ЧОРАБИНИҲОИ 31 ИЮЛ
Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон (09:00), КВД “Тоҷиксуғурта” (14:00), Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм (15:00), Агентии хоҷагии ҷангал (15:00), Палатаи савдо ва саноат (15:00).
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 31 ИЮЛ
Соли 2007 – Дар шаҳри Душанбе фаъолияти Бюрои СММ оид ба ҳамкории сулҳофаринӣ дар Тоҷикистон қатъ гардид.
Соли 2009 – Нерӯгоҳи барқии обии “Сангтуда-1” расман ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2017 – Дар Тоҷикистон татбиқи барномаи “Занони соҳибкор” аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонии Рушд оғоз гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1914 – Мавлуди Санавбар Бақоева, ҳунарпешаи театри тоҷик.
Соли 1943 – Зодрӯзи Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоир, драманавис, ва адабиётшинос.
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ адиб ва донишманди шинохтаи тоҷик ва ҳомии забону адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон буда, аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ ҳамчунин узви Шӯрои Анҷумани байналхалқии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” буда, соли 2000-ум барои асарҳояш ба Ҷоизаи ба номи Деваштич сазовор гардидааст.
Намунаҳои ашъори ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд.
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар драманависӣ ҳам дасти қавӣ дошта, чанд драмаи манзум офаридааст, ки “Меҳри пирӯз ё зодаи нур” ва “Дарди рӯзгори Одам”, ки ду намоишнома – “Бародаркуш” ва “Фаромӯшӣ”-ро дарбар мегирад, аз он ҷумлаанд.
Яке аз бузургтарин хидматҳои Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ таълифи тазкираи “Сипеҳри орзу” дониста мешавад, ки фарогири рӯзгор ва осори адибони охири асри XIX то ба имрӯз аст.
Мавсуф 18-уми октябри соли 2021 дар синни 78–солагӣ дар шаҳри Самарқанд аз олам даргузашт.
Соли 1969 – Зодрӯзи Абдуҷаббор Умарзода, вакили пешини Маҷлиси намояндагон.
Соли 2014 – Саидбухорӣ Маҷидов, директори пешини Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар 61-солагӣ даргузашт.
Саидбухорӣ Маҷидов 15-уми августи соли 1952 ба дунё омада, соли 1974 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. Фаъолияти ҳунарии ӯ ба сифати маъмури Театри халқии ноҳияи Ҳамадонӣ оғоз гардида, баъдан ҳамчун роҳбари бадеӣ ва директори Хонаи маданият, мудири шӯъбаи фарҳанги ҳамин ноҳия намудааст.
Ӯ солҳои 1995-2003 сардори идораи фарҳанги вилояти Хатлон буд. Мавсуф баъдан директори Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ва сарвари ансамбли давлатии рақсии “Лола” таъин гардида, то соли 2012 дар ин маснад буд.
Ду солӣ баъдӣ вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Субҳи рӯзи 31-уми июли соли 2014 ӯ аз вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон озод шуда, ба мансаби муовини роҳбари гурӯҳи ҳунарии “Базморо” таъин гардид. Шоми ҳамон рӯз Саидбухорӣ Маҷидов бар асари бемории дил аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 31-уми июл ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии муҳофизони табиат (рейнҷерҳо) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз соли 2007 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии муҳоҷизони табиат бо таъкиди саҳми ин нафарон дар муҳофизати табиат таъсис ёфтааст. “Рейнҷер” шахсест, ки дар муҳофизати минтақаҳои табиии махсус, ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зист аз хатарҳои табиӣ ва инсон фаъолият мекунад.
Ин сана ҳамчунин ба ёдбуди он муҳофизоне бахшида шудааст, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбии худ ҷони худро аз даст додаанд.
31-уми июл ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии занони Африқо таҷлил мешавад. Ин сана соли 1962 дар Конфронси умумии занони Африқо таъсис ёфтааст ва ба нақши занони африқоӣ дар рушди ҷомеа ва ҳаракатҳои озодихоҳ бахшида шудааст.
Ин рӯз ба солгарди таъсиси Созмони умумиафриқоии занон дар шаҳри Дор-ус-Саломи Танзания рост меояд, ки баъдан номи Созмони панафриқоии занонро гирифт. Созмон намояндагони кишварҳои мустақил ва ҳаракатҳои миллии озодихоҳии қораро муттаҳид менамояд.
31-уми июл ҳамчун Рӯзи таваллуди Ҳарри Поттер, қаҳрамони маъруфи китобҳои Ҷоан Роулинг таҷлил мешавад. Ба гуфтаи муаллиф, ӯ соли 1980 таваллуд шудааст.
Ҳарри Поттер дар 11-солагӣ номае аз мактаби сеҳру ҷоду – Ҳогвартс мегирад ва саргузаштҳои ҷодугаронаи ӯ аз ҳамин лаҳза оғоз меёбанд. Ин рӯзро мухлисони китоб бо доир намудани чорабиниву шабнишиниҳои вижа ҷашн мегиранд.
Ин рӯз ҳамчунин Рӯзи ёдбуди китобҳои дӯстдошта таҷлил мешавад, ки ба зодрӯзи Ҷоан Роулинг, нависандаи маъруфи бритониё, ки муаллифи силсилакитобҳои “Ҳарри Поттер” аст, рост меояд. Дар ин рӯз дӯконҳои китобфурӯшӣ, китобхонаҳо ва нашрияҳо намоишгоҳу чорабиниҳо баргузор менамоянд.
Идеяи таҷлили ин ид соли 2002 дар яке аз форумҳои байналмилалӣ пешниҳод гардид ва ҳамчун рӯзи махсус барои дӯстдорони китоб қабул шуд.
31-уми июл Рӯзи байналмилалии асбобҳои нодиру ғайриодӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз таваҷҷуҳ ба созҳое равона мегардад, ки дар саҳнаҳои мусиқии ҷаҳонӣ камтар истифода мешаванд, мисли клавикорд, варган, глюкофон, ханг, диджериду, гусли, гидралофон ва дигарон.
Флейта яке аз қадимтарин созҳои мусиқӣ дониста мешавад (тақрибан 40 000 сола), ки намунаи онро дар Олмон пайдо кардаанд, ки аз устухони парранда сохта шудааст.
Бо вуҷуди он ки ин ид расман ба қайд гирифта нашудааст, ҳар сол дар кишварҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 31 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 29+31º гарм.


