“Истиқлол” ва “Ал-Наср” боз рақиби ҳам шуданд. Криштиану Роналду ба Тоҷикистон меояд?

Дар қуръакашии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон боз рақиби дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ шуд, ки дар он Криштиану Роналду, футболбози маъруфи пуртуғолӣ бозӣ мекунад. Ҳамакнун, имкон дорад, ки ин ситораи маъруфи футбол ба Тоҷикистон биёяд. Қуръакашӣ, имрӯз, 15-уми август, дар шаҳри Куала-Лумпури давлати Малайзия баргузор гардид. Дастаи "Истиқлол" дар гурӯҳи "D" ҳамроҳ бо дастаҳои […]

Asia-Plus

Дар қуръакашии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон боз рақиби дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ шуд, ки дар он Криштиану Роналду, футболбози маъруфи пуртуғолӣ бозӣ мекунад. Ҳамакнун, имкон дорад, ки ин ситораи маъруфи футбол ба Тоҷикистон биёяд.

Қуръакашӣ, имрӯз, 15-уми август, дар шаҳри Куала-Лумпури давлати Малайзия баргузор гардид. Дастаи "Истиқлол" дар гурӯҳи "D" ҳамроҳ бо дастаҳои "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ, "Ал Завра"-и Қатар ва "Гоа"-и Ҳиндустон қарор гирифт.

Рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё рӯзи 16-уми сентябр оғоз хоҳанд шуд. Дар ин марҳила дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ду маротиба бо дастаи “Ал-Наср” – як маротиба дар майдони худ ва маротибаи дигар дар сафар бозӣ мекунад. Ҳоло ҷадвали бозиҳо маълум нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан ҳам дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими солҳои 2023/2024 рӯёрӯйи ҳам қарор гирифта, ду бозӣ баргузор карданд.

Дар бозии якум дар шаҳри Риёз “Ал-Наср” бо натиҷаи 3:1 “Истиқлол”-ро ноком кард ва рақобати дуюм дар Душанбе, ки бидуни Роналду доир гашт, бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ шуд. 

Он замон ҳам омадани Криштиану Роналду ба Тоҷикистон сарусадоҳои зиёдеро барпо карда буд, вале билохира ӯ ба Душанбе наомад.

Маъмурияти бошгоҳи “Ан-Наср” наомадани Роналду ба Тоҷикистонро ба ҷароҳати ӯ дар рақобат бо “Персеполис”-и Эрон рабт дода, гуфта буданд, то ба ҳол шифо наёфтааст. 

“Бинобар ин сабаб, Роналдуро роҳбарияти тим истироҳат додаанд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” ба Душанбе намеояд. Ҳамин тавр, бо наомадани Роналду орзуи мухлисони зиёди футболи тоҷик, ки хоҳиши аз наздик дидани бозии ӯро доштанд, ҷомаи амал напӯшид”, – навишта буд он вақт ТВ “Варзиш”.

Бояд гуфт, дар ҳайати “Ал-Наср” ба ҷуз аз Криштиану Роналду, бозигарони машҳуре ба монанди Садио Мане, Эмерик Ляпорт, Жуан Феликс, Отавио Эдмилсон ва дигарон низ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.