Пагоҳ раисҷумҳури Муғулистон ба Тоҷикистон меояд. Чӣ чорабиниҳо дар назар аст ва кадом роҳҳо баста мешаванд?

Пагоҳ, 23-юми июл, Ухнаагийн  Хурэлсух, президенти Муғулистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва сафари давлатӣ ба Душанбе меояд ва 4 рӯз, то 26-уми июл боқӣ мемонад. Муайян намудем, ки дар доираи ин сафар кадом чорабиниҳо доир мегарданд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар доираи сафари Ухнаагийн  Хурэлсух мулоқоти дуҷонибаи раисҷумҳурони ду кишвар дар […]

Asia-Plus

Пагоҳ, 23-юми июл, Ухнаагийн  Хурэлсух, президенти Муғулистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва сафари давлатӣ ба Душанбе меояд ва 4 рӯз, то 26-уми июл боқӣ мемонад. Муайян намудем, ки дар доираи ин сафар кадом чорабиниҳо доир мегарданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар доираи сафари Ухнаагийн  Хурэлсух мулоқоти дуҷонибаи раисҷумҳурони ду кишвар дар назар буда, интизор меравад, ки як қатор санадҳoи дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шаванд.

 

Форуми иқтисодӣ ва барномаи фарҳангӣ

Рӯзи  24-уми июл, соати 14:00 дар меҳмонхнаи Hyatt Regency дар Душанбе Форуми иқтисодии Тоҷикистону Муғулистон баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, дар доираи сафари раисҷумҳури Муғулистон намояндагони тақрибан 60 ширкати бонуфузи ин кишвар низ ба Тоҷикистон меоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар Форуми мазкур сармоягузорони ду кишвар ва  намояндагони мақомоти марбута ширкат варзида, мулоқот анҷом медиҳанд.

Ҳадафи форум таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, густариши равобити тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятнок гуфта мешавад. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш имконоти сармоягузории ду давлат муаррифӣ гардида, дар қисмати асосӣ гуфтугӯи мустақими соҳибкорон дар шакли B2B баргузор шавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Муғулистон дар зарфи 5 моҳи соли 2025 ҳамагӣ ҳудуди 172 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

 

Ҳамчунин, аз Вазорати фарҳанг гуфтанд, дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Муғулистон баргузор мешавад, ки дар доираи он намоиши ҳунарҳои мардумии Муғулистон ва барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони ин кишвар дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 24-уми июл дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи фарҳангии ҳунармандони Муғулистон доир мегардад. Манбаъ мегӯяд, қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ дар саҳни бинои театр ҳунарҳои мардумии Муғулистон ба намоиш гузошта мешаванд.

Гуфта мешавад, ки аҳли ҳунари кишвари Муғулистон рӯзҳои баъдӣ аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии кишвар боздид мекунанд.

 

Роҳҳои Душанбе давоми се рӯз баста мешаванд

Ба иттилои пулиси пойтахт, давоми се рӯзи оянда роҳҳои мошингарди чанд кӯчаву хиёбонҳои Душанбе баста мешаванд. Гарчанде мақомот сабаби маҳдудият дар роҳҳои пойтахтро шарҳ надодааст, ба эҳтимоли зиёд, он ба сафари давлатии раисҷумҳури Муғулистон ба Тоҷикистон рабт дорад.

Пулиси пойтахт гуфтааст, пагоҳ, 23-юми июл, аз соати 18:00 то соати 22:00 ҳаракати мошинҳо тавассути кӯчаҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ муваққатан маҳдуд мегарданд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 24-уми июл роҳҳои мошингарди хиёбонҳои Рӯдакиву Сомонӣ ва кӯчаҳои Теҳрону Шероз баста мешаванд.

Рӯзи 25-уми июл бошад маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳои мошингарди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи С.Айнӣ ба самти ш.Ваҳдат маҳдуд шуда, бегоҳи ҳамин рӯз роҳҳои хиёбони Рӯдакӣ, аз дидбонгоҳи “Чорбоғ” ба самти ноҳияи Варзоб дар соатҳои гуногун баста мешаванд. 

Пулис аз ронандагон хостааст, ки дар ин аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода карда, аз таваққуфи бемаврид дар кӯчаҳои зикргардида худдорӣ кунанд.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафари давлатии Ухнаагийн Хурэлсух, президенти Муғулистон дар кишвари мо рӯзи 26-уми июл ба анҷом мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио