Шодмон Юсуф, нахустин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар синни 76-солагӣ даргузашт. Дар ин бора сомонаи “Ойина” хабар дод. Хабари даргузашти ӯро як манбаъ аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.
Сабаби марги ин сиёсатмадори пешин маълум нест. Ӯ 30 соли охир дар шаҳри Венаи Утриш (Австрия) кору зиндагӣ мекард ва дар бораи фаъолият ва ҳаёти шахсии ӯ қариб ки маълумоте дастрас набуд. Ӯ аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекард.
Шодмон Юсуф яке аз сиёсатмадорони шинохтаи тоҷики солҳои навадуми асри гузашта буд. Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Саратовро буда, дар донишгоҳҳои омӯзгории Кӯлобу Душанбе фаъолият намуд ва баъдан дар Академияти илмҳои Тоҷикистон ба кори илмӣ пардохт. Ӯ чанд сол раҳбарии кумитаи Ҳизби коммунист дар Академияи илмҳоро ба ӯҳда дошт.
Шодмон Юсуф дар саргаҳи таъсиси Ҳизби демократи Тоҷикистон қарор дошт. Соли 1991 дар конфронси муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон, раиси ин ҳизб интихоб шуд. Аммо дар саҳнаи сиёсии пурталотуми он солҳо натавонист дер пояд ва муваффақ шавад. Дар авҷи муқовиматҳои дохилӣ дар Тоҷикистон Шодмон Юсуф муддате роҳбарии нирӯҳои ҷонибдори Ҳукумати муросои миллиро дар ташкилоте бо номи “Ситоди Наҷоти Ватан”, бар ӯҳда дошт, вале соли 1992, баъди пирӯзии сиёсӣ ва низомии “Фронти халқӣ” якҷо бо аксар ҷонибдоронаш аз Тоҷикистон берун ва муҳоҷир шуд.
Соли 1994 талош кард Ҳизби демократи Тоҷикистонро дубора сабти ном кунад ва як сол баъд раиси ҳизб интихоб гардид. Лекин ихтилофи назар дар дохили ҳизб бар сари нақш он дар равандҳои сиёсӣ ва низомӣ аъзои ҲДТ-ро ба ду – “Ҷиноҳи Теҳрон” ва “Ҷиноҳи Алмаато” тақсим кард.
“Ҷиноҳи Алмаато”-и ин ҳизб дар музокироти сулҳи Тоҷикистон ширкат намуда, баъдан дар он саҳме дарёфт кард, аммо “Ҷиноҳи Теҳрон”, ки пештар бо ҳукумат канор омада буд, бидуни саҳм дар он ҳукумат монд.
Баъдтар ба роҳбарии Ҳизби демократи Тоҷикистон нафарони дигар омаданд ва Шодмон Юсуф дар Утриш паноҳанда шуд. Дар солҳои баъди нақши ӯ ҳам дар саҳнаи сиёсии кишвар ба сифр баробар шуд. Тибқи маълумотҳо, ӯ солҳои охири умр ба корҳои илмӣ машғул буд ва аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекард.



