Бо гузашти қариб як моҳ аз дубора ба сардӣ гароидани муносибати Русия ва Озарбойҷон, ки баъди дар як “амалиёти боздошт”-и мақомоти рус ҷон бохтани ду озарӣ иттифоқ афтод, ҳеҷ нармише дар равобити ин ду кишвар мушоҳида намешавад.
Озарбойҷон баъди марги ду шаҳрвандаш, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доштанд, ду корманди хабаргузории русии “Спутник” ва даҳҳо шаҳрванди Русияро ҳамчун ҷавоб бо шеваи худи мақомоти рус, яъне бо осори латукӯб дар сару рӯй, боздошт кард. Ҳамчунин, Бокуи расмӣ ҳама чорабиниҳои фарҳангии дар Озарбойҷон тарҳрезишудаи Русия ва сафари Алексей Оверчук, муовини сарвазири ин кишварро лағв кард.
Озарбойҷон иддао дорад, ки ин амалиёт ба таъқиби озариҳо равона шудааст ва ду шаҳрвандаш дар пайи шиканҷаи мақомоти рус ҷон бохтаанд. Русия даъво дорад, ки ин як амалиёти маъмулии кормандони мақомоти амниятӣ аст ва яке аз ҷонбохтагон аз бемории қалб вафот кардааасту ягон таъқиби нажодӣ нест.
Ҳар ду кишвар сафирони ҳамдигарро ба вазорати корҳои хориҷии худ даъват карда, эътироз ва нигарониашонро расониданд.
Аммо “ҷанг”-и иттилоотӣ дар расонаҳо ҳамоно идома дорад. Изҳороти мансабдорони алоҳидаи ҳарду кишвар танишро печидатар мекунад.
Оё ин ҳама ҳаводис гувоҳи коҳиши нуфузи Русия дар кишварҳои пасошӯравӣ аст ва оё Русия аз он сабақ гирифтаву сиёсати худро дар қиболи ин кишварҳо тағйир медиҳад? Ва кишварҳои Осиёи Марказӣ то куҷо тавони ҳимояи манфиатҳои худ ва шаҳрвандонашонро дар Русия доранд, мисле, ки Озарбойҷон талош дорад?
Коҳиш нуфуз
Дар чунин шароит, ҳафтае пеш, 10-уми июл, раисони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон бори аввал пас аз баҳсҳову даргириҳои чандинсола сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ, дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқоти бидуни миёнарав доштанд. То ин лаҳза онҳо бештар бо миёнҷигарии Русия дар Маскав мулоқот мекарданд. Чанд талоши миёнҷигии Иттиҳоди Аврупо ҳам мушоҳида шуд, аммо ҳамагӣ самаре наовард. Муҳимтарин паёми мулоқоти Илҳом Алиев ва Никол Пашинян дар Абу-Забӣ, ба андешаи коршиносон, ба Маскав буд, ки ба ҳошия ронда шуд. Расонаҳои Русия аз ин мулоқот қариб ҳеҷ гузорише пешниҳод накарданд.
Дар ин миён, Русия тавассути расонаҳои таблиғотиаш муқобили Никол Пашинян, раисҷумҳури Арманистон ва ҳукумати ӯ низ маъракаи сиёҳкуниро роҳандозӣ кардааст. Ин маърака баъди боздошти Самвел Карапетян, як тоҷири сарватманди армании Русия, ки ба кӯшиши сарнагунсозии ҳукумат муттаҳам аст, оғоз гардид.
Ҳамин тавр, ҳаводиси ҷараёндошта аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин ду кишвари Қафқоз талош доранд, ҳарчи бештар аз зери нуфузи Русия канор раванд. Мисле, ки чанд сол пеш Гурҷистон ин корро карда буд.
Ба ин тартиб, чунин менамояд, ки нуфузи Русия пас аз соҳили Балтик, дар Қафқоз ва соҳили Днестр низ коҳиш меёбад. Ҳоло дар паҳнои кишварҳои шӯравии пешин, танҳо Белорус ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия “танишу мушкил”-и ҷиддие надоранд, ҳарчанд сари чанд вақт онҳо низ ба ҳар шева эътирози худро аз сиёсати Маскав иброз медоранд: “мамнӯъулвуруд” эълон шудани чанд мансабдори рус дар Қазоқистон, даъвати ахири сафири Русия ба вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистону Қирғизистон дар робита ба муносибати таҳқиромези мақомоти рус бо шаҳрвандони ин кишвар ва ибрози нигаронӣ аз он ва интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз мушкили нуҳуфта ва пинҳонмонда дар равобити кишварҳои минтақа бо Русия, гувоҳи ноустуворӣ дар муносибати минтақа бо Маскав аст.
“Хатҳои қирмизӣ”-и покшуда
Ба ин саволҳо посухи мушаххас пайдо кардан душвор аст, зеро коршиносон дар робита ба ҳаводис ва равандҳои сиёсии ахир назари гуногун доранд.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ аз Тоҷикистон ба тамоюли устувори коҳиши нуфузи Русия давоми чанд соли охир дар фазои пасошӯравӣ ишора карда, таъкид менамояд, “бештар аз ин, пурсишҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ собит мекунанд, ки маҳбубияти қутби Русия дар афкори умум низ коҳиш меёбад”. Ӯ мегӯяд, раванди канорагирӣ аз қутби Русия дар кишварҳои Қафқоз намоёнтар аст.
“Арманистон амалан дар остонаи тарки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД-як созмони низомии зери нуфузи Русия) аст, зеро Маскавро дар нақзи созишномаҳо ҷиҳати ироаи кумак дар ҷанги охири Қаробоғ муттаҳам мекунад. Дар Гурҷистон қисми зиёди ҷомеа (89% тибқи назарсанҷиҳои соли 2023) ҷонибдори ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ҳастанд. Озарбойҷон бошад, ба Туркия наздиктар мешавад ва умуман, дар байни кишварҳои ИДМ, аз ҷиҳати иқтисодӣ камтарин вобастагӣ аз Русияро дорад”, – зикр мекунад Муллоҷонов.
Баръакси ин ақида, Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва собиқ муовини аввали Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон “реша”-ҳои “дӯстӣ”-и Русия ва кишварҳои пасошӯравиро “жарф ва ногусастанӣ” медонад, ки канда нахоҳанд шуд. Ӯ бовар дорад, ки миёни ин кишварҳо “ҳеҷ душмание вуҷуд надорад”.
Аммо Темур Умаров, ходими илмӣ дар Маркази Корнегӣ дар Берлин, васати ин ду андешаи ба ҳам зидро иброз медорад. Ӯ мегӯяд, нуфузи Русия дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ воқеан рӯ ба коҳиш аст, аммо дар баъзе самтҳо он ҳоло низ муассир боқӣ мемонад.
“Пеш аз ҳама, дар суботи низомҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нуфузи Русия то ҳол зиёд ва ивазнашаванда аст. Ва ин нуфуз аз ҳеҷ омиле, мисли таҳримҳо ё инзивои Русия вобаста нест”, – мегӯяд Умаров.
Аммо кишварҳое пасошӯравие мисли Озарбойҷон, ки аз Русия сахт вобаста нестанд, тавон ва имкони бознигарии сиёсати хориҷии худро дар муқобили сиёсати Маскав доранд, тавре Боку ин корро мекунад.
“Чун Озарбойҷон аз Русия вобастагии зиёд дар самти иқтисоду логистика ва аввалтар аз ҳама, суботи сиёсӣ надорад ва сиёсати хориҷии нисбатан мустақилро бо самтгирӣ ба сӯйи Туркия пеш мебарад, зарурати чашм пӯшидан ба мушкилиҳо бо Маскавро намебинад”, – мегӯяд Умаров.
Ӯ таъкид мекунад, ки пас аз соли 2022 (вақте Русия дар Украина ҷангро оғоз кард, – идора) қоидаҳову хатҳои қирмизӣ дар равобит бо Русия, ки қаблан ғайри қобили убур дониста мешуданд, номаълум шуданд.
“Озарбойҷон собит кард, ки ин хатҳои қирмизиро тавре метавон ба чолиш кашид ва ё убур кард ва интизор шуд, ки вокуниши Маскав чӣ гуна хоҳад буд”, – илова мекунад Умаров.
Чаро нуфузи Русия коҳиш меёбад ва фазои холиро кӣ пур мекунад?
“Қисми зиёди захираҳо ва талошҳои Русия имрӯз ба ишғоли Украина ва истод бо Ғарб равона шудааст. Дар натиҷа, дар кишварҳои пасошӯравӣ холигии геополитикӣ ба вуҷуд омадааст, ки имрӯз бозигарони берунӣ – Чин, Туркия, Эрон, Ҳиндустон ва кишварҳои Халиҷ мекӯшанд онро пур кунанд”, – мегӯяд Муллоҷонов бо такя ба назари таҳлилгарон аз Русия.
Омили дигаре, ки ӯ таъкид мекунад, ба бархӯрди дурушт ва зиддиятҳои сиёсатҳои хориҷии Русия рабт дорад.
Ӯ ба сиёсати дугунаи Русия – аз як ҷониб таъкид ба зарурати ҷалби нерӯи кории муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ ва аз ҷониби дигар, роҳандозии маъракаи густурдаи зидди муҳоҷирони меҳнатӣ, мисли таблиғоти зидди муҳоҷирон дар расонаҳо, фишори рӯзафзун ба онҳо, рейдҳои полис, ихроҷи дастаҷамъӣ ва ҳимоят аз амалҳои гурӯҳҳои ифротгарои “Ҷомеаи русӣ” ишора карда, таъкид мекунад, ки ин боиси сардии равобити байнидавлатӣ бо кишварҳои пасошӯравӣ ва ташаккули афкори умумии манфӣ нисбати ин кишвар шудааст ва дар ниҳоят ба манфиати Русия нест.
“То қадри имкон…”
Воқеан, оё кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар пасманзари аксуламал ва хатҳои қирмизи Маскавро убур кардани Озарбойҷон, метавонанд ин “хатҳо”-ро аз манотиқи худ дуртар афкананд ва аз манофеашшон боҷуръатона ҳимоя кунанд? Мисле, ки Озарбойҷон ба намоиш гузошт.
Темур Умаров мегӯяд, бо назардошти вобастагии зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ аз Русия, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбурди сиёсати хориҷии “бебокона” бо Маскав, мисли Озарбойҷон, то андозае душвор аст.
Ӯ мегӯяд, ба ҳар сурат, кишварҳои минтақа ба қадри имкон аз манофеи худ дар қиболи Маскав ҳимоя мекунанд, аммо дар бештар ҳолат ин душвор аст ва пайдо кардани тавозун дар ин самт низ саҳл нест.
Парвиз Муллоҷонов зикр мекунад, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пайравии комил аз иқдомоти Боку алайҳи Маскав муфид нест, зеро вазъи геополитикӣ ва вобастагиҳо фарқ мекунанд.
“Барои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия аҳамияти калон дорад ва ин онҳоро аз таъсири Маскав бештар осебпазир мекунад”, – мегӯяд Муллоҷонов.
Вале сарфи назар аз ин, ӯ низ ба ин андеша аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ “ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони баргашт ба замоне ки минтақа зери нуфузи комили Русия қарор дошт, нестанд”.
Сайфулло Сафаров таъкид мекунад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили калидӣ ҳамеша аз манофеи худ дар қиболи Русия ҳимоя мекунанд ва барои исботи ин ба суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Остона ва изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар пайи фишору тақиби муҳоҷирон ишора менамояд.
Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар соли 2022 бо муроҷиат ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки якҷо бо раисҷумҳурони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ онҷо ҳузур дошт, хост ба кишварҳои ин минтақа набояд мисли Иттиҳоди Шӯравии собиқ муносибат кунад.
“Тоҷикистон ҳамеша ба манфиатҳои шарики асосии стратегии худ – Русия арҷ мегузорад. Дар кишвар эҳтироми мутақобиларо эҳсос кардан мехоҳанд”, – иброз дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Ин суханҳои Эмомалӣ Раҳмон аз сӯйи аксар коршиносон чун бозгӯи воқеият ва ошкоркунандаи мушкил дар муносибати Русия бо кишварҳои минтақа буд, ки бори аввал ва хеле боҷуръатона аз ҷониби як роҳбари давлати минтақа гуфта шуд.
Ва умедеро бедор кард, ки барои минбаъд равобити Русия дар муқобили кишварҳои пасошӯравӣ тағйир меёбад. Дар баробари ин, гумонҳое ҳам баён гардид, ки эҳтимол аст, дар кул чизе тағйир наёбад.
Ҳаводиси минбаъда собит кард, ки ҳам умед ва ҳам гумонҳо дуруст будаанд. Русия сиёсати хориҷии худро бо кишварҳои ин минтақа, мисле, ки “рангубори зоҳирӣ” кард, яъне бо назардошти зарурати пешомада дар пайи инзиво сафари ҳайатҳову мақомҳои давлатӣ ва доираҳои тиҷоративу фарҳангиашро дар минтақа ва баръакс бештар намуд, аммо сиёсати худро бо зодагони ин минтақа дар дохили кишвари худ бештар хашин намуд.
Маскав аз иштибоҳҳо сабақ намегирад?
Аксар ба ин андешаанд, ки не. Ҳатто бештар аз ин, Русия аслан дар андешаи он нест, ки аз сиёсати он кадом кишваре норозӣ аст.
Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки то имрӯз ҳеҷ нишоне аз тасмими бозбинии сиёсати худ дар муқобили кишварҳои пасошӯравӣ дар Русия мушоҳида намешавад. Аз ҷумла, бозбинии сиёсати Русия алайҳи муҳоҷирони меҳнатӣ.
“Баръакс, чунин менамояд, ки Маскав умуман нигарони тасмиму амалҳояш, ки боиси афзоиши ҳиссиёти зидди Русия дар минтақа мешаванд, мисле, ки дар Қафқоз рух дод, нест”, – мегӯяд Муллоҷонов.
Сайфулло Сафаров ба ин бовар аст, ки “агар Маскав иштибоҳе мекунад, бар зарари худаш аст. Аз ҷумла, қонунҳое, ки дар Русия қабул шуданд ва тарғибгари миллатгароӣ ҳастанд, ҳеҷ ба манфиати ин кишвар нест”. Аммо ӯ мегӯяд, Русия давлати мустақил аст ва кишварҳои дигар наметавонанд ба корҳои дохилии он дахолат кунанд.
Темур Умаров ба ин назар аст, ки ба эҳтимоли зиёд Русия сабақе намегирад ва сиёсати худро тағйир намедиҳад.
“Роҳбарияти ин кишвар ба андӯхтани сабақ аз хатоҳо таваҷҷӯҳи хосе надоранд. Фикр мекунам, минбаъд низ масоили ҳалталабро бо усули қатъии қаблӣ, мисле, ки чанде пеш, пас аз суқути тайёраи Озарбойҷон аз сӯйи падофанди Русия рух дод, ҳал хоҳанд шуд”, – мегӯяд Умаров.
Воқеан, Владимир Путин пас аз суқути тайёраи Озарбойҷон ҳарчанд ба Илҳом Алиев занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард, аммо аз ӯ узр нахост, тавре, ки раисҷумҳури Озарбойҷон хоста буд. Ҳамон тавре ки то ҳол дар марги ду озарӣ дар Екатеренбург худро муқассир эътироф накардааст.


