Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 июни соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 30 ИЮН

– Имрӯз, соати 18:00 дар Театри Аҳорун нахустнамоиши “Таҳминаам…” баргузор мешавад. Намоишнома баргирифта аз “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ буда, бо коргардонии Музаффар Шарифӣ рӯйи саҳна омадааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик идома дорад. Маросими ифтитоҳии намоигоҳ рӯзи 25-уми июн доир гардид ва қарор аст, ки намоишгоҳ то 2-юми июл идома кунад. Алоқамандон метавонанд давоми ин рӯзҳо аксҳои ӯро тамошо ва харидорӣ кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 ИЮН

Соли 1940 – Дар шаҳри Душанбе комбинати гӯшт ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2015 – Низом Қосим, шоир дар анҷумани чордаҳуми Иттифоқи нависандагон раҳбари нави ин иттифоқ интихоб шуд. Ӯ ду панҷсола инҷониб ин иттифоқро роҳбарӣ мекунад.

Соли 2015 – Президенти Тоҷикистон протоколеро имзо кард, ки тибқи он ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ уҳдадор шуданд, ки паёмҳо ва иттилооти расмии худро ба Агентии иттилоотии “Ховар” ирсол намоянд. Дигар ВАО метавонанд иттилооти расмиро танҳо бо истинод ба ҳамин агентӣ истифода баранд. Имзои ин протокол сарусадоҳои зиёдеро дар мавриди “монополияи бозори иттилоъ” ба миён овард.

Соли 2016 – Мавзуна Чориева, варзишгари маъруфи тоҷик, президенти Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон таъин шуд.

Соли 2016 – Тоҷикистон созишнома бо Қирғизистонро дар робита ба тартиби содакардашудаи дарёфти шаҳрвандӣ бекор намуд.

Соли 2020 – Дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Соли 2022 – Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ номи ду қулла иваз гардид. Қуллаи Маяковский ба номи Мирсаид Миршакар ва қуллаи Октябрский ба номи Муъмин Қаноат, ки ҳарду Шоири халқии Тоҷикистон мебошанд, гузошта шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1952 – Зодрӯзи Насриддини Нуриддин, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, узви гурӯҳи ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гуворо”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Насриддин Нуриддинов

Насриддини Нуриддин хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии шаҳри Маскав (ГИТИС) буда, солҳо дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият намуд. Ӯ яке аз чеҳраҳои намоёни саҳнаҳои ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гуворо” буда, дар филмҳои зиёде нақш офаридааст.  

Ӯ соли 2008 дар ҷашнвораи II-юми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ  “Беҳтарин офарандаи нақши мардона” дониста шуд ва соҳиби ҷоизаи вижа гардид. Ӯ ахиран дар филми “Хусури ман”, ки аллакай дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёд пайдо кардааст, нақши падарро иҷро намудааст.

Соли 1954 – Мавлуди Умринисо Казокова, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ.

Соли 1966 – Зодрӯзи Андрей Абдувалиев, гурзпарто, Қаҳрамони Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 1992 дар гурзпартоӣ, Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба варзиши сабук.

Соли 2000 – Лоиқ Шералӣ, шоири шаҳири миллати тоҷик дар 59-солагӣ бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм  пӯшид.

Лоиқ Шералӣ яке аз сутунҳои шеъри муосири тоҷик буда, пас аз ҳазор сол аз даргузашти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба дунё омад ва тавонист, ки “шеърҳои гуфтаву ногуфта”-и миллаташро, ба таъбири худаш, “боз гӯётар, боз бурротар, боз гиротар ва боз аълотар” бигӯяд”.

Ӯ хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко аст. Лоиқ Шералӣ соли 1965, дар 24-солагӣ, ба туфайли шеъри маъруфи “Ба модарам”, бо тавсияи бевоситаи устод Мирзо Турсунзода ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст, ки ҳодисаи нодири таърихию адабист.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лоиқ Шералӣ

Ӯ солҳо дар Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кард ва муддате сармуҳаррири “Садои Шарқ” ва аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст.

Шоир 30 июни соли 2000 бар асари бемории сактаи мағзӣ дар 59-солагӣ аз олам чашм баст.

Аввалин гулчини ашъори устод Лоиқ “Сари сабз” соли 1966 аз чоп баромадааст, баъдан китобҳои “Илҳом”, “Нӯшбод”, “Соҳилҳо”, “Ташнадил “, “Хоки Ватан”, “Резаборон”, “Марди роҳ”, “Варақи санг”, “Хонаи чашм”. “Хонаи дил”, “Офтобборон”, “Дасти дуои модар”, “Ҷоми саршор”, “Ману дарё”, “Аввалу охири ишқ”, “Фарёди бефарёдрас”, “Девони дил”, “Девони замон”-и ӯ ба дасти чоп расиданд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

30-юми июн Рӯзи байналмилалии астероид таҷлил мешавад. Ин сана бо қарори Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст ва ҳадаф аз он баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи хатари эҳтимолии бархӯрди астероидҳо бо Замин мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба иттилои олимон, дар системаи офтобӣ аз 1,1 то 1,9 миллион астероид бо андозаи бештар аз 1 километр мавҷуд аст. Тибқи маълумоти NASA, то имрӯз зиёда аз 16 ҳазор ҷисми кайҳонӣ сабт шудаанд, ки орбитаи онҳо ба орбитаи Замин наздик аст ва бархӯрди эҳтимолӣ доранд.

Яке аз хатарноктарин ҳодисаҳои марбут ба ин масъала 30 июни соли 1908 ба вуқӯъ пайваст. Дар он рӯз як ҷисми бузурги осмонӣ (метеорит) дар фазои болои Сибири марказӣ, дар минтақаи байни дарёҳои Тунгускаи Поён ва Лена таркид. Ин ҳодисаро ба номи “метеорити Тунгусӣ” мешиносанд.

30-юми июни соли 1971 экипажи киштии кайҳонии шӯравии “Союз-11” ҳангоми бозгашт ба Замин ба ҳалокат расиданд. Онҳо пас аз 23 рӯзи таҷрибаҳои мураккаб дар мадори Замин бозмегаштанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Экипаж аз се кайҳоннавард иборат буд: Георгий Добровольский, Владислав Волков ва Виктор Пасаев. Ҳангоми вуруд ба атмосфера, клапани системаи ҳаводиҳӣ нохост боз шуд ва фишори дохилии капсула ногаҳон коҳиш ёфт. Кайҳоннавардон беҳуш шуданд ва натавонистанд клапанро банданд.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии парлументаризм ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба муносибати таъсиси нахустин Конфронси байнипарлумонӣ дар соли 1889 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид расман муайян шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Иттиҳоди байнипарлумонӣ як ташкилоти ҷаҳонии парлумонҳои кишварҳои гуногун аст, ки ҳадафаш таҳкими демократия, дастгирии ҳуқуқҳои инсон ва беҳсозии фаъолияти парламентҳо ба хотири беҳбуди ҳаёти мардум мебошад.

30-юми июни соли 1894 яке аз машҳуртарин рамзҳои меъмории Бритониё – пули Тауэр расман ифтитоҳ шуд. Сохтмони он соли 1886 оғоз гардида, 8 сол идома ёфт. Арзиши сохтмон беш аз 1 миллион фунт стерлинг буд.

Пул бо иштироки Шоҳзодаи Уэлсӣ Эдуард ва ҳамсараш Александра расман мавриди истифода қарор гирифт. Ин пул дар беш аз 100 соли мавҷудият ба як рамзи шинохтаи шаҳри Лондон табдил ёфтааст. Сайёҳон аз тамоми ҷаҳон ба ин ҷо омада, дар назди манзараҳои зебои он аксбардорӣ мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

30-юми июни соли 1948 Лабораторияи “Bell” ихтирои нави худ – транзисторро ба таври расмӣ муаррифӣ кард. Ин дастгоҳро се олим – Уилям Шокли, Уолтер Браттейн ва Ҷон Бардин ихтироъ намуданд. Онҳо аз 17 ноябр то 23 декабри соли 1947 таҷрибаҳои сершумор анҷом доданд ва транзисторро сохтанд.

Нахустин хабар дар бораи транзистор 1 июли соли 1948 дар рӯзномаи “The New York Times” нашр гардид. Дар аввал ҷомеа ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир накард, вале баъдтар он як инқилоби ҳақиқиро дар соҳаи электроника ба вуҷуд овард ва даврони радиолампаҳо ба охир расид. Имрӯз транзистор асоси тамоми дастгоҳҳои муосири электронӣ, аз компютер то телефон ба шумор меравад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 30 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда,  эҳтимоли  раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...