Гуфтугӯи намояндаи вижаи САҲА бо чанде аз мансабдорони тоҷик

Тери Ҳакала, фиристодаи вежаи раёсати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки рӯзи 11-уми сентябр ба Тоҷикистон омад, бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷа, Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) гуфтугӯ кардааст. Дар вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Тери Ҳакала ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА, татбиқи лоиҳаҳо […]

Asia-Plus

Тери Ҳакала, фиристодаи вежаи раёсати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки рӯзи 11-уми сентябр ба Тоҷикистон омад, бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷа, Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) гуфтугӯ кардааст.

Дар вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Тери Ҳакала ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА, татбиқи лоиҳаҳо дар се ченаки фаъолияти созмон, бахусус дар самти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, тағйирёбии иқлим, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят барарсӣ шудаанд.

Дар мулоқоти Умед Бобозода бо Тери Ҳакала масъалаҳои пешбурди ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳкими ҳамкориҳои САҲА бо Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ гардидаанд.

Дар дидори намояндаи САҲА бо раиси КҲФ ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима шуда, дар мавриди ҳамкориҳои минбаъда изҳори назар сурат гирифтааст.

Сафари Тери Ҳакала дар Тоҷикистон то 13-уми сентябр идома ёфта, дар ҷараёни он ӯ бо мансабдорони давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикон мулоқот хоҳад кард.

Дар ин вохӯриҳо пешрафт дар иҷрои вазифаҳои муштараки САҲА, инчунин, ҳамкорӣ барои таҳкими амнияти сарҳадӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА аз соли 1994 оғоз ёфт. Намояндагии ин созмон дар кишвар 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид ва соли 2008 Маркази САҲА ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тағйири ном кард.

Ин созмон аз соли 2000 ба ин тараф интихоби президентӣ ва парлумонии Тоҷикистонро назоратӣ мекунад. Вале соли равон эълон кард, барои назорати интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон нозирони худро намефиристад ва онро назорат намекунад. Он замон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки “онҳо аз пеши худ таърихи сабтином муайян карданд”  ва аз ин рӯ, Тоҷикистон натавонист онҳоро дар ин рӯзҳо ба қайд гирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.