Имрӯз, 10-уми сентябр Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, ки бо ҳукми додгоҳ 7 моҳ пеш ба муддати 8 сол равонаи зиндон шуд, аввалин зодрӯзи худро дар маҳбас таҷлил мекунад. Ӯ имрӯз 32-сола шуд ва ба қавли вакили дифоаш, “умед дорад, ки рӯзе озод хоҳад шуд”.
Рухшона Ҳакимова моҳи феврали соли 2025 аз сӯйи Додгоҳи олӣ бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” гунаҳкор ва ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ иттиҳомро рад кард ва аз болои он ба зинаи болоии додгоҳ шикоят бурдааст. Аммо ҳоло Ҳакимова дар зиндони занона дар шаҳри Норак қарор дорад.
Туроб Дилаев, вакили дифои Рухшона Ҳакимова имрӯз дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки охирон маротиба аввали моҳи август бо Рухшона Ҳакимова вохӯрдааст. Ӯ иброз дошт, ки вазъи саломатӣ ва рӯҳияи рузноманигори тоҷик хуб аст ва “то ҳол умеди озодиро аз даст надодааст”.
“Вохӯриҳо тибқи қонун анҷом шуда истодааст. Чанд вақт пеш бо кӯдаконаш се рӯз бо ҳам буданд. То ин муддат бо шавҳару фарзандонаш ва падару модараш дидор дошт. Доимо дар алоқа ҳастанд, ба ман низ гоҳ-гоҳ телефон мекунад ва оид ба парвандааш пурсон мешавад. Умуман, аз муносибати кормандони муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак розӣ буд ва шикояте надошт”, – иброз дошт Туроб Дилаев.
Вакили дифои рӯзноманигор афзуд, ки “масъулини зиндон ба Рухшона Ҳакимова пешниҳод карданд, ки агар хоҳад дар як ҳуҷраи алоҳида метавонад бо кӯдаконаш зиндагӣ кунад, аммо ӯ инро рад кард”.
“Тасмим дорем, ба Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар он бахше вобаста ба ҳуқуқи инсон аст, муроҷиат кунем. Шояд ин созмони байналмилалӣ вокунише намояд”, – иброз дошт Туроб Дилаев.
Рухшона Ҳакимова кист?
Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик ва модари 2 кӯдаки хурдсол 10-уми сентябри соли 1993 таваллуд шуда, факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти касбии худро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз намуда, дар нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият кардааст. Ӯ дар ташкилотҳои ҷамъиятие чун Шӯрои ВАО ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ фаъолият дошт. Мақолаҳои таҳлилию тадқиқотии ӯ дар сомонаҳои “CABAR.asia” ва “factcheck.tj” низ нашр шудаанд.
Барои саҳми арзандааш дар рушди журналистикаи таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ, Рухшона Ҳакимова бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Эътилофи бонувони журналист ва “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Оиладор ва соҳиби ду кӯдак аст.
Чаро зиндонӣ шуд?
Рухшона Ҳакимова аз сӯйи додгоҳ бо иттиҳоми “ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 305, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор гардид.
Бар зидди ӯ моҳи июни соли 2024 парванда боз шуд ва то мурофиаи додгоҳӣ, ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира гардида, ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт.
Рӯзи 5-уми феврали имсол додгоҳ ба Рухшона Ҳакимова 8-сол ҳукми зиндон дод ва аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифт. Худи рӯзноманигор ин иттиҳомро ҳеҷ гоҳ эътироф накардааст.
Рухшона Ҳакимова аз рӯйи ҳукми додгоҳ ба зинаи кассатсионӣ шикоят бурд, аммо додгоҳи зинаи кассатсионӣ низ ҳукми ӯро бетағйир гузошт.
Дар пайи содир шудани ҳукм мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро, ки барои харидории хона ҳамроҳи шавҳараш ҷамъ карда буд, мусодира карданд.
Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи августи соли ҷорӣ гуфт, ки пулҳои дар бонк нигоҳдоштаи Рухшона Ҳакимова, ба фоидаи давлат мусодира гардидааст.
Ӯ иброз дошт, ки бинобар он ки рӯзноманигор ба содир намудани “ҷинояти дараҷаи махсусан вазнин” айбдор мешавад, тибқи қонунгузорӣ маблағи дар ҳисоби бонкӣ нигоҳдошташаванда пурра ба фоидаи давлат мусодира шудааст.
Вокунишҳо ба ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҳукми Рухшона Ҳакимова вокунишҳои созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва фаъолони шаҳрвандиро дар пай дошт.
Бисёре коршиносон бо ишора ба муқаррароти моддаи 78-и Кодекси ҷиноятӣ (мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд) талаб карданд, ки бо дарназардошти кӯдаки ширхӯр доштанаш, иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шавад.
Аммо раиси нави Додгоҳи олӣ гуфт, аз вокуниши корбарон дар робита ба ҳукми Ҳакимова хабар дорад, вале қонунгузорӣ ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукми “ҷиноятҳои махсусан вазнин”-ро пешбинӣ намекунад.
Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз (RSF), Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) ва Эътилофи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар (The Observatory for the Protection of Human Rights Defenders) низ ҳукми 8 соли зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, аз мақомоти Тоҷикистон озодии ӯро талаб карданд.
Ин созмонҳо паси дарҳои баста муҳокима гардидани парвандаи Ҳакимоваро ба баҳс кашида, онро далели шаффоф нагузаштани мурофиа арзёбӣ карданд.
Ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон низ ҳукми ӯро сангин хонда, таъкид карданд, ки бинобар паси дарҳои баста гузаштани мурофиаи додгоҳӣ ба “тасдиқи гуноҳи Рухшона Ҳакимова шубҳа доранд”.
Муроҷиат ба президент ҳам натиҷа надод
Волидайни Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик бо ирсоли як мактуб аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостанд, ки баҳри озодии ӯ иқдом кунад.
Зокир Ҳакимов ва Махсуда Шаропова, волидайни рӯзноманигор, ки ҳарду собиқадори соҳаи маориф ҳастанд, дар мактуби худ таъкид карданд, ки “Рухшона аз касби интихобкардааш ифтихор дошту бо як азми нек фаъолияти хешро идома медод” ва ҳамаи фаъолияташ дар доираи қонунгузории кишвар буд.
Волидайни Рухшона Ҳакимова аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки ба парвандаи ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, барои “хулосаи адолатмандона баровардан” мусоидат намояд.
Пештар аз ин ҳудуди 130 бону-модари Тоҷикистон бо ирсоли мактуб аз раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, хостанд, ки ҳукми Рухшона Ҳакимова бозбинӣ ва сабук карда шавад. Дар муроҷиатнома хоҳиш карда мешавад, ки раиси ҷумҳур ба ин қазия “бо дилсӯзӣ ва адолат” назар кунад.
Дар ниҳоят ҳеҷ як ин талошҳо самар надоданд ва Рухшона Ҳакимова ҳоло дар зиндон аст. Аммо ӯ худро бегуноҳ медонад ва иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад мекунад.


