ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИММИ 29 АВГУСТ
– Дар майдони 800-солагии Маскав имрӯз соати 16:00 ҷашнвораи Retro & New Cars оғоз мегардад. Дар он шумо тағйиру пешрафти назаррасро дар самти техника ва мошин бо чашми худ мебинед. Шуморо барномаи ҷолибу диданӣ, машғулиятҳои шавқовар барои тамоми сину сол, ҳавзаҳо барои суратгирӣ, қабули ғизо, бозиҳои гуногун ва консерти хотирмон интизор аст.
– Имрӯз, соати 17:00 дар “Serena Art Gallery” ифтитоҳи намоишгоҳи шахсии Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” доир мегардад. Намоишгоҳ ба муносибати ҷашни Истиқлоли кишвар ташкил мегардад. Меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки то 24-уми сентябр асарҳои мусаввирро боздид кунанд.
– Имрӯз, соати 20:30 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор даври аввали мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» миёни мунтахабҳои футболи Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мегардад.
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.
Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ, рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 29 АВГУСТ
Соли 1930 – Ноҳияи Шаҳритус таъсис дода шудааст.
Соли 2013 – Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисыумщури Тоҷикистон корхонаи бузурги истеҳсоли семент ба истифода дода шуд.
Соли 2014 – Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Қонун “Дар бораи назорати содирот”-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1932 – Мавлуди Нуъмонҷон Тоштемиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ.
Нуъмонҷон Тоштемиров, овозхони тоҷик солҳо барои рушди санъати тоҷик заҳмат кашидааст. Ӯ аввал қариб даҳ сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон сарояндагӣ кард ва соли 1960 роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъати Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба маълумоти касбҳои техникӣ таъин гардид. Баъдан ба дастаи мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ омада, солҳо он ҷо фаъолият дошт.
Ӯ дар тарғибу ташвиқи мероси суннатии мусиқии тоҷик – “Шашмақом” заҳмат кашид ва сурудаҳояш дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик маҳфузанд.
Овозхон шохаҳои муҳими овозии мақомҳоро бо сабки хоси иҷро, аз ҷумла “Орази Наво”, “Савти Наво”, “Дугоҳ”, “Тулқун”, “Қӯшчинор”, “Савти Мискин”, “Сегоҳи ду”, “Савти Муноҷот” сабт кардааст.
Нуъмонҷон Тоштемиров 17-уми феврали соли 2012 дар синни 79 аз оолам чашм баст.
Соли 1932 – Зодрӯзи Саноат Бозорова, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.
Соли 1949 – Зодрӯзи Маҳмадӣ Мирзоалиев, ҳунарманди Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ.
Маҳмадӣ Мирзоалиев ҳунарманди театри тоҷик буда, қабл аз таҳсилот даар ин соҳа, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ҳайси коргари саҳна фаъолияти худро оғоз намудааст. Ҳамон сол ба факултети санъати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дохил шуда, соли 1972 онро хатм мекунад. Ӯ аллакай дар давраи донишҷӯӣ фаъолияти худро ҳамчун ҳунарпеша дар театр оғоз намуда буд ва то имрӯз дар он боргоҳи ҳунар ҳунарнамоӣ мекунад.
Соли 1956 – Мавлуди Хайриддин Абдураҳимов, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хайриддин Абдураҳимов факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгориро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1982 дар мақомоти амниятии Тоҷикистони шӯравӣ ва Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор мекард. Номбурда солҳо ваколатдор, ваколатдори калон, сардори шӯъба, муовини сардори раёсат, сардори раёсати амнияти Вазорати амнияти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буд.
Абдураҳимов соли 1999 вазири амнияти Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2006 дар ин маснад буд. Баъдан дар курсии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нишаст ва то моҳи сентябри соли 2010 дар ин вазифа кор кард.
Баъдан солҳои 2012-2016 раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар буда, аз соли 2016 то соли 2020 роҳбарии Саридораи ҳифзи сирри давлатии Тоҷикистонро ба зимма дошт. Соли 2020 ба нафақа баромад.
Соли 1965 – Зодрӯзи Мушаррафа Ҷӯраева, устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Мушаррафа Ҷӯраева, ки солҳо инҷониб дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс мегӯяд, хатмкардаи факултети филологияи ин донишгоҳ аст.
Фаъолияти ӯ аз омӯзгорӣ дар мактаби миёна оғоз шуда, баъдан ба ДМТ омад ва солҳо ассистент ва дотсенти кафедраи умумидонишгоҳӣ буд. Солҳои 2003-2007 дотсенти кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон буд ва аз соли 2007 дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Як муддат мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи донишгоҳ буд ва имрӯз профессори ин кафедра аст.
Соли 1968 – Мавлуди Фирӯз Ҳақназарзода, рӯзноманигор, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ.
Соли 1990 – Қандил Ҷӯраев, ҷуғрофиёдон ва иқтисоддони маъруфи тоҷик, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистондар синни 63 даргузашт.
Қандил Ҷӯраев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буда, солҳо Декани факултаи географияву табиатшиносии ин донишгоҳ буд. Сипас муовини вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон, Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ва Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Соли 1988 дубора ба вазифаи ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе таъин гардид ва то охири умр дар ин вазифа кор кард.
Ҷӯраев ҳамчун ходими ҷамъиятию давлатӣ солҳо аъзои Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони Тоҷикистони шуравӣ оид ба ҳамоҳангсозии илм ва техника, аъзои шуъбаи илмҳои ҷамъиятии АИ Тоҷикистон, вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.
Ӯ моҳи августи соли 1990 дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт. 9-уми сентябри соли 1991 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба номи Қандил Ҷӯраев гузошта шуд. То соли 2007, замоне ки ин донишгоҳ ба номи Садриддин Айнӣ гузошта шуд, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон номи ӯро дошт.
Ин олими тоҷик дар давоми фаъолияти худ беш аз 170 асари илмӣ таълиф намудааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
29-уми август ҳамчун Рӯзи байналмилалии амалҳои зидди озмоишҳои ҳастаӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана 2-юми декабри соли 2009 бо қарори Маҷмаи Умумии СММ таъсис ёфт. Ҳадафи асосӣ таҳкими талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қатъи комили озмоишҳои ҳастаӣ ва таъмини амнияти глобалӣ мебошад.
29-уми августи соли 1949 дар полигони Семипалатинск аввалин бомбаи атомии Иттиҳоди Шӯравӣ озмоиш карда шуд. Он нусхаи бомбаи плутонидии амрикоӣ буд, ки қаблан дар Нагасаки истифода шуда буд. Озмоиш бомуваффақият анҷом ёфт ва оғози давраи нави мусобиқаи силоҳҳои ҳастаиро асос гузошт.
29-уми августи соли 1885 Готлиб Даймлер, ихтироъкори олмонӣ патенти аввалин мотосиклро гирифт. Ӯ, ки қаблан ба сохтани муҳаррикҳои дарунсӯз машғул буд, бо Вилҳелм Майбах ширкати худро таъсис дод. Мотосикли нахустинро писараш Адолф сохт. Он 50 кг вазн дошта, муҳаррики яксилиндрӣ бо қувваи 0,5 қувваи асп ва чархҳои оҳанин дошт.
Имрӯз зодрӯзи Майкл Ҷексон, овозхон, раққос ва муаллифи сурудҳои маъруфи ҷаҳонӣ аст. Ӯ соли 1958 дар Амрико ба дунё омада, даз синни 5-солагӣ дар саҳна бо гурӯҳи оилавии “Jackson 5” ҳунарнамоӣ мекард.
Соли 1982 бо нашри албоми “Thriller”, ки зиёда аз 40 миллион нусха фурӯхта шуд, ба рамзи ҷаҳонии мусиқии поп табдил ёфт. Ин албом дар Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун серфурӯштарин албом сабт шудааст.
Ҷексон давоми фаъолияти эҷодӣ 19 ҷоизаи “Грэмми” гирифта, 13 маротиба сурудҳояш дар ҷойи аввали зинабандии фурӯш қарор доштаанд.
Майкл Ҷексон 25-уми июни соли 2009 дар шаҳри Лос-Анҷелес дар 50-солагӣ даргузашт.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ29 АВГУСТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 24+29º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 31+36º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм.


