кард, ба шарте ки Исроил низ ба он пойбанд бошад.

Пас аз чанд соати эълони оташбас тарафҳо якдигарро ба нақзи он муттаҳам карданд. Вале ҳоло, ба гуфтаи расонаҳои байналмилалӣ, вазъ дар ҳарду кишвар ором аст ва гузоришҳо аз даргирӣ ба назар намерасад.

Қаблан Доналд Трамп гуфта буд, оташбас 12 соат давом мекунад ва пас аз он ҷанг расман поён хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, даргирӣ миёни Исроил ва Эрон шаби 13-уми июн бо ҳуҷуми беасоси дуюмӣ оғоз шуд. Дар пайи ҳамлаи Исроил чанд фармондеҳи низомӣ, донишмандон ва сокинони маҳаллӣ ҷон бохтанд.

Шаби ҳамон рӯз Эрон ба Исроил ҳамлаи ҷавобӣ кард ва чанд нафарро куштаву захмӣ намуд. Даргирӣ 12 рӯз идома кард ва тибқи маълумоти расонаҳои ду кишвар, зимни он садҳо тан куштаву ҳазорон нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар ин миён, рӯзи 22-юми июн Амрико низ мустақиман вориди даргирӣ шуд ва ба чанд таъсисоти ҳастаии Эрон чанд бомб партофт. Ҳарчанд мақомоти расмии ин кишвар иддаои оғози ҷанг бо Теҳронро рад мекунанд.

Дар посух ба ин Эрон ба пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Амрико дар Қатар ва чанд кишвари дигари минтақа ҳамла кард.

Пас аз он Трамп эълом кард, ки Исроил ва Эрон ба оташбас мувофиқат кардаанд. Ҳарчанд дертар ҷонибҳо якдигарро аз нақзи он гунаҳкор карданд.

Вазири тандурустии Эрон гуфт, ки дар 12 рӯзи ҳамлаи Исроил 606 нафар кушта шудаанд. Исроил теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Эронро 28 нафар гуфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...