ЧОРАБИНИҲОИ 26 ИЮЛ
Имрӯз сафари Ухнаагийн Хурэлсух, раисҷумҳури Муғулистон ба Тоҷикистон ба анҷом мерасад. Ӯ рӯзи 23-юми июл ба Тоҷикистон омад ва бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда, байни вазорату идораҳои ду кишвар 10 санади нави ҳшамкорӣ ба имзо расид.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 26 ИЮЛ
Соли 2002 – Низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон аз тобеияти ВКД ба тавозуни Вазорати адлия гузаронида шуд.
Соли 2006 – Нақби “Истиқлол” ва корхонаи муштараки “Ҳумо”, ки барои истеҳсоли тракторҳо тахассус дода шудааст, бо иштироки раисҷумҳурони Тоҷикистону Эрон ифтитоҳ гардиданд.
Соли 2007 – Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон соли 2008 “Соли забони тоҷикӣ” эълон гардид.
Соли 2010 – Маблағи саҳмияҳои Роғун дар бонкҳо ҷой дода шуданд.
Соли 2014 – Қонун “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” ба имзо расонида шуд.
Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи Кангурт – Балҷувон – Ховалинг оғоз бахшид.
Соли 2019 – Дар минтақаи баҳсноки наздикии Исфара мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Баъдан онҳо бо намояндагони ҷомеа дидор анҷом дода, вобаста ба масъалаи марз гуфтугӯ карданд.
Соли 2019 – Дар боғи марказии шаҳри Хоруғ 12-умин Фестивали байналмилалии фарҳанг ва сайёҳӣ таҳти унвони “Боми ҷаҳон” баргузор гардид.
Соли 2021 – Дар шаҳри Истаравшан Маркази хизматрасонии “Фатирҳои Гули Сурх” ва ошхонаи миллии “Гули Сурх” ба истифода дода шуд..
ШАХСИЯТҲО
Соли 1955 – Мавлуди Юнусалӣ Эргашев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1913 – Зодрӯзи Қамариддин Маъруфӣ, рӯзноманигор ва мутарҷими тоҷик.
Соли 1958 – Мавлуди Бӯрибеки Худойбахш, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 26-уми июл Рӯзи забони “эсперанто” таҷлил мешавад. Эсперанто забони сунъии байналхалқиест, ки бо мақсади осон кардани муоширати байни халқҳо ихтироъ шудааст. Онро охири асри XIX Людвиг Заменгоф бо ҳадафи осон кардани муошират миёни миллатҳои гуногун эҷод кард.
Фарқи забони эсперанто аз дигар забонҳо ин аст, ки он сохтору грамматикаи мураккаб надошта, ҳар як калима як маъно дорад, ҳарфҳо як шакли талаффуз доранд ва истисноҳо вуҷуд надоранд. Он забоне нест, ки халқе ба мерос гирифта бошад. Онро махсус сохтаанд.
Ҳоло бино ба маълумотҳо, тақрибан 2 миллион нафар ба ин забон ҳарф мезананд ва бархе онро ҳатто забони модарӣ медонанд.
26-уми июли соли 1908 дар Амрико Бюрои федеролии тафтишот (ФБР) таъсис ёфт, ки ба мубориза бо терроризм, ҷинояткории муташаккил, ҷосусӣ ва ҷиноятҳои дигар машғул аст. Он ба Вазорати адлия итоат мекунад ва раҳбараш бо амри президент барои 10 сол таъйин мешавад.
26-уми июли соли 1930 дар наздикии Воронеж аввалин ҷаҳишҳои гурӯҳии парашутӣ анҷом шуданд. Ин рӯйдод оғози рушди васеи ин соҳа гардид. Имрӯз парашутбозӣ дар артиш, варзиш ва дигар соҳаҳо истифода мешавад.
26-уми июли соли 1953 дар Куба шӯриш ба амал омад. Онро Фидел Кастро роҳбарӣ мекард, ки дар оғоз бо шикаст анҷомид, вале баъдан бо таъсиси “Ҳаракати 26 июл” ва ғалабаи мусаллаҳона дар соли 1959 ба пирӯзии инқилоби Куба овард. Ҳаракати ӯ ба таъсиси ҳукумати нав дар Куба асос гузошт.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи муаммо таҷлил мешавад. Гарчанде маълумоти дақиқ дар бораи пайдоиши он нест, вале дӯстдорони муаммо ва масоили мантиқӣ онро барои санҷиши зеҳн ва фароғати зеҳнӣ истифода мебаранд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 26 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 31+36º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 17+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 30+32º гарм.


