Орди камғизо ва камхунии занон. Ҳукумат барои ҳалли ин мушкилот чӣ тадбир меандешад?

Date:

Моҳи октябри соли гузашта дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон таҳти унвони "Unite for Girls’ Empowerment" паҳлӯҳои муҳими вазъи солимии духтарон дар Тоҷикистон баррасӣ шуда. Аз  ҷумла, як далели тиббӣ зикр гардид, ки "дар натиҷаи истеъмоли орди камғизо занон дар кишвар ба қадри кофӣ витамину микроэлементҳои муҳим намегиранд". Истифодаи орди камғизо чӣ оқибатҳо дорад ва ҳукумати кишвар чӣ гуна бо ин мушкил мубориза мебарад?

 

Омор дар сатҳи ҷумҳурӣ

Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар соли 2025 тақрибан 33,2% занони синни қобили таваллуд (15-49 сола) дар Тоҷикистон аз камхунӣ ранҷ мекашанд.

"Ин маънои онро дорад, ки тақрибан ҳар сеюмин зан дар ин гурӯҳи синнусол сатҳи гемоглобинаш аз меъёр пасттар буда, он метавонад ба вазъи саломатӣ таъсири манфӣ расонад, бахусус дар давраи ҳомиладорӣ ва синамаконӣ.

Тибқи Таҳқиқоти тиббию демографии охирин, сатҳи баландтарини камхунии занони синни қобили таваллуд дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин минтақа ҳиссаи занони дорои сатҳи пасти гемоглобин аз сатҳи миёна дар саросари ҷумҳурӣ зиёдтар аст, ки ба дастрасии бештар маҳдуди онҳо ба ғизои гуногун ва хидматрасониҳои тиббӣ вобаста мебошад", – шарҳ додаанд аз ниҳод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Орд ва камхунӣ чӣ гуна иртибот доранд?

Агар витамину минералҳои ғизо кам бошанд, фаъолияти низомҳои организми инсон халалдор гардида, вазъи солимӣ ба сурати умум бад мешавад.

"Лозим ба зикр аст, ки иртибот миёни камхунӣ ва истеъмоли ғизо аз орди бе витамин мустақиман ба норасоии оҳан ва дигар микронутриентҳои муҳим вобаста аст, ки одатан ба орди ғанишуда илова карда мешаванд", — таъкид мекунанд дар Вазорати тандурустӣ.

Дар орди беғизо аксаран кислотаи фолиева ва витамини B12 мавҷуд нестанд, ки низ барои хунсозӣ заруранд. Норасоии онҳо метавонад сабаби камхунӣ шуда, дар он ҳуҷайраҳои сурхи хун (эритроситҳо) ғайриоддӣ бузург мешаванд ва самаранокии кам доранд.

Ба гуфтаи муттахассисон, дар кишварҳое, ки орд ғанӣ карда намешавад, бахусус миёни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, сатҳи камхунӣ ба маротиб баландтар мушоҳида мешавад.

"Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки нисбат ба истеъмоли орди одӣ, ғанигардонии орди гандум ба коҳиши сатҳи камхунӣ то ба 27% боис мегардад. Ин ғанигардониро ба яке аз усулҳои самаранок ва дастрас барои пешгирии камхунӣ дар сатҳи умумии аҳолӣ табдил медиҳад", – шарҳ медиҳад Вазорати тандурустӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

 

Мушкилро чӣ хел ҳал мекунанд?

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аолии Тоҷикистон дар посух ба дархости "Азия-Плюс" зикр карданд, яке аз меъёрҳои асосии байнулмилалӣ, ки масъалаҳои ғизоро танзим мекунад, Кодекси "Алиментариус" (Codex Alimentarius) ё худ Кодекси ғизо мебошад. Он аз маҷмӯи меъёр, роҳнамо ва тавсияҳои амалӣ дар бораи бехатарӣ ва сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин масъалаи ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд ва маҳсулоти ордӣ иборат аст.

Дар вазорат шарҳ додаанд, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони кишвар аз 7-уми июни соли 2019, №1377, Қонуни ҶТ "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашудаи хӯрокворӣ" қабул шудааст. Ҳадафи асосии он роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ғанигардонидаи хӯрокворӣ мебошад.

Дар марҳилаи аввал, ғанигардонии орди гандуми навъи олӣ ва навъи якум бо витаминҳо ва минералҳои зарурӣ, аз ҷумла витаминҳои B9, B12, инчунин микроэлементҳои оҳан ва руҳ пешбинӣ шудааст, зеро онҳо дар пешгирии камхунӣ ва нуқсонҳои найчаи асаб нақши муҳим мебозанд.

Афзалияти интихоби ин маҳсулот дар он аст, ки орди гандум дар кишвар ба таври васеъ истифода шуда, барои аҳолӣ дастрас аст, инчунин арзон буда, аз лиҳози технологӣ  барои ғанигардонии микроэлементҳо муносиб мебошад.

"Муайян шудааст, ки дар ҷараёни коркарди технологии орди гандуми навъи олӣ ва якум, он витаминҳо ва моддаҳои минералиро аз даст медиҳад, ки барои организми инсон фоидаовар мебошанд", – омадааст дар посухи вазорат.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Илова бар ин, дар доираи татбиқи "Барномаи пешгирии норасоии микроэлементҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии кишвар барои солҳои 2022–2027", ки бо қарори ҳукумат аз 30-юми сентябри соли 2021, №415 тасдиқ шудааст, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва як қатор дастурамалҳо оид ба ғанигардонии орди гандум таҳия ва тасдиқ шудаанд.

"80 мутахассис аз 45 корхонаи истеҳсоли орд дар мавзӯи ғанигардонии орди гандум омӯзиш гирифта, гувоҳнома гирифтанд. Ғайр аз ин, соли ҷорӣ бо дастгирии шарикони рушд таҷҳизот барои ғанигардонии орди гандум харидорӣ ва дар корхонаҳои саноатии истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон насб карда шуд. Ҳамчунин дар соли ҷорӣ оғози марҳилаи аввали ғанигардонии орди гандум дар сатҳи корхонаҳои давлатии ордбарорӣ ба нақша гирифта шудааст", – таъкид мекунанд мутахассисон.

Ёдрас мекунем, ки масъалаи ғизои дуруст дар Тоҷикистон, бахусус дар деҳот, мушкилоти ҷиддӣ аст. Нон ва маҳсулоти ордӣ дар Тоҷикистон маъмулан асоси ғизо буда, сабзавоту мева ва гӯшт ба миқдори кофӣ истеъмол намешаванд.

Ин нишондиҳандаи камбизоатӣ ва "гурснагии пинҳонӣ" буда, ба бемориҳои пайдарпай, ақибмонии рушди кӯдакон ва халалдоршавии фаъолияти мағзи сар боис мегардад. Ҳамчунин, ин омилҳо ба қобилияти корӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар таъсири манфӣ мерасонанд.

Ғизои аксари сокинони Тоҷикистон мутавозин нест, аммо вазъи ғизоии аҳолии деҳот бештар нигаронкунанда аст. Дар натиҷаи дастнорасии як қатор маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, истеъмоли аз ҳад зиёди карбогидратҳо ва норасоии гӯшт ва маҳсулоти дигари серғизо, норасоии микроэлементҳо дар хӯрок ба вуҷуд меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...