Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 июли соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 9 ИЮЛ

– Имрӯз соати 18:00 дар доираи сафари Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон дастаи ҳунарии Қирғизистон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертӣ доир мекунад.

– Имрӯз рӯзи охирини даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон аст. Имтиҳонсупорӣ рӯзи 1-уми июл оғоз гардида буд ва даври дуюм танҳо рӯзи 13-уми июл баргузор мешавад.

– Имрӯз соати 16:00 гурӯҳи мусиқии “AFCENT”-и Амрико дар Маркази амрикоӣ дар Душанбе (American Spase Dushanbe) консерт баргузор мекунад. Вуруд ва тамошо ройгон аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 ИЮЛ

Соли 1996 – Дар Тоҷикистон аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Ҳоланд – “Тоҷик Тел” аввалин маротиба мавҷи телефони мобилӣ ба кор андохта шуд.

Соли 2019 – Бонки “Соҳибкорбонк” ба Бонки “Тавҳидбонк” табдил дода шуд.

Соли 2022 – Дар фазои ҳавоии Тоҷикистон долони нави ҳавоии "FUNSE" ва хатсайри ҳавоии "Z767" ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1941 – Мавлуди Азиз Раҳим, шоири тоҷик.

Соли 1958 – Зодрӯзи Азиз Ҷавов, адабиётшиноси тоҷик.

Соли 1970 – Мавлуди Фирдавс Саидзода, муовини пешини шаҳрдори Душанбе, ҳоло вакили парлумон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фирдавс Саидзода

Фирдавс Саидзода аз соли 1991 дар соҳаи иқтисод фаъолият дорад. Ӯ фаъолияти худро ҳамчун муҳандис-механики Колоннаи сайёри Вазорати сохтмон дар ноҳияи Ҳамадонӣ оғоз намуда, минбаъд дар Иттиҳодияи мусофиркашонӣ, Иттиҳодияи ҷумҳуриявии терминалҳои мусофиркашонии Вазорати нақлиёт фаъолият кардааст.

Солҳои 1997-2000 сардори шуъбаи истифодабарии нақлиёти Ҷаъмияти саҳҳомии “Пассажиртранс”, солҳои 2000-2007 муовини директори Корхонаи нақлиёти мусофиркашонии автомобилии №1 буд.

Баъдан солҳо директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус”, директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1” ва директори Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” буд.

Фирдавс Саидзода соли 2018 муовини раиси шаҳри Душанбе таъин шуда, то замони вакил интихоб шуданаш – 2-юми марти соли ҷорӣ дар ин вазифа буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

9-уми июли соли 1877 аввалин ширкати телефон аз ҷониби Александр Белл, ихтироъкори шотландитабори амрикоӣ таъсис ёфтааст. Ӯ ихтироъи телефони худро пештар, соли 1876 сабт намуда, 7 марти ҳамон сол барои он патенти расмӣ гирифта буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

10-уми марти соли 1876 Белл аввалин бор тавассути телефони ихтироъкардааш тамос гирифт ва ин иртибот тавассути сими 12-метра, ки утоқи Беллро бо озмоишгоҳ мепайваст, сурат гирифт.

Бо такя ба ин муваффақият, Белл дар ИМА ширкати “Bell Telephone Company”-ро таъсис дод, ки баъдан ба яке аз корпоратсияҳои бонуфузи ҷаҳон дар соҳаи алоқа табдил ёфт.

9-уми июли соли 1877 дар Уимблдон аввалин маротиба дар таърих мусобиқаи расмии теннис баргузор гардид. Ин мусобиқа аз ҷониби Клуби крокети умумианглисӣ (All England Croquet Club), ки соли 1868 дар ҷанубу ғарби Лондон таъсис ёфта буд, ташкил карда шуд. Ибтидо ин клуб танҳо ба бозии крокет машғул буд, вале баъдтар бо зиёд шудани маҳбубияти бозии теннис, як майдони бозии теннис барои ин навъи варзиш низ сохта шуд ва клуб номи худро ба "All England Croquet and Lawn Tennis Club" иваз намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ташкили аввалин мусобиқа сабаби ҷолиб дошт. Дастгоҳи алафдаравии клуб вайрон шуда буд ва зарурати нигоҳ доштани майдон пеш омада буд, аммо барои харидани дастгоҳи нав 10 фунт стерлинг лозим буд ва клуб маблағ надошт. Барои ҷамъоварии маблағ, роҳбарияти клуб қарор дод, ки мусобиқаи кушоди теннис доир намояд ва ҳар як иштирокчӣ барои ширкат 1 гиней (як навъ асъори англисӣ дар он замон) пардохт мекард. Ҳамин тавр, ин мусобиқа на танҳо мушкилоти молиявии клубро ҳал кард, балки ба як рӯйдоди бузурги байналмилалӣ табдил ёфт.

Ҳамасола 9-уми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии кулчақанд ҷашн гирифта мешавад. Ин ид гарчанде эътирофи расмӣ надорад, вале дар миёни мардум ва қаннодони ҷаҳон маъруф аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Кулчақанд яке аз шириниҳои дастрас ва серхаридор буда, бо таъми хоси худ ва сода будани омода карданаш дар ҷаҳон маҳбуб гаштааст. Мардуми кишварҳои гуногун дар ин рӯз анвои гуногуни кулчақандро омода мекунанд. Гуфта мешавад, ки ин ширинӣ бори аввал дар асри XVIII аз ҷониби муҳоҷирони олмонитабор дар шаҳри Назарети иёлати Пенсилванияи Амрико омода шудааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст ва чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 24+26º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7+12º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм)  пешгӯӣ шуда, гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...