Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 июли соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 21 ИЮЛ

Шуруъ аз имрӯз нишастҳои хабарии ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон шуруъ мешаванд. Дар он вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аз фаъолияти шашмоҳаи худ назди рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд.

Дар рӯзи аввал дар Вазорати фарҳанг (соати 08:00), Кумитаи телевизион ва радио (соати 09:00), Агентии хизмати давлатӣ (соати 09:00), Академияи идоракунии давлатӣ (соати 10:00) ва Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ (соати 14:00) нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 21 ИЮЛ

Соли 1994 – Қонун “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Соли 2010 – Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдурасул Мирзоев, бародари фармондеҳи собиқи горди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоевро ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Абдурасул Мирзоев ба ҳифзи ғайриқонунии таслиҳот, таҳияи табаддулоти давлатӣ, ғоратгарӣ ва гаравгонгирӣ муттаҳам мешуд.

Соли 2011 – Парлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон”-ро қабул кард.

Соли 2011 – Бренди МЛТ, ки аз қадимтарин брендҳои бозори телефонҳои мобили Тоҷикистон буд, ба “Мегафон-Тоҷикистон” табдили ном кард.

Соли 2012 – Дар Бадахшон генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба зарби корд кушта шуд.

Соли 2016 – Дар Тоҷикистон фаъолияти рӯзномаи русии “Комсомольская правда” бинобар нашри мақолае бо номи “Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее”муваққатан боздошта шуд.

Соли 2020 – Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1932 – Мавлуди Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Юсуф Исҳоқӣ

Юсуф Исҳоқӣ дар хонаводаи зиёӣ дар Хуҷанд таваллуд шуда, аввал ба бахши таърихи Донишкадаи омӯзгории он замон шаҳри Ленинобод ва сипас ба Донишкадаи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуд.

Исҳоқӣ дар чанд бемористони пойтахти Тоҷикистон кор карда, то ба мансаби раиси Донишгоҳи тиббӣ расид. Узви Академияи тиббии Иттиҳоди Шӯравии собиқ буд. Беш аз 300 асару мақолаи илмӣ навиштааст.

Ӯ 6-уми майи соли 1996 ҳамроҳи Минҳоҷ Ғуломов, ноиби ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби қотилон кушта шуд.

Соли 1955 – Мавлуди Идибек Зиёев, файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор.

Соли 1992 – Зодрӯзи Румӣ Шоазимов, коргардони тоҷик.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

21-уми июли соли 1969 Нил Армстронг, фармондеҳи киштии кайҳонии “Аполлон-11” нахустин инсон дар таърих шуд, ки ба рӯи Моҳ по гузошт. Лаҳзаи қадамгузориаш ӯ ин суханҳоро ба забон овард: “Ин як қадами хурд барои инсон, вале як ҷаҳиши бузург барои башарият аст”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сарнишин аз се астронавт иборат буд. Камераи берунаи модул лаҳзаҳои фуруд ва ҳаракати онҳо дар рӯи Моҳро мустақим пахш мекард. Онҳо намунаҳои хок ва сангро ҷамъ оварданд, таҷҳизоти илмӣ гузоштанд, парчами Амрикоро насб карданд ва лавҳае бо ин навиштаҷот гузоштанд:

“Ин ҷо инсоният бори аввал аз сайёраи Замин ба Моҳ қадам гузошт. Июли соли 1969. Мо аз номи тамоми башарият бо сулҳ омадем”.

Пас аз 22 соат, онҳо ба модули асосӣ баргаштанд ва ба Замин фуруд омаданд.

21-уми июл ҳамчунин Рӯзи баҳисобгирии дороиҳо таҷлил мешавад. Ин рӯз ба баҳисобгирии умумии дороии ташкилотҳо ва ширкатҳо бахшида шудааст. Гарчанде маълум нест, ки ин сана аввалин бор аз ҷониби кӣ пешниҳод шудааст, аммо он ҳамчун иқдоми муфид ва зарурӣ барои кори ширкатҳо пазируфта шудааст. Имрӯз онро асосан муҳосибон таҷлил мекунанд.

Ин раванд имконият медиҳад, ки молу мулк, таҷҳизот ва дигар воситаҳои асосии корӣ бодиққат ҳисоб карда шаванд ва эҳтимоли камбуд ё носозгорӣ сари вақт ошкор гардад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

21-уми июл Рӯзи ғизои зараровар таҷлил мешавад. Ин рӯз ба дӯстдорони ғизоҳои тезтайёр, аз қабили гамбургер, хот-дог, сендвич, чипс ва нӯшокиҳои ширин бахшида шудааст.

Мафҳуми “ғизои номуфид”-ро нахустин бор Майкл Ҷекобсон, микробиологи амрикоӣ ва ҷонибдори тарзи ҳаёти солим солҳои 1970 пешниҳод карда буд. Ӯ рӯйхати маҳсулоти дорои калорияи баланду арзиши ғизоии пастро таҳия кард.

Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ), то соли 2030 тақрибан 41% аҳолии ҷаҳон бо мушкили вазни зиёдатӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ки яке аз сабабҳои асосии он истеъмоли мунтазами ғизоҳои зараровар аст.

Истеъмоли кам-кам ва гоҳ-гоҳии ин гуна хӯрокҳо хатаре эҷод намекунад, вале истифодаи пайваста метавонад боиси фарбеҳӣ, бемориҳои дилу раг, диабети навъи 2 ва ҳатто баъзе намудҳои саратон гардад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 21 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 37+42º гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31 гарм, рӯзона 40+45º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 38+40º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, рӯзона 29+34º гарм дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 39+41º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 41+43º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...