Волидайни Рухшона Ҳакимова барои додхоҳӣ ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардаанд

Волидайни Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки моҳи феврали соли равон бо гумони “хиёнат ба давлат” 8 сол равонаи зиндон шуд, бо ирсоли як мактуб аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки баҳри озодии ӯ иқдом кунад. Нусхаи ин мактуб аз номи Зокир Ҳакимов ва Махсуда Шаропова, падару модари ин рӯзноманигор рӯзи 3-юми май, дар […]

Asia-Plus

Волидайни Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки моҳи феврали соли равон бо гумони “хиёнат ба давлат” 8 сол равонаи зиндон шуд, бо ирсоли як мактуб аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки баҳри озодии ӯ иқдом кунад.

Нусхаи ин мактуб аз номи Зокир Ҳакимов ва Махсуда Шаропова, падару модари ин рӯзноманигор рӯзи 3-юми май, дар Рӯзи озодии матбуотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Дар мактуб гуфта шудааст, ки Рухшона Ҳакимова дар муҳити солим ва дар оилаи омӯзгорони соҳибмаърифат “бо эҳтирому дӯст доштани арзишҳои миллӣ ва рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ” ба воя расидааст.

Зокир Ҳакимов Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, директори пешини макотиби №2 ва №5 шаҳри Конибодом, хидматчии давлатӣ, корманди собиқи шаҳрдории Конибодом ва маъюби гурӯҳи 2-юм аст. Махсуда Шаропова муаллимаи дараҷаи олии литсейи №1 буда, ҳоло нафақахӯри соҳаи маориф мебошад.

Онҳо аз Рухшона Ҳакимова тавсиф карда, гуфтаанд, ки мактаби миёна ва донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда, гирдандаи стипендияи президентӣ буд.

Таъкид гардидааст, ки “Рухшона аз касби интихобкардааш ифтихор дошту бо як азми нек фаъолияти хешро идома медод” ва ҳамаи фаъолияташ дар доираи қонунгузории кишвар буд.

“Мо, волидайн бо камоли боварӣ гуфта метавонем, ки фарзандамон Рухшона дар ҳеҷ ваҷҳ даст ба хиёнат намезанад, чунки ӯ дар оилаи Омӯзгорон (волидон ҳар ду муаллиманду ҳоло маъюб ва нафақахӯр. Зиёда аз 40 сол ба тарбияи насли наврас машғуланд) таваллуд ва тарбия ёфтааст”,- гуфта мешавад дар нома.

Волидайни Рухшона Ҳакимова аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки ба парвандаи ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, барои “хулосаи адолатмандона баровардан” мусоидат намояд.

“…бо камоли эҳтиром ба Шумо муроҷиат намуда, хоҳиш  ва илтиҷо дорем, ки нисбати қисмати фарзандамон Ҳакимова Рухшона ва фарзандони ширхори ӯ, ки ба меҳру навозиши Модар ниёз доранд, таваҷҷуҳ карда, ҳамчун Пешвои муаззами миллат баҳри озодии ӯ иқдом менамудед”, – омадааст дар мактуб.

Қаблан, як гурӯҳ занони журналист ҳам бо исроли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон хостори бозбинии ҳукми ӯ шуда буданд.

Рухшона Ҳакимоваи 31-сола, ки 2 кӯдаки хурдсол, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола дорад, дар доираи “парвандаи табадуллот” аз сӯйи Додгоҳи олӣ барои “ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 305, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор гардида, 8 сол зиндонӣ шуд.

Дар аввал ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, рӯзи 5-уми феврал Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Зинаи кассатсинонӣ ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт.

Баъдан дар аввали моҳи апрел мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро, ки барои харидории хона ҳамроҳи шавҳараш ҷамъ карда буд, мусодира карда буданд.

Рухшона Ҳакимоваро рӯзи 22-юми апрел аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба зиндони занонаи шаҳри Норак интиқол доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.