Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 сентябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

– Имрӯз охирин рӯзи намоиши 26 асари тасвирии рассомони ҷавони тоҷик дар аҳди истиқлол аст, ки бахшида ба 34 солагии истиқололӣ давлатӣ дар осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

– Дар Душанбе бори нахуст 16-18-уми сентябр Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мегардад. Дар форум ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидори сайёҳӣ баррасӣ мегардад.

– Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо аз он боздид кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1878 – Дар Помир пиряхе кашф гардид ва ба номи ҷуғрофидон ва тадқиқотчии Осиёи Миёна Алексей Павлович Федченко гузошта шуд. Аз соли 2023 номи пирях ба Ванҷях иваз карда шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1950 – Ноҳияи М.А.Хамадонӣ (он замон Маскавӣ) таъсис ёфтааст.

2006 – Ширкати “Babilon-Mobile” бори аввал дар Тоҷикистон хидмати нав — телевизиони мобилиро ба роҳ монд.

 

ШАХСИЯТҲО

1921 – Мавлуди Қосим Осимӣ, риёзидон, номзади илмҳои педагогӣ, профессор.

1927 – Зодрӯзи Абдузунун Ғаффоров, доктори илми кишоварзӣ.

1927 –  Мавлуди Яҳё Исоев, адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ.

1928 – Мавлуди Насрин Идибеков, файласуфи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа.

1947 – Зодрӯзи Бароти Абдураҳмон, нависанда, драматург ва сенариянависи тоҷик.

1949 – Зодрӯзи Гуландом Муҳаббатова, коргардони синамо ва филмноманависи тоҷик.

1953 –  Мавлуди Мақсудшо Иматшоев, ҳунарпешаи синамои тоҷик.

1958 – Зодрӯзи Абдулатиф Раҳимов — муҳандис, доктори илмҳои иқтисодӣ (2005).

1959 – Мавлуди Солиев Сафарбек, коргардон, филмсоз, шоир ва филмноманависи шинохтаи тоҷик.

1962 – Зодрӯзи Ғафур Ҷӯраев, рассом ва ҳайкалтароши тоҷик.

1963 – Зодрӯзи Убайдуллоҳи Каромат, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

2008 – Султон Сафар, драматург, профессор дар синни 73 даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии демократия аст, ки соли 2007 бо қарори Маҷмааи Умумии СММ тасдиқ шудааст. Ин сана ба муносибати 20-солагии нахустин конфронси байналмилалии демократияи нав ва барқароршуда бахшида шудааст, ки соли 2008 таҷлил гардид.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафи таъсиси ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи демократия дар ҷаҳон мебошад.

15-уми сентябри соли 1956 нахустин ҳавопаймои мусофирбари реактивии шӯравӣ – Ту-104 ба ихтиёри “Аэрофлот” вогузор шуд.

Ҳавопаймои Ту-104 нахустин парвози мунтазам бо мусофиронро дар хатсайри Москва–Иркутск анҷом дод. Баъдан, сентябри соли 1957 аз фурудгоҳи Внуково бо Ту-104 парвоз ба Ню-Йорк иҷро гардид, ки он вақт матбуоти Ғарб онро ҳамчун “тасдиқи авлавияти СССР дар рушди техникаи реактивӣ” арзёбӣ намуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз рӯзи тавлиди созмони экологӣ “Greenpeace” мебошад. Асосгузори он Бен Мэткаф ва Дэвид Фрейзер МакТаггарт мебошанд. Онҳоро “нахустин ҷанговарони сипоҳи сабз” меноманд. Пеш аз созмон Бен роҳбари ширкати таблиғотӣ ва МакТаггарт соҳибкор буд.

15-уми сентябри соли 1971 онҳо бо роҳбарии гурӯҳи хурди экологҳо ба ҳукумати ИМА, ки дар ҷазираи Амчитка (Аляска) озмоишҳои ҳастаӣ мегузаронд, “ҷанг” эълон карданд ва аз таъсиси “Greenpeace” хабар доданд.

Ин созмон аз як гурӯҳи ризокорон ба як ниҳоди бонуфузи экологӣ табдил ёфт ва аз ҳисоби хайрияҳои ҷонибдоронаш фаъолият мекунад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд  – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона аз 21+26º гарм то 15+20º гарм

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Ҳарорат:  дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 24+29º гарм

Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 10+15º гарм то 5+10º гарм, рӯзона 25+30º гарм

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º,  рӯзона 14+19º гарм

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд  – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  шабона 14+16º гарм, рӯзона 23+25º гарм

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 31+33º гарм

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...