Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 августи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 17 АВГУСТ

– Имрӯз аз соати 10:00 то соати 13:00 дар Қалъаи Хуҷанд барои рассомон таҳти унвони “Пешбурди фаъолияти ҳунарӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ” машғулияти омӯзишӣ баргузор мешавад. Он дар доираи лоиҳаи “Роҳи эҷодӣ” барои рассомон доир мегардад.

– Имрӯз рӯзи дуюми ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва маснуоти ҳунарҳои мардумии вилояти Суғди Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон аст.

Соҳибкорони вилояти Суғд зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту мева, хушкмева ва чормағз, инчунин, дигар зироатҳои полизии худро, ки минтақа бо онҳо маъруф аст, ба шаҳри Остонаи Қазоқистон бурдаанд.

Меҳмонону сокинони ин шаҳр имрӯз метавонанд маззаи таъомҳои миллии тоҷикиро чашида, аз фазои бозори шарқӣ бо рафу дӯконҳои савдои ҳарранга, бӯйи хӯришҳову мусиқии зинда ҳаловат баранд.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ дирӯз, 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангие, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино, ба монанди асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ,  рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 17 АВГУСТ

Соли 1994 – Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бинобар ин ҳамасола рӯзи 17-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷлил мешавад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1994 – Бо Қарори Шӯрои вазирони Тоҷикистон, дар заминаи Шӯъбаи Душанбегии Роҳи оҳани Осиёи Миёна  “Роҳи оҳани Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Бинобарин ин 17-уми август расман Рӯзи кормандони нақлиёти роҳи оҳан таҷлил мегардад.

Соли 2006 – Парлумон Қонун “Дар бораи авф”-ро қабул кард, ки тибқи он зиёда аз 4 ҳазору 950 маҳкумшуда раҳо шуданд.

Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо унвони баланди ҷомеаи аврупоӣ дар соҳаи фарҳанг ва сиёсат – “Пешвои асри XXI” сарфароз гардонида шуд.

Соли 2018 – Пас аз 20 сол Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ рафт.

Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон амреро ба тавсиб расонид, ки мувофиқи он ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1936 – Мавлуди Темур Зулфиқоров, шоир ва нависандаи русзабони тоҷик.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Данте”-и тоҷику рус, ки ба далели монанд будани навиштаҳояш ба сабки Данте, шоиру нависандаи маъруфи итолиёӣ чунин унвон гирифтааст, имрӯз 89-сола шуд.

Ӯ яке аз нависандагони маъруфи тоҷик буда, аз рӯйи навиштаҳояш чандин филмҳо бардошта шудаанд. А ҷумла, филмномаи филмҳои “Рояли Сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “ Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ”, “Саробҳои Ишқ”, “ Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тилло”  ба қалами ӯ таалуқ дорад. 

Тимур Зулфиқоров ҳамчунин муаллифи 30 китоб аст, ки ҳар кадоме аз онҳо ба 12 забони хориҷӣ тарҷума шудасту шумори  нашрашон ба милионҳо адад мерасад.

Солҳои 1990 ва 2010 номзадии Темур Зулфиқоровро як нашриёти русӣ барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт пешниҳод карда буд.

Зулфиқоров баъди хатми мактаби миёна ба Русия рафта, тақрибан 60 соли ҳаёти худро онҷо сипарӣ кард ва аксари маҳсули қалами худро низ онҷо навиштааст.

Ҳамагӣ чанд соле қабл раисҷумҳури Тоҷикистон  ӯро ба кишвар даъват карду барояш хонаву бӯстонсаро тақдим намуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

17-уми августи соли 1977 киштии яхшикани атомии “Арктика” таҳти фармони капитан Юрий Кучиев пас аз убури қабати яхҳои қутбии семетра, нахустин шуда ба Қутби Шимол расид. Ин дастоварди таърихӣ нахустин маротиба дар ҷаҳон буд, ки киштии баҳрнавардӣ ба Қутби Шимол расид.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи мағозаи молу ашёи дасти дуюм таҷлил мегардад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фарҳанги ғарбӣ ба кишварҳои пасошӯравӣ роҳ ёфт ва мағозаҳои “дасти дуюм” низ, ки “секонд ҳенд” ном доранд, маъруф шуданд. Бо мурури замон ин истилоҳ асосан барои мағозаҳои махсуси фурӯши либос ва пойафзол истифода бурда мешавад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 17 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гурду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 21+26º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гурду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гурду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гурду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гурду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 34+36º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...