Додситонии кул гуфт, муовини сардори милитсияи Шоҳмансур барои шиканҷа 13 сол равонаи зиндон шуд

Date:

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар ним соли охир додгоҳҳои кишвар вобаста ба шиканҷа аз сӯи кормандони мақомоти қудратӣ танҳо як парвандаи ҷиноятиро баррасӣ кардаанд. Вале Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, дар ин давра аз эҳтимоли шиканҷа ва бадрафторӣ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон 7 шикоят сабт кардаанд.

 

13 соли зиндон барои шиканҷа ва боздошти ғайриқонунӣ

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми август зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба парвандаи баррасишуда гуфт, як корманди ВКД барои шиканҷа ва ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан бо қарори додгоҳ 13 сол равонаи зиндон шуд.

“Парванда нисбати Маҳмудзода (номашро нагуфт), собиқ муовини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур дар соли 2024 оғоз шудагӣ буд. Ҳукми аввал ҳам соли 2024 буромад. Вале бинобар сабук будани ҷазои таъинкарда аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ эътирози кассатсионӣ оварда шуда, ҳукм бекор гардид. Рӯзи 27-уми январи соли 2025 нисбати Маҳмудзода ҳукми нав баромад ва ӯ 13 сол аз озодӣ маҳрум шуд”,-гуфт намояндаи Додситонии кул.

Намояндаи ин ниҳод дар хусуси ҳукми қаблии Маҳмудзода ва шахсияти ӯ иттилои бештар надод.

Ӯ танҳо гуфт, ки нисбати Маҳмудзода вобаста ба моддаи 143, қисми 1 (шиканҷа) ва моддаи 358 (ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан)-и КҶ парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, баррасӣ гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам дар нишасти матбуотии худ 13 сол ҳабси як корманди ВКД-ро барои шиканҷа ва бадрафторӣ тасдиқ кард, вале дар бораи парванда ҷузъиёт надод.

 

Эътилофи зиддишиканҷа гуфт, аз шиканҷа ва бадрафторӣ 7 шикоят гирифтанд

Дар ҳамин ҳол, Эътилофи зидди шиканҷа, ки чанд созмони вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсонро фаро мегирад, дар як гузориши худ гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 7 шикоятро аз эҳтимоли шиканҷа ва бадрафторӣ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон дастрас кардаанд.

“Мисли пештара бештари шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати муроҷиаткунандагон вобаста ба сохторҳои ВКД будааст”,-омадааст дар гузориши ин созмон.

Дар гузориши Эътилофи зидди шиканҷа дар бораи тафсилоти шикоятҳо маълумоти пурра дода нашудааст. Эътилоф танҳо гуфтааст, ки дар моҳи июл дар муассисаи ислоҳии занонаи №3/8 дар Норак, ба маҳбусон ва кормандон ҳуқуқ ва меъёрҳои муносибат бо маҳбусонро фаҳмонидаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, гузоштани барқ яке аз намудҳои асосии шиканҷа аст.

Инчунин, дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар хусуси фарқи шиканҷа аз муносибати бераҳмона, ҳуқуқи қурбониён ба ҷуброни зарар, маълумот додааст.

Ин созмони ҷамъиятӣ гуфтӣааст, ки дар 6 моҳ ба 27 қурбонии шиканҷа ва наздикони онҳо кумаки ҳуқуқӣ расонидааст.

Бояд гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ барои бадрафторӣ ва шиканҷаи боздоштшудагон мунтазам танқид мешаванд. Ҳамасола даҳҳо боздоштшуда ва ё наздикони онҳо дар Тоҷикистон зимни боздошт ё бозпурсӣ аз шиканҷа шикоят мекунанд. Мақомот дар бештари маврид вуҷуди шиканҷаро рад намуда, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ нисбат ба кормандони милиса парванда боз мекунанд.

Аз ҷумла, як афсари пешини полис дар марги як шаҳрванд дар ҳолати боздошт айбдор, баъди 8 сол боздошт ва ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...