Маркази назорати санитариву эпидемиологии минтақаи Кӯлоб фаъолияти 18 иншоотро манъ кард

Date:



           

Кӯлоб. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Маркази назорати санитариву эпидемиологии минтақаи Кӯлоб 707 иншооти таъиноти гуногун ҷиҳати ҷавобгӯ будан ба талабот мавриди санҷиш қарор гирифт.





           

Тавре сардухтури давлатии санитарии минтақа Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар 82 маврид ба намояндагони марказ лозим омад, ки оид ба риоя накардани талаботи санитариву гигиенӣ аснод тартиб диҳанд.



Ба гуфтаи ӯ, 70 шахсони воқеиву ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи санитариву эпидемиологӣ ба маблағи умумии 10 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд. «Фаъолияти 18 иншоот, асосан муассисаҳои хӯроки умумӣ ва як бозор то бартараф сохтани камбудиҳо ва ҷорӣ сохтани тартиботи зарурӣ манъ карда шуд», – афзуд С.Давлатов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...