Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ба Турсунзода рафтанд

Имрӯз, 16-уми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ба шаҳри Турсунзода рафтанд ва бо фаъолияти кишоварзон шинос шуданд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки раисҷумҳур ва шаҳрдори пойтахт ҳамчунин бо истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори […]

Asia-Plus

Имрӯз, 16-уми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ба шаҳри Турсунзода рафтанд ва бо фаъолияти кишоварзон шинос шуданд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки раисҷумҳур ва шаҳрдори пойтахт ҳамчунин бо истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ба шаҳри Турсунзода шинос шуданд.

 

Аз ҷумла, онҳо аз заминҳои шолӣ, ки баъд аз ҷамоварии ҳосили гандум дар кишти такрорӣ парвариш меёбад, дидан намудаанд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар шаҳри Турсунзода дар майдони 5200 гектар шолӣ кишт кардаанд, ки аз ин 4000 гектараш кишти такрорӣ мебошад. Гуфта мешавад, нашъунамои шолӣ хуб буда, ҳосилнокии интизорӣ аз ҳар гектари он 65 сентнерӣ мебошад.

“Дар маҷмӯъ кишоварзони шаҳр мақсад доранд, ки имсол зиёда аз 40 ҳазор тонна ҳосили хушсифати шолӣ ҷамоварӣ карда, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, ҳамзамон содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд”, – менависад манбаъ.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ангури Сомон” шинос гардидаанд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои 500 гектар токзор буда, дар он вобаста ба шароити созгори иқлим навъҳои гуногуни ангур, ки бештар барои содирот ва истеҳсоли мавиз нигаронида шудааст, парвариш ёфта, ҳамасола аз он ҳосили фаровону хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад.

 

Дар умум, ба иттилои манбаъ, майдони умумии токзор дар шаҳри Турсунзода 5300 гектар буда, токпарварон аз он соли 2024 зиёда аз 32 ҳазор тонна ангур ба хориҷи кишвар содир намудаанд.

Бо дарназардошти ҳосили фаровон имсол токпарварон мақсад доранд, ки ҳаҷми содироти ангурро ба хориҷи кишвар ба 40 ҳазор тонна расонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.