Духтаре, ки аз Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи таҳсил кӯмак хост, шавҳар мекунад

Манижаи Муродӣ, духтаре аз Истаравшан, ки соли гузашта бо навиштани мактуб аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хост, ба ӯ барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ кумак кунад, вагарна ӯро ба шавҳар медиҳанд, дар ниҳоят донишҷӯ шуд, аммо пас аз чанд моҳи таҳсил, “фотеҳа шудааст” ва акнун шавҳар мекунад. Модари Манижа ба “Азия-Плюс” гуфт, ки духтараш соли […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Манижаи Муродӣ, духтаре аз Истаравшан, ки соли гузашта бо навиштани мактуб аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хост, ба ӯ барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ кумак кунад, вагарна ӯро ба шавҳар медиҳанд, дар ниҳоят донишҷӯ шуд, аммо пас аз чанд моҳи таҳсил, “фотеҳа шудааст” ва акнун шавҳар мекунад.

Модари Манижа ба “Азия-Плюс” гуфт, ки духтараш соли гузашта мехост омӯзгори забони англисӣ шавад, бо ин мақсад ҳуҷҷатҳояшро ба Маркази миллии тестӣ супорид, аммо баъди имтиҳон холи заруриро натавонист соҳиб шавад.

“Дар даври дуюми интиҳонсупорӣ ба бахши омӯзгори синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шомил гардид. Шаш моҳ дар ин бахш таҳсил кард ва баъд ба таҳсили ғоибона интиқол ёфт. Ҳарчанд гуфтем, ки таҳсилашро рӯзона идома диҳад, аммо нахост”, – гуфт модари Манижа.

Ӯ таъкид кард, ки моҳи январ Манижа бояд барои таҳсил равад, аммо маълум нест, ки баъди он таҳсилашро бо кадом шева идома медиҳад.

“Илова ба ин, Манижа фотеҳа шуд ва моҳҳои наздик тӯйи арӯсӣ дорад”, – зикр кард ин модар.

Манижа соли гузашта мактаби №50 – и деҳаи Обҷувози шаҳри Истаравшанро хатм кард. Номи ӯ замоне расонаӣ гардид, ки ба Эмомалӣ Раҳмон мактуб навишта, хоста буд барои идомаи таҳсил ба ӯ кӯмак кунад, вагарна хонаводааш ӯро ба шавҳар медиҳанд.

Ин мактуби Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишро барангехт ва яке аз мушкилоти доғи ҷомеаи суннатии Тоҷикистон – бармаҳал ба шавҳар додани духтарҳо ва таваҷҷуҳи кам ба таҳсили онҳоро бори дигар ба баррасӣ кашид.

Дар ин миён худи Манижа донишҷӯ шуд, муддате таҳсил кард ва акнун барои арӯсӣ омода мешавад, аммо то ҳол ба мактуби худ посух нагирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.