Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 августи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 31 АВГУСТ

– Имрӯз? соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи мусиқавии “Рустам ва Суҳроб” баргузор мегардад. Ин намоишнома бар асоси “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ рӯйи саҳна омада, аз ҷониби гурӯҳи “Ренессанс” иҷро мешавад. Арзиши балет то 55 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст буда, дар сомонаи echipta.tj дастрас аст.

– Дар “Serena Art Gallery” намоишгоҳи шахсии Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро боздид кунанд.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.

Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ,  рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 31 АВГУСТ

Тибқи қонун дар бораи Рӯзҳои ид, якшанбеи охири моҳи август дар Тоҷикистон "Рӯзи ангиштканҳо" таҷлил мешавад. Ин сана имсол, ба имрӯз, 31-уми август рост омад.

Соли 1991 – Дар иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон қарор қабул шуд, ки номи ҶШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шавад.

Соли 2015 – Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори вақти Душанбе пешниҳод кард, ки масҷидҳои ғайриқонунӣ дар пойтахт барои ба ҷои кор таъмин кардани занони хонашин истифода шаванд.

Соли 2016 – Дар ноҳияи Данғара Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” ифтитоҳ шуд.

Соли 2018 – Президенти кишвар қарори Хадамоти алоқа оид ба муқаррар кардани нархи симкорт ба маблағи 250 сомониро бекор кард.

Соли 2022 – Ҳукумати Тоҷикистон оид ба таъсиси минтақаи сайёҳии “Роғун” қарор қабул кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1930 – Мавлуди Очилбой Усмонов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, , Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Очилбой Усмонов

Очилбой Усмонов хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияи худро дар донишгоҳи мазкур оғоз намудааст.

Солҳои 1962-1963 узви Коммисияи ҳуқуқии назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистони шуравӣ буда, солҳо дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Як муддат декани факултети ҳуқуқшиносӣ ва сипас мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултети мазкур будааст.

Солҳои 1996-2005 роҳбари гурӯҳи кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коркарди лоиҳаи Кодекси мадании Тоҷикистон ва аз соли 1997 то соли 2005 сармуҳаррири маҷаллаи илмии “Давлат ва ҳуқуқ”-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Очилбой Усмонов 7-уми июни соли 2006 дар синни 94 даргузашт.

Соли 1941 – Мавлуди Анвар Сулаймонов, аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон.

Соли 1969 – Зодрӯзи Абдуҷаббор Умаров, муҳандис, собиқ вакили парлумон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи блог таҷлил мешавад. Онро бо Рӯзи байналмилалии блогер, ки ҳар сол 14-уми июн ҷашн гирифта мешавад, омехта набояд кард. Идеяи ҷашн гирифтани Рӯзи блог соли 2005, вақте ки корбарони фаъоли “LiveJournal” дар калимаи “blog” рақамҳои “3108”-ро диданд, пайдо шуд ва санаи 31-уми августро ҳамчун рӯзи рамзӣ интихоб карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

31-уми августи соли 1997 дар нақби назди майдони Алмаи Париж принсесса Диана – ҳамсари аввалини шаҳзодаи Уэлс – Чарлз ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ба ҳалокат расид. Бо ӯ дӯсташ Додӣ ал-Файед ва ронанда Анри Пол низ ҷон бохтанд. Танҳо муҳофизи шахсиаш зинда монд, вале ҷароҳатҳои вазнин бардошт. Диана баъди ду соат дар бемористони Салпетриер вафот кард.

Сабаби расмии садама то имрӯз эълон нашудааст. Фарзияҳои асосӣ мастии ронанда ва назарияҳои қасдан ташкилёфта номбар мешаванд. Диана бо унвонҳои “Леди Ди”, “Шоҳдухтари мардум” ва “Маликаи дилҳо” маъруф буда, аз машҳуртарин занони ҷаҳон маҳсуб мешуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

31-уми августи соли 1986 киштии мусофирбари “Адмирал Нахимов” баъди тарки бандари Новороссийск бо киштии боркаши “Пётр Васёв”, ки аз Канада бо гандум меомад, бархӯрд. Дар натиҷа, корпуси киштӣ осеби ҷиддӣ дид ва об аз тирезаҳои кушода дохил шуда, киштӣ дар муддати даҳ дақиқа ғарқ гардид.

Дар ин фоҷиа 423 нафар, аз ҷумла 359 мусофир ва 64 узви экипаж ҳалок шуданд. Тибқи хулосаи мутахассисон, сабаби ҳодиса хатои капитанҳои ҳар ду киштӣ будааст. Соли 1987 додгоҳ онҳоро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

31-уми августи соли 1995 дар шаҳри Кливленди Амрико Осорхонаи Рок-н-ролл ифтитоҳ ёфт. Он ба хотири арҷгузорӣ ба шахсиятҳои машҳури ин жанр – Чак Берри, Ҷеймс Браун, Рэй Чарлз, Элвис Пресли ва дигарон бахшида шуд. Ҳар сол узви нави Толори шуҳрат интихоб мегардад ва дар маросими шомилшавӣ консерт баргузор мешавад.

Бинои осорхона аз рӯйи тарҳи меъмори маъруфи ҷаҳонӣ Бэй Юймин сохта шудааст, ки муаллифи Пирамидаи Лувр дар Париж низ мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 31 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...