Назорат болои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Латвия мераванд, сахттар шуд

Шурӯъ, аз 1-уми сентябри соли 2025 дар Латвия қоидаҳои нави воруд барои шаҳрвандоне, ки ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) шомил нестанд, мавриди амал қарор мегиранд. Акнун шахсоне, ки тариқи раводид (виза)-и Шенген ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ), ки аз ҷониби дигар кишвари ИА дода шудааст, вале раводиди Латвия ё ҳуҷҷати иҷозаи зистро надорад, бояд на дертар аз […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шурӯъ, аз 1-уми сентябри соли 2025 дар Латвия қоидаҳои нави воруд барои шаҳрвандоне, ки ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) шомил нестанд, мавриди амал қарор мегиранд.

Акнун шахсоне, ки тариқи раводид (виза)-и Шенген ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ), ки аз ҷониби дигар кишвари ИА дода шудааст, вале раводиди Латвия ё ҳуҷҷати иҷозаи зистро надорад, бояд на дертар аз 48 соат то сафар, пурсишнома (анкета)-и электрониро дар сомонаи "eta.gov.lv" пур кунад.

Тавре ки Вазорати корҳои дохилии Латвия хабар медиҳад, ин тадбир, "ба таҳкими амнияти миллӣ ва тақвияти назорат дар сарҳад" равона шудааст. Тағйироти дахлдор ба қонун дар бораи муҳоҷират аз ҷониби парлумон (Сейм)-и ин кишвар 3-юми апрели соли 2025 қабул шудааст.

Дар пурсишнома маълумоти зеринро зикр кардан лозим аст:

– ҳадафи сафар ва хатсайр;

– вақти пешбинишуда ва макони будубош;

– маълумот барои тамос;

– маълумот дар бораи ишғоли мансабҳои интихобӣ аз ҷониби худи шахс ё хешовандони ӯ;

– иштирок дар интихобот ба сифати номзад;

– мақоми шахси мансабдори амалкунанда ё собиқ;

– маълумот дар бораи хидмат дар артиш, хадамоти махсус, посбонии сарҳад, гумрук, пулис, мақомоти адлия ё хадамоти дипломатӣ.

Пурсишномаро шахсан пур кардан зарур аст. Пас аз ворид намудани маълумот ба почтаи электронии шахси сафаркунанда тасдиқи он меояд. Агар нақшаҳои сафар тағйир ёбанд, маълумоти нав такроран низ на дертар аз 48 соат то вуруд пешниҳод мешавад.

Барои пешниҳод накардани пурсишнома (анкета) ё пешниҳоди маълумоти нодуруст ва носаҳеҳ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Қоидаҳои нав, нисбати шахсони дорои дахлнопазирии дипломатӣ ва шахсоне, ки ба муҳлати кӯтоҳ тибқи вазифаҳои хидматӣ ё барои расонидани кумаки техникӣ сафар мекунанд, истифода намешавад.

 

Чаро ин барои шаҳрвандони Тоҷикистон муҳим аст?

Тоҷикистон ба категорияи “кишварҳои сеюм” барои Иттиҳоди Аврупо мансуб буда, аз ин рӯ, қоидаҳои нав мустақиман ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дахл доранд. Бисёре аз шаҳрвандони мо, Латвияро ба сифати хатсайри транзитӣ ҳангоми сафар ба Аврупо истифода бурда, ба он ҷо бо раводидҳои Шенген, ки аз ҷониби дигар кишварҳо дода шудааст, сафар мекунанд. Акнун бидуни пешниҳоди пурсишнома ба "eta.gov.lv" ворид шудан ба Латвия ғайриимкон мешавад.

 

Дар Латвия чанд тоҷик зиндагӣ мекунад?

Маълумоти расмӣ, дар бораи теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2025 дар Латвия иқомат доранд ё ба кору таҳсил машғул буданд, дар манбаъҳои боз мавҷуд нест.

То охири соли 2024 дар Латвия 85,9 ҳазор дорандагони Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-и муваққатӣ ва 45,7 ҳазор – Ҳуҷҷати иҷозаи зисти доимӣ зиндагӣ мекарданд. Аммо дар омори Бюрои марказии омори Латвия ҷудокунӣ аз рӯйи кишварҳо нест. Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон хеле кам буда, дар категорияи умумии “дигар кишварҳо” оварда мешавад.

Дар соли 2024 дар Латвия 710 ариза дар бораи пешниҳоди паноҳгоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.

Майра Розе, сардори Раёсати умури шаҳрвандӣ ва муҳоҷират зикр кардааст, ки аксари хориҷиён ҳатто пас аз мурофиаҳои додгоҳӣ, бо истифода аз расмиёт ҷиҳати ҳарчи бешар дар кишвар боқӣ мондан, такроран ариза медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, “теъдоди зиёди дархосткунандагони паноҳгоҳ бо оилаҳояшон маҳз аз Тоҷикистон мебошанд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.