Барои мулоқоти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина омодагӣ оғоз мешавад. Амрико бо кишварҳои аврупоӣ ба Украина замонати амниятӣ медиҳанд. Ин ду нукта муҳимтарин паём аз мулоқоти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо Владимир Зеленский, ҳамтои украиниаш ва роҳбарони кишварҳои аврупоӣ буд.
Мулоқоти раисҷумҳури Амрико бо ҳамтои украиниаш ва роҳбарони кишварҳои аврупоӣ дирӯз, 18-уми август, расо се рӯз баъд аз мулоқоту музокирот бо Владимир Путин дар Аляска, дар Кохи сафед баргузор шуд.
Владимир Зеленский бори аввал пас аз сафари ҷанҷолбарангезаш дар моҳи феврал ба Кохи сафед рафт. Қабл аз ин сафар, таҳлилгарон аз эҳтимоли рӯбарӯи “ултиматум” қарор гирифтани раисҷумҳури Украина эҳсоси хатар мекарданд. Расонаҳо бо такя ба андешаи коршиносон навиштанд, ки эҳтимол аст пас аз мулоқоти “хуб”-и Трамп ва Путин, дар Кохи сафед ба Зеленский аз “тақдири ҳалшуда”-и Украина хоҳанд гуфт.
Бояд зикр кард, ки пас аз мулоқоти раисҷумҳурони Русия ва Амрико, расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, “Путин тарҳи сулҳеро матраҳ кардааст, ки шомили ақибнишинии Украина аз қаламрави Донбас мешавад. Ин мавзуъ сабаби нигаронии Киев ва кишварҳои аврупоӣ гашт”.
Аммо мулоқоти Трамп ва Зеленский ба фарқ аз музокироти се рӯз пеши Русияву Амрико, дар фазои нисбатан боз ва сӯйитафоҳум ҷараён гирифт. Ҳарду раисҷумҳур дар Кохи сафед бо хабарингорон ҳудуди 20 дақиқа суҳбат карданд ва ба чанд саволи онҳо посух ҳам гуфтанд.
Доналд Трамп бори дигар аз мулоқоти “хуб”-аш бо Владимир Путин гуфт ва таъкид кард, ки имкони ба даст овардани натиҷа ва баргузории мулоқоти сеҷонибаи Амрико, Украина ва Русия ҳаст.
Ӯ таъкид кард, ки ҳалу фасли ҷанг дар Украина бояд пойдор бошад. Ин хости тарафҳо ва тамоми ҷаҳон аст. Трамп бори дигар такрор кард, ки Путин хостори поёни ҷанг дар Украина аст. Аммо ӯ аз замони дақиқи созиш нагуфт. Танҳо зикр кард, ки созиш ва сулҳ бояд пойдор бошад.
Трамп гуфт, “вақте гап дар бораи амният меравад, ёрии зиёде хоҳад буд… Аврупо дар хати аввали дифоъ аст, вале мо низ ба онҳо кумак мекунем, мо низ дар он саҳм мегирем."
Зеленский ба Трамп ва роҳбарони кишварҳои аврупоӣ барои кӯмакҳояшон изҳори сипос кард ва гуфт, ки онҳо замонатҳои амниятиро баррасӣ кардаанд.
"Мо бо президент Трамп суҳбати бисёр хуб доштем ва ин воқеан суҳбати беҳтарин буд," – афзуд ӯ.
Ҳамчунин ӯ гуфт, ки украиниҳо қавӣ ҳастанд ва аз барномаҳои Трамп дар бораи хатми ҷанг бо “шеваи дипломатӣ” пуштибонӣ мекунанд.
Зеленский дар посух ба ин суол, ки аз Амрико барои замонати амнияти Украина чӣ лозим аст, гуфт, “ҳама чиз". Ӯ афзуд ҳама чиз марбут ба "силоҳ, афрод, маъмуриятҳои омӯзишӣ ва иттилоот аст”. Ин масъала бо "шарикон" – "кишварҳои бузург", аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида матраҳ хоҳад шуд.
Дар мавриди баргузории интихобот дар Украина Зеленский таъкид кард, ки барои ин “шароити амниятӣ лозим аст”.
“Мо бояд ҷангро қатъ кунем, то Русияро боз дорем”, – зикр кард Зеленский.
Оғози омодагӣ ба мулоқоти Путин ва Зеленский
Пас аз анҷоми мулоқоти дуҷониба, Трамп ва Зеленский бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, Кир Стармер, нахуствазири Британияи Кабир, Ҷорҷа Мелонӣ, нахуствазири Италия, Александр Стубб, раисҷумҳури Финландия, Урсула фон дер Ляйен, роҳбари Комиссияи Аврупо ва Марк Рютте, дабири кулли НАТО мулоқоти бисёрҷониба доир карданд.
Қабл аз ин мулоқот, аксар таҳлилгарон ба он ишора карданд, ки сафари роҳбарони кишварҳои аврупоӣ ба Вашингтон “намоиши ҳамбастагӣ бо Зеленский” ва талоши таъмини замонати амниятӣ барои Аврупо аст.
Воқеан, аксари ин роҳбарон дар бораи замонати амниятӣ барои Украина дар доираи “моддаи 5” сухан карданд. Ин ишора ба моддаи 5-и оинномаи НАТО аст, ки мегӯяд, “ҳуҷум ба як кишвари аъзо, ҳуҷум ба кулли кишварҳои аъзо арзёбӣ мешавад”.
Аммо мавқеи Амрико дар ин маврид пас аз мулоқот ҳам норӯшан монд. Ҳарчанд Трамп гуфт, дар таъмини “замонати амниятӣ ба Украина” саҳм мегирад, аммо мушаххасан аз “моддаи 5” ҳарф назад. Пештар аз ин, Трамп чанд маротиба гуфта буд, ки Украина ҳеҷ гоҳ ба НАТО пазируфта намешавад. Ин талабе, ки Русия ҳам пеш гузоштааст ва яке аз сабабҳои оғози ҷангашро ба талоши пайвастани Украина ба ин созмони ҳарбӣ рабт медиҳад.
Мулоқоти бисёрҷониба бо суханҳои Трамп, ки ба эҳтимоли зиёд, бидуни огоҳии ӯ расонаӣ шуд, оғоз гардид. Ӯ бехабар аз фаъол будани дастгоҳи сабти садо, ба роҳбарони кишварҳои аврупоӣ гуфт, “мефаҳмед, ба назари ман чунин менамояд, ки ӯ (Путин дар назар аст.-идора) мехоҳад созиш кунад”.
Ва воқеан, дар миёни мулоқот, барои як муддат Доналд Трамп канор рафт ва бо Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ӯ пештар, вақти мулоқот бо Зеленский гуфта буд, ки пас аз он бо ҳамтои русаш суҳбат мекунад.
Юрий Ушаков, мушовири сиёсати хориҷии раисҷумҳури Русия тасдиқ кард, ки Путин ва Трамп ҳудуди 40 дақиқа телефонӣ суҳбат кардаанд ва зимни он Трамп ба Путин дар бораи музокироташ бо Зеленский ва роҳбарони кишварҳои аврупоӣ маълумот додааст.
Ушаков гуфт, раисҷумҳурон барои идомаи музокироти мустақими ҳайатҳои Русия ва Украина ва боло бардоштани сатҳи намояндагии Русия дар ин музокирот тавофуқ кардаанд.
Баъдан Трамп гуфт, бо раисҷумҳур Путин телефонӣ суҳбат кардааст ва дар бораи оғози омодагӣ ба мулоқоти Путин ва Зеленский хабар дод. Ӯ зикр кард, ки макони мулоқот бояд дақиқ шавад. Пас аз он, ба қавли Трамп, мулоқоти сеҷонибаи ӯ бо раисҷумҳурони Русияву Украина баргузор мешавад.
Зеленский пас аз мулоқот нишасти хабарӣ баргузор кард ва зикр намуд, ки Русия пешниҳод кардааст, ки аввал мулоқоти дуҷониба ва баъдан сеҷониба баргузор гардад.
“Мо омодаи мулоқот дар ҳар қолаб дар сатҳи роҳбарон ҳастем. Аз ин лиҳоз ман тасдиқ кардам ва маро ҳамаи роҳбарони кишварҳои аврупоӣ ҷонибдорӣ карданд, ки ба мулоқоти дуҷониба омодаем”, – гуфт Зеленский.
Ӯ таъкид кард, ки “масъалаи қаламрав танҳо миёни ман ва Путин баррасӣ мешавад”.
Аммо ҷониби Русия то ҳол расман мулоқоти дуҷониба ва сеҷонибаро тасдиқ ё рад накардааст.


