Хабаргузории русии “РИА Новости” мегӯяд, имсол беш аз 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон вориди Русия шудаанд, ки 600 ҳазорашон ҳадафи сафарашонро кор дар ин кишвар гуфтаанд.
Ин расонаи давлатии Русия 8-уми сентябр навишт, аз аввали соли 2025 то кунун аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон – беш аз 1,8 млн ба Русия рафтаанд, ки ҳадафи сафари 1,3 млн кор будааст.
Дар ҷои дуюм Қазоқистон қарор дорад. Аз аввали сол то кунун беш аз 1,5 миллион шаҳрванди ин кишвар ба Русия рафтаанд: 1 миллион бо сафари шахсӣ, қариб 120 ҳазор барои кор, 48 ҳазор барои таҳсил.
Тоҷикистон сеюмин кишваре будааст, ки шаҳрвандонаш аз ҳама бештар ба Русия рафтаанд.
Пас аз Тоҷикистон шаҳрвандони Чин бештар ба Русия рафта будаанд: беш аз 760 ҳазор нафар. Аз ин теъдод 317 ҳазор нафарро сайёҳони чинӣ ташкил медоданд, 137 ҳазор бо сафари корӣ, 72 ҳазор барои кор ва 47 ҳазор ба таҳсил рафта будаанд.
Шаҳрвандони Қирғизистон аз рӯйи омори сафар ба Русия дар зинаи 5-уми қарор доштаанд. Имсол 500 ҳазор қирғиз ба Русия рафтаанд, ки 346 ҳазор нафарашон ҳадафи сафари худро кор дар ин кишвар гуфтаанд.
Дар даҳгонаи аввали кишварҳое, ки имсол шаҳрвандонашон ба Русия зиёд рафтаанд, Абхозистон, Арманистон, Озарбойҷон, Белорус ва Муғулистон низ шомиланд.
Зикр кардан ба маврид, ки мавзуъи теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия чанд соли охир мавриди баҳс қарор дорад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, наметавонанд теъдоди дақиқи муҳоҷиронеро, ки ба Русия рафтаанд, ироа кунанд.
Як сабаби ифшо накардани теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро Вазорати меҳнати кишвар ба вуҷуди “омори омехта”-и муҳоҷирон дар Тоҷикистон ва Русия рабт дода буд.
“Ҳамаи нафаронеро, ки марзи Русияро убур мекунанд, (мақомоти Русия) муҳоҷир ҳисоб мекунанд. Ҳоло он ки теъдоди зиёди шахсоне, ки аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, бо ҳадафҳои дигар, ба мисли, дидори хешовандон, тиҷорат, таҳсил, табобат ва ғайра ба ин кишвар сафар мекунанд”, – изҳор дошта буд Шариф Норзода, муовини вазири меҳнат охири моҳи июл дар нишасти хабарӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ин масъала аввал бояд бо ҷониби Русия баррасӣ шавад, то омор дуруст бошад.
Норзода ба зарурати роҳандозии низоми электронӣ барои сабти муҳоҷирон ишора кард, ки барои дақиқ кардани ҳадаф ва самтҳои сафари тоҷикон ба кишварҳои дигар метавонад кумак кунад. Вале ӯ нагуфт, ки барои сохтани ин гуна система иқдоме дар даст доранд, ё не.
Дар оғози сол мақомоти кишвар гуфта буданд, ки баъд аз махфӣ кардани пули интиқолдодаи муҳоҷирон, акнун теъдоди онҳо ҳам ба маълумоти зери муҳри махфӣ ворид карда мешавад.
Мавзуъи теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия замоне доғ шуд, моҳи октябри соли 2022 Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Остона гуфт, теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз ду миллион нафар аст. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин омор мухолифат карда, гуфт, ки аз ин теъдод танҳо 600 ҳазор барои кор рафтаанд, дигарон муҳоҷир нестанд.


